Хабарҳо

АКСИЯИ “СОҲИЛИ ТОЗА” ДАР ХОРУҒ

Бо ташаббуси Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев дар ҳамкорӣ бо Шуъбаи муҳити зисти шаҳр аксияи “Соҳили тоза” баргузор гардид.

Дар он зиёда аз 100 нафар муҳассилини донишгоҳ канори чапи соҳили дарёи Ғундро аз пули пиёдагарди маҳаллаи Носири Хусрав то купруки мошингузари роҳи асосии шаҳр аз ҳаргуна хасу хошок ва ахлоту хокрӯбаҳо тоза намуданд.

Бояд қайд кард, ки чорабинӣ ба ифтихори Даҳсолаи байналмилаии амал “Об барои рушди устувор” барои солҳои 2018 - 2028 гузашта, дар назар аст, ки дар ояндаи наздик чунин аксияҳо бо ширкати донишҷӯёну ҷавонон бештар роҳандозӣ мегарданд.

Фирдавс ИМОМЗОДА, раиси созмони

 ҷавонони факултети биология

 

Log in

create an account