Мақолаҳо

ЗИЁДАРАВИҲОИ ИСЛОМИЗМИ ҶАНГОВАР

Сиёсишавии дин, ки яке аз хатарҳои асосии ҷаҳони муосир мебошад ва он аз сенарияи «бархўрди тамаддунҳо» сарчашма мегирад. Вақте ки кўдакон ё худ дигар табақаҳои ҷомеа дарк  менамоянд, ки роҳи ҳалли мушкилот зўроварӣ аст, онҳо фундаменталист мешаванд. Фундаментализм бошад, ҷустуҷўи ҳақиқатҳои мутлақ аст. Аз ин рў, ҷўянда дар аксарияти маврид ҷаҳонбинии динӣ касб мекунад, чунки танҳо адён дорои ҳақиқат ва ё худ аҳкоми мутлақ ҳастанд. Ин таҳлилҳои асосии олими варзидаи тоҷик Саймумин Ятимов дар ҷаҳони муосир нақши арзанда гузошта метавонанд.

Муфаcсал...

Мубориза бо терроризм бояд дастаҷамъона бошад

Терроризм ва экстремизм зуҳуроти номатлубе мебошанд, ки дар нимаи дуюми асри XX ва ибтидои асри XXI ба проблемаи глобалии ҷаҳонӣ табдил ёфтаанд.

Террористон бо таркандану оташ задани манзилҳои истиқомативу иншоотҳои ҳаётан муҳим, одамрабоӣ, гаравгонгирӣ, таҳдиди куштан ва нобуд кардани ходимони давлатӣ ва сиёсӣ, ташвиқоти ғояҳои ифротӣ, созмон додани ташкилотҳои террористӣ ва содир намудани дигар ҷиноятҳои хавфнок дар дили мардуми осоишта тарс меафкананд. Онҳо, аз тариқи сомонаҳои интернетӣ, шабакаҳои иҷтимоӣ, варақаву дастурҳои иғвоангез ва ваъдаҳои дуруғин мехоҳанд сафи худро зиёд намоянд.

Муфаcсал...

Влияние ТО

В Республике Таджикистан основную роль сыграли февральские события 1990 года. С 11 по 17 февраля в городе Душанбе проходили митинги, манифестации, погромы и другие виды политического противостояния. Протестующие требовали отставки руководителей трех главных органов власти – Коммунистической партии, Верховного Совета и Правительства Таджикистана.

1991 год был периодом активизации политических событий, периодом начала площадных политических митингов, политических голодовок, периодом легализации политических партий. Официально была зарегистрирована Демократическая партия Таджикистана (21 июня 1991г.) и Партия исламского Возрождения Таджикистана. (октябрь 1991г.).

Муфаcсал...

АМНИЯТИ ИТИЛООТӢ ВА ОМИЛИ ДИНӢ

Моликият ва итилоот имрӯзҳо асоси зиндагии моро ташкил медиҳанд ва онҳо доимо мавриди таваҷҷӯҳ ва сабабгори ин ё он воқеаҳои муҳими ҷамъиятӣ, сиёсӣ ва ё шахсӣ мебошанд.

Дар ин радиф пайдоиши Интернет ба гардиши моликият ва итилоот таъсири мусбат расонд. Он ифодагари натиҷаи фаъолияти зеҳнии инсон тавассути шабакаи умуми ҷаҳонӣ ва таҷҳизоти компютерӣ мебошад. Аз ҳамин лиҳоз интернет ҳамчун як дастоварди бузурги илмӣ - техникӣ дар замони муосир мавриди омӯзиш ва таҳлили мутахассисони соҳаҳои гуногун қарор мегирад.

Муфаcсал...

МАФҲУМИ АСЛИИ «ҶИҲОД» - У «ШАҲИД» ДАР ДИНИ ИСЛОМ ВА ИНТЕРПРЕТАТСИЯИ ОН АЗ ҶОНИБИ ИСЛОМГАРОЁНИ АЛОҲИДА

Дар марҳалаи ҳозира дар баъзе аз кишварҳои Исломӣ кӯшиши «ҷиҳод» - созӣ дар  Ислом ба мушоҳида мерасад. Алоҳида қувваҳо бо мақсади софи  сиёсӣ  дар олами Ислом ҳаракат бар он доранд, ки дар зери мафҳуми «ҷиҳод» на танҳо садҳо нафар калонсолон, балки даҳҳо нафар наврасону кӯдаконро бо номи «шаҳид» бо иҷрои амали ба ном «худкуш - террорист» ба он дунё  фиристонида истодаанд. Ба ин наврасони аз Ислом бехабар ва ё дониши беҳад кам дошта аз ҷониби воизон махсус талқин карда мешавад, ки касе ки дар ин дунё бо кофирон ҷангад, пас дар он дунё рост ба биҳишт меравад. Ин кӯдакони роҳгуми ба ном «шаҳид» дар ҷойҳои серодам бо ба кор даровардани моддаи таркандаи ба баданашон баста ҳам худ ва ҳам боз чандин одамони бегуноҳи дигар аз ҷумла занону кӯдакони раҳгузарро кушта истодаанд.

Муфаcсал...

ТЭТ ҲНИТ - ТАШКИЛОТИ ЯК ГУРӮҲ ХОИНОНИ МИЛЛАТ

Мубориза бо экстремизму терроризм дар Тоҷикистон ҳарфи нав нест. Аз соли 2005 ба ин сӯ, дар ҷомеаи Тоҷикистон ин ҳарф буду ҳаст, ки такрори он ҳама зарурат надорад. Манзур аз 10 соли охир ҳамоно муборизаҳо дар дохили худи Тоҷикистон аст, зеро хатари хориҷии терроризм ва экстремизм – «ду шарр»-и мавзуи нишасти мавриди назари мо ҳанӯз ба тамоми маъно боқӣ мондааст. Имрӯз агар мо сухан оид ба ташкилотҳои террористӣ ронем, дар ҷойи аввал ташкилоти экстремистӣ-террористии Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон ба ёд мерасад. Зеро, ин ташкилоти мухолифро Ҳукумати кишвар пас аз даврони ҷанги дохилии соли 1997 дубора имконияти мавҷудият дод. Аммо, мутаассифона намояндагони ин ҳизби мухолифин аз ин ғамхориҳои Ҳукумати мамлакат хулосабарорӣ накарда, баръакс фаъолияти пинҳонии худро бар зидди сохти конститутсионии кишвар пеш мебурданд. ТЭТ ҲНИТ фирефтаи ваъдаҳои пучу бемаънӣ ва маблағи муфти давлатҳои хориҷӣ гардида, мавқеи худро дар сатҳи сиёсии кишвар пурра аз даст дод. Боиси қайд аст, ки ТЭТ ҲНИТ пурра аз ҷониби давлатҳои хориҷӣ маблағгузорӣ гардида истода, роҳбари ин ташкилоти террористӣ Муҳиддин Кабирӣ дар давлатҳои Аврупо маскан гирифтаву иҷрокунандаи супоришҳои хоҷагони хориҷиаш мебошад. Агар Муҳиддин Кабирӣ фарзанди фарзонаи миллат мебуд, ӯ имрӯз на дар хориҷи кишвар истодаву ҳифз аз нақшаҳои ғаразноки давлатҳои хориҷӣ мекард, балки дар Ватан маскан гирифта, баҳри пешрафти он саҳмгузор мегардид.

Муфаcсал...

ПАЁМАДҲОИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ВА ҲИССИ МАСЪУЛИЯТШИНОСИИ ШАҲРВАНДОН

Ҳуввият ин таҷассумгари ҷавҳари худшиносии ботин, эътиқоди миллӣ ва фарҳангии инсон мебошад.

Пешрафт, муваффақиятҳои ҳар як миллату давлат аз муттаҳидӣ ва ягонагии он вобастагӣ дорад. Ин як ҳақиқатест раднашаванда, ки дар марҳилаҳои гуногуни зиндагӣ бинобар сабабҳо, омилҳои аёниву зеҳнии Ваҳдати миллӣ, парокандагии халқу миллат ва давлатҳоро пешгирӣ мекунад.

20-соли Ваҳдати миллӣ қадру қиммат ва арзишҳои сулҳу суботро дар назди мардуми тоҷик хеле баланд бардошт. Мардум эҳсос намуд, ки бе оромию осоиштагӣ ва суботи комил зиндагии шоистаро ба роҳ мондан ғайри имкон аст.

Муфаcсал...
Subscribe to this RSS feed

Log in

create an account