Хабарҳо

КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМӢ – МЕТОДИИ КАФЕДРАИ БИОЛОГИЯИ УМУМӢ

Дар кафедраи биологияи умумӣ таҳти роҳбарии муаллимаи калон Хусравбекова З. конференсияи илмӣ - методии устодону донишҷўёни Донишгоҳи давлатии Хоруғ доир шуд, ки дар он 43 нафар маърӯзаҳои худро баррасӣ намуданд.

Мавзўъҳое, ки устодону донишҷўён баҳри ҷамъбасти чорабинии илмӣ омода карданд, мавзўъҳои муҳими соҳавӣ буда, асосан барои тараққиёти иқтисодию иҷтимоии кишвар равона шудаанд ва маърӯзачиён онҳоро бо омодагии баланд ироа карданд.

Қайд кардан зарур аст, ки маърўзахо тариқи воситаҳои айёнӣ пешкаш гардида, ин иқдом боиси ҷалби бештари иштирокдорон шуд.

Маърўзаҳои донишҷӯёни курси 4, ки баъзеашон мавзўъҳои рисолаҳои хатм буданд, аз тарафи профессорону докторони кафедра пурра таҳлил гардида, ба онхо тавсияҳои муфид дода шуд, ки минбаъд то ҳимояи рисолҳои хатм бояд ба инобат гирифта шаванд. Ин маърўзаҳо дар шакли презентатсияву филмҳои мустанад пешниҳод гардида, аз байни донишҷўён маърўзаи донишҷўи курси 4 - и  шуъбаи биоэкология Сўҳробова З. зери унвони «Ҷоғари эндемикӣ ва паҳншавии он», мавзӯи донишҷўи курси 4 - и шуъбаи кори тиббӣ - биологӣ Ҳазратқулов Б. «Ваксинаҳо»  ва  маърӯзаи Бекмуродова  Ш. донишҷӯи курси 4 - и шуъбаи кори тиббӣ - биологӣ оид ба «Пешгирӣ ва муолиҷаи ВНМО ва БПНМ» шавқовару диққатҷалбкунанда арзёбӣ шуда, барои ҳавасмандкунӣ  пешбарӣ гаштанд.

Маърўзаи беҳтарин аз байни мавзӯъҳои омӯзгорони кафедра, мавзӯи  н.и.б, дотсент Наврузбекова М. оид ба «Таркиби химиявиии сабзавот дар шароити гармхонахои геотермалӣ» интихоб шуда, барои таълиф ба маҷаллаи «Паёми Донишгох» пешбарӣ гардид.

Фирдавс Имомзода, раиси созмони

ҷавонони факултети биология

Log in

create an account