Хабарҳо

НАҚШИ ҶАВОНОН ДАР ТАРҒИБИ ҒОЯ ВА АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ

Бо ҳамин унвон имрӯз, 21 май дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев бо ташаббуси Донишгоҳ ва Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши ВМКБ   мизи мудаввар баргузор гардид.

Дар он ректори ДДХ, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Шермамад Ҷонмамадов, сардори Раёсат Сураҷ Чоршанбиев, мудири Шуъбаи  рушди иҷтимоӣ  ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси  вилоят Арамбегим Маҳтобшозода, мудири Шуъбаи кор бо ҷавонони ДДХ Дидоршоҳ Насриддинов, ёвари ректор Насим Саидраҳмонов ва донишҷӯёну омӯзгорон иштирок намуданд.

Ректори ДДХ Ш. Ҷонмамадов ҳозиринро ба муносибати Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон табрик намуда азҷумла қайд, ки ҷамомади имрўзаи мо дар марҳилае доир мегардад, ки тамоми мардуми соҳибистиқлоли кишвари азизамон дар партави сиёсати бунёдкоронаи Асосгузори Сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ҷашнгирии ду саҳнаи басо муҳиму такдирсоз, 22 - юмин солгарди Ваҳдати миллӣ ва 28 - умин солгарди Истиқлолияти  давлатии  Ҷумҳурии Тоҷикистон омодагии комил мебинанд. Ва муҳимтар аз ҳама он аст, ки дар Ваатани азизамон Ваҳдати миллӣ, сулҳу суботи сиёсиву иҷтимоӣ ва фазои   озоди  бунёдкориву созандагӣ пойдор аст.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барҳақ ҷавононро нерўи созанда, симо ва ояндаи миллат номида, тамоми  сиёсати  давлатро ба ташаккули зеҳнии ҷавонон ҳамчун созандагони Ватан равона намудааст.

Ҷараёни пуртазоди ҷаҳонишавӣ, фазои васеи иттилоотӣ, бархурди тамаддунҳо дар рақобати ҷаҳонӣ моро ҳушдор медиҳад то наслеро тарбия карда, ба воя расонем, ки аз нигоҳи одобу ахлоқ, ҷаҳонбинӣ худшиносу ватандӯст бошанд, донишу лаёқат, худшиносиву ҷаҳонбиниаш ба талаботи  ҷаҳони муосир ҷавобгў бошад. Аз ин рў, дар фазои иттилоотии чаҳонӣ мо танҳо бо ахлоқи ҳамидаи миллӣ, одобу арзиши азалии тоҷикона муқовимат карда метавонем.

Шермамад Ҷонмамадов, ректори ДДХ

Дар чорабинӣ ҳамзамон мавзӯъҳои “Ҷавонон - пайравони Пешвои миллат”, “Ҷавонон ва ҷомеаи  шаҳрвандӣ”,“Худшиносии сиёсии ҷавонон - рушди муҳими ҷомеа”, «Саҳми  чавонон дар тараққиёти саноати кўҳӣ”, “Ҷавонони насли истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон»,«Дар рўҳияи  ватандўстӣ ва  ватанпарастӣ тарбия намудани  насли ҷавон» ироа шуданд.

www.khogu.tj

Log in

create an account