Хабарҳо

ҶАВОНОН – ПАЙРАВИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

Зери ҳамин унвон имрӯз, 22 май дар шаҳри Хоруғ бо ҷалби зиёда аз 6 000 нафар ҷавонону наврасон аксия баргузор гардид.

Иштирокдорон аз варзишгоҳи марказии шаҳр то Майдони Исмоили Сомонӣ бо аксҳои Қаҳрамонони Тоҷикистон, Парчаму Нишон ва Конститутсияи ҷумҳурӣ, шиорҳои «Пешвои миллат рамзи иттиҳоду сарҷамъии мо ҷавонон!», «Пешвои миллат, мо ҷавонон бо Шумоем!», «Ваҳдату Истиқлолият дастовард ва пирузиҳои мо ҷавонон», «Аҳли Донишгоҳи Хоруғ бо Шумоянд, Пешвои Миллат!» ҳаракат намуданд.

Дар майдони И. Сомонӣ бошад раиси шаҳри Хоруғ Кишвар Шамирӣ ҳозиринро ба муносибати Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон табрик намуда гуфт, ки маҳз дар замони соҳибистиқлолии кишвар Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таҳким ва боло бардоштани сиёсати давлатии ҷавонон замина гузошт ва ҳоло фаъолияту ҳиссагузории ҷавонон дар пешбурди ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ назаррас мебошад.

Баъдан дар Боғи мазкур барномаи хотирмони консертӣ пекаши ҷамъомадагон гардид.

 

Log in

create an account