Хабарҳо

БАРРАСИИ МАСОИЛИ ТЕРРОРИЗМУ ИФРОТГАРОӢ

Вобаста ба пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои террористӣ – экстремистӣ ва баррасии масоили умдаи рӯзгори ҷавонон намояндагони ниҳодҳои кудратии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо донишҷӯёну устодони Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев мулоқот намуданд.

Зимни вохӯрӣ Солимзода Сӯҳроб, прокурори калони Раёсати назорати тафтишоти пешакии мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон - муовини адлияи дараҷаи якум, Рамазони Хуршед, ёрдамчии прокуратураи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон - ҳуқуқшиноси дараҷаи дуюм, Раҳмонов Ҳокимхоҷа, бозраси пешбари дипартаменти назорати Бонки миллии Тоҷикистон муҳассилинро ба гиромӣ доштани дастовардҳои Истиқлолияту Ваҳдат, дурӣ ҷустан аз одатҳои баду манфури ҷомеа, пеша намудани ҳаёти солим ва иттиҳоду сарҷамъӣ даъват карданд.

Қайд гардид, ки ҳар иқдоми Ҳукумати кишвар, хоса Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри беҳбудии зисту шароити мардум, таҳкиму рушди ҳамаи соҳаҳои мамлакат роҳандозӣ шуда, асосан ҷавонон бояд зиракии сиёсиро аз даст надода, воқаен ба қадри чунин имконоту ҳар як ваҷаб хоки Ватани муқаддас бирасанд.

Гаравидани ҷавонон ба гурӯҳҳои даҳшатафкан доғе баро ҷомеи имрӯза буда, зикр шуд, ки соли гузашта зиёда аз 100 давлати дунё мавриди амалҳои ғайриинсонии террористону ифротгароён қарор гирифтанд. Солҳои охир дар худи ҷангҳои кишвари Сурия 12 ҳазор кӯдак ҳалок гашта, муҳоҷирони дохилӣ ба 7 миллиону 600 ҳазор нафар расиданд. Дар маҷмӯъ, то ба ҳолати имрӯза дар ҷангҳои Сурия 470 000 нафар кушта шуданд.

Айни ҳол дар беш аз 40 нуқтаи олам муноқишаҳои мусаллаҳона идома дошта, тахминан 30 давлати дунё дар онҳо бевосита ё бавосита ширкат мекунанд. Яъне баъзе давлатҳо ба манфиати худ чунин хунрезиҳоро мабалғгузорӣ карда, қувваҳои ҳархела равон мекунанд, ё худ тавассути таблиғоти сиёсӣ миёни давлатҳо ҷанг меандозанд. Ғайр аз ин, бинобар норомии вазъият ва амалхои террористӣ ҳоло дар зиёда аз 100 давлати дунё тахминан 70 миллион нафар манзили зисту зодгоҳашонро тарк карданд.

Имомзода Фирдавси Абдумалик, муовини мудири

Шуъбаи кор бо ҷавонони ҷавонони ДДХ ва раиси

созмони ҷавонони факултети биология

 

Log in

create an account