Хабарҳо

Ҳамкории донишгоҳҳо дар чаҳорчубаи интиқоли дониш дар Осиёи Марказиву Чин

Лоиҳаи UNICAC (University Cooperation Framework for Knowledge Transfer in Central Asia and China - Ҳамкории донишгоҳҳо  дар чаҳорчубаи интиқоли дониш дар Осиёи Марказӣ ва Чин) ERASMUS + 

Соли 2018 байни Донишгоҳи давлатии Хоруғ ва Донишгоҳи Севилияи (Испания) меморандум дар доираи  барномаи Эрасмус + ба имзо расид.

Мақсади лоиҳа:

  • нишон додани  иқтидори ҳамкорӣ ва рушди тавсияҳои миллӣ ва минтақавӣ дар доираи  ҳамкории байналмилалӣ дар  таълим /омӯзиш / таҳқиқот дар се кишвари шарик;
  • таҳкими стратегия, имкониятхои  инсонӣ ва инфрасохторӣ барои идоракунии ҳамкориҳои байналмилалӣ дар 7 кишвари шарик  ва таҳкиму густариши чаҳорчӯби институтсионалӣ барои ҳамкории байналмилалӣ дар Ӯзбекистон, Тоҷикистон ва Чин (нақшаҳои стратегии ҳамкории байналмилалӣ, модулҳои омӯзишӣ, таҷҳизоти навсозӣ)
  • рушди шабакаи бисёрминтақавӣ ҳамчун платформаи дастгирии муколамаи мутақобила ва эътироф, истифодабарии коркарди муносибатҳои  байналхалқӣ дар донишгоҳҳои  Осиёи Марказӣ ва Чин (бо се конференсия дар ҳар як кишвари шарик).

Инчунини дигар таҳия ва татбиқи дастур ва стратегияҳои мутақобила пешбинӣ мекунад (байналмилалӣ ва миллӣ, махсусан дар кишварҳои  муштаракона) арзёбӣ ва стратегияи таъмини сифат (ҷамъоварии маълумот, назорат, арзёбии беруна) ва амалҳои устувор (ҷадвалҳои мизи мудаввар дар кишварҳои шарик, имзои созишномаҳо дар байни донишгоҳҳо ва тасдиқи расмии сохторҳои муташаккил дар кишварҳои шарик)

            Давомнокии барномаи  UNICAC се сол буда, дар доираи барномаи Erasmus + маблағгузорӣ карда мешавад (КА2 Building, Capacity Building). Консортсиум аз 11 муассиса иборат аст, ки се муассисаҳои ҳамшарики он аз кишварҳои Иттиҳоди Аврупо (Испания, Италия ва Финляндия мебошанд) ва ҳафт донишгоҳаш дар Ӯзбекистон, Тоҷикистон ва Чин мебошанд.

             Лоиҳаи  мазкур  соли  2018 дар доираи Эрасмус + дар байни донишгоҳҳои Аврупо, Осиёи Миёна ва Чин  ташкил шудааст. Ҳамоҳангсозӣ   лоиҳа Донишгоҳи  Севилияи Испания буда,  шарикони он донишгоҳи LAUREA -  Финландия, Донишгоҳи Турини Италия, Донишгоҳи технологии Тошканд Узбекистон, Донишгоҳи миллии Узбекистон ба номи Мирзо Улуғбеки Узбекистон, Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М. Назаршоев Тоҷикистон, Донишгоҳи иқтисод ва  тиҷорати Тоҷикистон (Хуҷанд), Донишгоҳи Ксинҷианги Урумчии Республикаи халқии Чин, Донишгоҳи политехникии шимолу ғарбии Ксиани Республикаи халқии Чин,  Донишгоҳи шимолу ғарбӣ  хоҷагии қишлоқ ва ҷангалдорӣ Республикаи халқии Чин  ва INCOMA (INTERNATIONAL CONSULTING AND MOBILITY AGENCY – Идораи машварат ва зудҳаракатии байналмилалии) донишгоҳи Севиля  Испания. 

 Дар доираи барномаи мазкур аз 25.03.19. то 27.03.19. дар шаҳри Севилияи Испания ҷаласаи аввали лоиҳаи UNICAC (University Cooperation Framework for Knowledge Transfer in Central Asia and China - Ҳамкории донишгоҳҳо  дар чорчубаи интиқоли дониш дар  Осиёи маркази ва Чин) бо ташабуси барномаи  Эрасмус +   ва бо   нақшаи лоиҳа  баргузор  гардид.

            Ҳамчун шарики лоиҳаи мазкурро аз Донишгоҳи давлатии Хоруғ дар ҷаласаи аввал мутахассиси шуъбаи ҳамоҳангсозӣ бо лоиҳаҳо ва грантҳо Ғафурова М.А. ва мудири кафедраи таҳлили функсионалӣ ва муодилаҳои дифференсионалӣ н.и.ф.-м. Холмамадова Ш.А. муаррифӣ намуданд. Ҷаласа се рӯз давом карда, дар он масъалаҳои гуногуни марбут ба барнома ҳаллу фасл шуданд.

             Мақсади асосии ҷаласа аз он иборат буд, ки ҳамаи шарикон бояд аз наздик шинос шаванд ва нақшаи минбаъдаи барномаро мураттаб сохта, аз рӯи он амал кунанду проблемаҳои мавҷударо ҳал намоянд.

Log in

create an account