Хабарҳо

ВАҲДАТ НИГИНИ МИЛЛАТИ МЕҲРОФАРИНИ МОСТ!

Зери ҳамин унвон дар майдони Исмоили Сомонии шаҳри Хоруғ бо ташаббуси Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев барномаи рангини консертӣ баргузор гардид.

Дар чорабинӣ ташкилкунандаи чорабинӣ ректори ДДХ, профессор Шермамад Ҷонмамадов, муовинони ректор, деканҳои факултетҳо, омӯзгорону донишҷӯён, намояндагони Мақомоти ҳокимияти давлатии шаҳру вилоят ва сокинони шаҳр ҳузур доштанд.

Зимни барнома ҳофизону сарояндагони ҷавон, ҳаваскорони Донишгоҳ беҳтарин созу суруд, ғазалҳои дилнишин ва тараннумгари Ваҳдатро пешкаши ҳозирин карда, хотиру таваҷҷуҳи ҷамъомадагонро болида гардонданд ва базму шодии барномаи фарҳангӣ то шом идома ёфт.

www.khogu.tj

 

Log in

create an account