Хабарҳо

Чорабинӣ ба ифтихори 80 – солагии Амирҳайдари Давлат

Бахшида ба 80 – солагии шоир, актёр ва ҳунарпешаи шоистаи Ҷумҳури Тоҷикистон Амирҳайдари Давлат дар Китобхонаи марказии шаҳри Хоруғ ба номи Ҳофизи Шерозӣ чорабинии фарҳангӣ доир гардид.

Дар он аҳли фарҳангу маорифи вилоят, донишҷӯён ва наздикону пайвандони шоир ширкат намуданд.

Қайд гардид, ки намунаҳои ашъори Амирҳайдари Давлат дар рӯзномаву маҷаллаҳои ноҳиявӣ, вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ таълиф ёфта, ӯ нахсутин ҳунарпешаи маъруф аз ВМКБ мебошад. Амирҳайдари Давлат соли 1939 дар деҳаи Ёгеди ноҳияи Дарвоз ба дунё омадааст.

Мавсуф хатмкардаи омӯзишгоҳи омӯзгории ноҳияи Ғарм буда, соли 1964 Донишкадаи давлати санъати театрию расомии ба номи Островскийи шаҳри Тошкандро ба итмом расонидааст ва баъдан дар театри мазҳакавӣ -  мусиқии ба номи Рӯдакии шаҳри Хоруғ то соли 1981 ба ҳайси актёр фаъолият дошт.

Сипас, солҳои 1981 - 1984 мудири фарҳанги ноҳияи Шуғнон, солҳои 1984 -1995 актёри театри мусиқию мазҳакавии шаҳри Хоруғ  ва ҳамзамон раиси Бунёди фарҳанги ВМКБ, солҳои 1995 – 1999  саркоргардони театри номбурда буд.

Амирҳайдари Давлат 14 сентябри соли 1999 дар шаҳри Душанбе аз олам даргузашт.

 Дар асл феълан чавонон пайрави Пешвои миллатанд ва ободию ободкории Ватан дар дасти онҳост. Маҳз дар ин чорабинӣ чавонону донишҷуён маърузаҳои пурмуҳтаво, ғазалиёт ва рубоиёти шоирро пешкаши иштирокчиён намуданд.

Инчунин Аълочии фарҳанги Ҷумҳури Тоҷикистон Шуҳрат Давлатов, шогирди устод, Аълочии фарҳанги кишвар Ҷобиршо Хубошноев ва яке аз дӯстони наздикаш Куйбек Ошурбеков дар бораи зиндагиномаи Амирҳайдари Давлат нақл карданд.

Дар охир ба иштирокчиёни чорабинӣ ифтихорномаи Бахши фарҳанги шаҳри Хоруғ супорида шуд.

Фирдавс Имомзода, муовини раиси

Шуъбаи кор бо ҷавонони ДДХ

Log in

create an account