Хабарҳо

ҶАЛАСАИ МАСЪУЛИНИ ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМ ДАР ДДХ

Вобаста ба тақсимот ва бо ҷои кор таъмин намудани мутахассисони ҷавон дар толори умумии Донишгоҳи давлатии Хоруғ (ДДХ) ба номи Моёншо Назаршоев бо иштироки муовини Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайфиддин Давлатзода, сардори Раёсати маориф ва илми ВМКБ Одинашо Мардов ва ректори Донишгоҳ Шермамад Ҷонмамадов ҷаласаи навбатӣ баргузор гардид.

Инчунин дар ҷаласа кормандону намояндагони сохторҳо ва зерсохторҳои вазорат аз шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, омӯзгорону донишҷӯён ва хатмкунандагони ДДХ ҳузур доштанд.

Қайд гардид, ки феълан роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии кишварро баъд аз гирифтани фармоиши роҳбари мақомоти давлатии дахлдор ва нақшаи тақсимоти хатмкунандагон вазифадоранд пеш аз тақсимоти асосӣ маълумот оид ба эҳтиёҷоти муассисаҳои давлатиро доир ба норасоии кадрҳо дар муассисаҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ дархост намоянду хатмкунандагонро бо тартиби мазкур ва шароиту хусусиятҳои ҷои кори пешниҳодшуда шинос кунанд. Яъне то оғози тақсимот варақаи шахсии ҳар як хатмкунанда бояд ба расмият дароварда шаваду ба он ҳуҷҷатҳои зарурӣ оид ба вазъи саломатӣ ва оилавии онҳо замима гарданд. Лозим аст, ки то баргузории тақсимоти асосӣ дар факултетҳо тақсимоти пешакӣ гузаронида шавад ва ҷои кори онҳо низ муайян гардад.

Умуман, дар тартиби макзкур шакли тақсимоти хатмкунандагон, бо кор таъмин кардани мутахассисони ҷавон тибқи роҳхат ва додани дипломи хатми муассисаи таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ ба мутахассисони ҷавон ва ҷавобгарии он пешбинӣ шудааст.

Бояд гуфт, ки тартиби тақсимот ва ба ҷои кор таъмин намудани мутахассисони ҷавон мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф” таҳия  гардидааст.

Дар интиҳои чорабинӣ миёни донишҷўёну масъулини маориф мулоқоти озоду самимӣ сурат гирифт.

www.khogu.tj

Тавре Ф. Расулзода-сардори раёсати кадрҳо ва корҳои махсуси Вазорати маориф ва илм иттилоъ дод, тибқи фармоиши вазири маориф ва илм имсол 346 нафар мутахассиси ҷавони донишгоҳ ба тақсимот роҳ ёфтанд, ки аз ин шумора 93 нафарашон донишҷӯёне мебошанд, ки тибқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳсил намудаанд. Ичунин, 26 нафар хатмкунанда барои идомаи таҳсил дар риштаҳои магистратура роҳхат гирифтаанд. Дар маҷмӯъ 320 нафар хатмкунанда ба муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва корхонаҳои давлатӣ барои кору фаъолият сафарбар карда шуданд. 
Масъалаи тақсимот ва ба ҷойи кор ҳозиршавии мутахассисони ҷавон ва таъмину бартараф намудани норасии кадрҳои омӯзгорӣ дар муассисаҳои таълимӣ зери назорати роҳбарияти Вазорати маориф ва илм қарор дошта, масъалаи мазкур пайваста дар ҷаласаҳои мушовараи вазорат, маҷлисҳои назоратии назди вазир бо иштироки сардорони раёсату мудирони шуъбаҳои маориф мавриди муҳокимаи ҷиддӣ қарор мегирад. Ҳамчунин, дар ҷаласаи навбатӣ дастур дода шуд, ки роҳбарони муассисаҳои таълимиро зарур аст, ки пеш аз ба тасвиб расидани фармоиши вазири маориф ва илм ва нақшаи тақсимоти асосии хатмкунандагон оид ба эҳтиёҷоти кадрӣ маълумоти дақиқ пешниҳод намоянд.
Ҳамзамон, зимни суханронии масъулин қайд гардид, ки бо ташаббуси бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дастгирии омӯзгорони ҷавон қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қабул шудаанд, ки мақсади асосии онҳо тақвияти ҳифзи иҷтимоии омӯзгорони ҷавон ва ҷалби онҳо ба фаъолияти омӯзгорӣ мебошад. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқаррар намудани имтиёзҳо ба омӯзгорони ҷавон» имкон медиҳад, ки барои бенавбат гирифтани қитъаи замин барои сохтмони хонаи истиқоматӣ, гирифтани қарзҳои имтиёзнок ва дигар имтиёзҳо дастрасӣ дошта бошанд.
Инчунин, бо мақсади ҷалби ҷавонон ба фаъолияти омӯзгорӣ, таъмини муассисаҳо бо кадрҳои баландихтисос, баланд бардоштани мақоми омӯзгор ва беҳтар намудани сатҳи зиндагии  омӯзгорони ҷавон қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи андоза ва тартиби пардохти иловапулӣ ба маоши омӯзгорони ҷавон, ки дар деҳот фаъолият менамоянд» амал мекунад, ки он имкон медиҳад, ки омӯзорони ҷавон барои се соли аввали фаъолияти омӯзгорӣ, ки дар муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии деҳот фаъолият менамоянд, дар ҳаҷми 1 воҳиди сарборӣ ба андозаи 10 фоиз иловапулӣ ба даст оранд.

Log in

create an account