Хабарҳо

МУЛОҚОТИ МУОВИНИ ВАЗИРИ ВКД БО ДОНИШҶӮЁН

Имрӯз, 29 май муовини Вазири Вазорати корҳои дохилӣ, генерал – майор Саидзода Мамадсаид Борон бо донишҷӯёну омӯзгорони Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев мулоқоти озоду самимӣ анҷом дод. Инчунин дар вохурӣ ректори Донишгоҳ, профессор Шермамад Ҷонмамадов, муовини сардори Раёсати ВКД дар ВМКБ Рустам Мирзомуродзода ва дигар кормандони ин ниҳод ҳузур доштанд.

М. Саидзода, муовини вазири ВКД ҳозиринро бо самт, кор ва фаъолияти кормандони милитсия шинос намуда, аз ҷумла қайд кард, ки вазорат дар баробари пешгирӣ ва мубориза бо ҳар гуна ҷиноятҳо, ҳамзамон ба таҳкими тарзи ҳаёти солим, беҳзистӣ ва рушди варзиш миёни ҷавонону наврасон мусоидат намуда, ҳамасола мусобиқаҳои гуногунро дар тамоми кишвар роҳандозӣ мекунад.

Ректори ДДХ Ш. Ҷонмамадов дар навбати худ аз номи тамоми муҳассилину омӯзгорон баҳри дастгирии ҳамешагии Донишгоҳ аз ҷониби ВКД ба роҳбарияти он миннатдории самимӣ баён карда зикр намуд, ки феълан маҳз фаъолияти натиҷабахши Ситоди байниидоравии таъминоти амният ва тартиботи ҷамъиятӣ дар ҳудуди вилоят аст, ки эҳтиром нисбати риояи қонуният ва тартибот тақвият ёфта, ҳамаи сокинони шаҳру ноҳияҳо аз кори ситод қаноатманданд.

Дар ҷараёни суҳбат масъулини ВКД ба пешниҳоду пурсишҳои муҳассилин посухҳои мушаххас доданд.

khogu.tj

Log in

create an account