Хабарҳо

ВАРЗИШ – МУРРИФГАРИ МИЛЛАТУ ДАВЛАТ

Баҳри таҳкими тарзи ҳаёти солим бо иқдоми Донишгоҳи давлати Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев дар майдони Исмоили Сомонии шаҳр машқи пагоҳирӯзӣ гузаронида шуд.

Ба тамрин ва обутоби бадан зиёда аз 80 нафар устодону донишҷӯёни донишгоҳ ҷалб гаштанд.

Қобили қайд аст, ки ҳамагуна машғулиятҳои варзишӣ барои саломати инсон муфид буда, ҳатто метавонанд одамро аз ҳар гуна бемориҳо эмин нигоҳ доранд ва ҷисмро солиму зебо ва рӯҳро болида созанд.

Фирдавс Имомзода, раиси созмони

ҷавонони факултети биология

Log in

create an account