Хабарҳо

АКСИЯИ “СОҲИЛИ ТОЗА” - и МУҲАССИЛИНИ ДОМ ВА ДДХ

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Хоруғ (ДДХ) ба номи Моёншо Назаршоев ва муҳассилини Донишгоҳи Осиёи Марказӣ (ДОМ) ин дафъа аксияи “Соҳили тоза” – ро дар ҳайати се гурӯҳ бо фарогирии зиёда аз 60 нафар гузарониданд.

Ба гуфтаи Фирдавс Имомзода, раиси созмони ҷавонони факултети биологияи ДДХ, ҷавонон ҳар ду тарафи соҳили дарёи Ғундро аз пеши пули пиёдагарди Бозори марказӣ то бозори 20 – солагии Истиқлолияти Хоруғ аз хасу хошок ва ахлотпораҳо тоза карданд.

Инчунин, донишҷӯён гирду атрофи Боғчаи бачагона то мағозаи Атланти маҳаллаи Табобатхонаи вилоятиро аз хокрӯбаю ахлот тоза намуданд.

www.khogu.tj

 

 

Log in

create an account