Хабарҳо

Марзбони Ватан Featured

Артиши милии кишвари азизамон, воқеан ҳам санаи 23-юми феврали соли 1993 ташкил шуда, дар таърихи худ бисёр вазниниҳоро аз сар гузаронидааст.

Маҳз, далерони Ватан буданд, ки дар рӯзҳои аввали истиқлолият марзу буми Ватани азизро аз душман бо ҷонӣ худ муҳофизат намуданд. Хизмати ин ҷавонони шердил буд, ки имрӯз миллати тоҷик дар шароити тинҷиву оромӣ ва осмони соф зиндагӣ ба сар мебарад. Таърих гувоҳи он аст, ки аскарони Ватан ҳамеша бо хоҳишу рағбати худ баҳри хизмати модар сари вақт ҳозир шуда, онро содиқона анҷом медоданд.

Хушбахтона, ин анъана то ин дам асли худро гум накардааст, балки хоҳиши ҷавононро барои ҳимояи сарҳади Тоҷикистон баланд намуда, шумораи ҷавононро зиёд намуда истодааст. Ҷавонони шаҳру ноҳияи кишвар, алалхусус ноҳияи Исфараи вилояти Суғд, аз анъанаи мазкур бетараф нашуда, аз кишварҳои дуру наздик баҳри хизмати Ватан баргашта, ба комиссариати ҳарбӣ ҳозир шуда истодаанд. Далели ин гуфтаҳо, тариқи телевизионҳои кишвар мебинем, ки алакай 20 нафар ҷавонмарди ноҳияи Исфара аз Россия баҳри мудофиаи Ватан баргаштаанд. Ҷавони ноҳияи Исфара дар баромадҳои худ қайд, карданд, ки барои ҳимояи миллату давлати хеш омода буда, ҷавононро ба ин иқдоми нек даъват менамоянд. Онҳо тайёранд, дар ин роҳи набард барои ҳифзи сарҳади кишвар, баъд аз воқеаҳои қаблӣ ҷони худро фидо намоянд, то душман дубора марзи кишвари азизамонро нагузарад. 

Сокинони Исфара дар баромадҳои худ, аз ҷавонони вилоят даъват аз муттаҳидӣ, якдилӣ ва хештаншиносӣ ба амал меоранд, то дар якҷоягӣ мароми давлатро дар арсаи байналмиллалӣ ҳифз намоянд. Ҳамзамон, дар ноҳияи Исфараи вилояти Суғд алаккай даъвати баҳорӣ пур шуда бошад ҳам, ҷавонони ноҳия ба он нигоҳ накарда, мехоҳанд, қарзи Ватанро ба ҷо биёранд.

Боиси қайд аст, ки дар баробари Исфара, Рашту Бадахшон ҳам даъвати баҳориро алаккай ба анҷом расонидаанд.

Чун миллати тоҷик бо далерони Ватан ҳамеша аз таърих мефахрид, имрӯз ҳам Ватан аз Шумо марзбонони Ватан меболад. 

                                                                           Комрони Далер

Log in

create an account