Хабарҳо

МУЛОҚОТИ УСТОДОНИ ДИДНП БО ДОНИШҶӮЁН

Муовини ректор оид ба илм, инноватсия ва робитаҳои байналмилалии Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ДИДНП) Ҷамшед Ҷамшедов ва Амид Комилбеков, мудири кафедраи муносибатҳои байналмилалӣ ва равандҳои сиёсии факултети муносибатҳои байналмилалии Донишкада бо донишҷӯёну омӯзгорони Донишгоҳи давлатии Хоруғ мулоқот намуданд.

Ҳадаф аз вохӯрӣ ҷалби бештари муҳассилин ба таҳсилу омӯзиш ва фароҳам овардани ҳамагуна шароитҳо барои таълиму тадрис ба онҳо дар Донишкада арзёбӣ гашт.

Қайд шуд, ки Донишкадаи идоракунии давлатӣ муассисаи олии таълимию илмии давлатӣ буда, фаъолияти он ба тайёр кардани кадрҳои соҳаи идоракунии давлатӣ, азнавтайёркунӣ, такмили ихтисос ва таҷрибаомӯзии хизматчиёни давлатӣ равона гардидааст.

Низоми тайёркунии касбӣ, азнавтайёркунӣ ва такмили ихтисоси хизматчиёни давлатӣ ва дар маҷмӯъ тарбияи мутахассисони варзидаи соҳаи идоракунӣ муҳимтарин масъалаи сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, ҳалли он ба зиммаи муассисаи таълимии болозикр гузошта шудааст. Яъне самту ҳадафи асосии Донишкада бунёди низоми доимоамалкунандаи замонавии омода кардани кадрҳои баландихтисоси соҳаи идоракунии давлатӣ (бакалавр, магистр, маълумоти дуюми олӣ ва такмили ихтисоси хизматчиёни давлатӣ), баланд бардоштани сатҳи касбӣ ва салоҳиятнокии хизматчиёни давлатӣ дар кишвар аст.

Фазолат КАРАМШОЕВА,

Дидоршоҳ НАСРИДИНОВ,

Донишгоҳи давлатии Хоруғ

ба номи М. Назаршоев

Log in

create an account