Мақолаҳо

ФИТНАИ ДУШМАН Ё КӮШИШИ САФЕД КАРДАНИ БОСМАЧИҲО БЕСАМАР ХОҲАД БУД

Ҳар нафаре, ки дар илму адаб худро обутоб медиҳад, ҳаргиз гумроҳ намешавад, зеро ҳар кӣ ба Ватан, ҳувияти миллӣ, фарҳангу суннат арҷ мегузорад, ба халқи хеш содиқ хоҳад монд. Ин аст, ки илму дониш инсонро растагор, бедор, ҳушёр ва фозилу оқил месозад. Бартар аз ҳама, инсон аз файзу баракати илму дониш худогоҳ мешавад.
Бегонагӣ бо оин, ахлоқ, одоб ва суннатҳои миллӣ бузургтарин осеби фарҳангии ҳар миллат аст. Агар ин бегонагӣ дар сарзамини хотир, андеша ва фарҳанги мардуме реша бигирад, самараи хубе нахоҳад дошт. Бегонагӣ  бо миллат ва арзишҳои миллӣ дар сурати таҳоҷуми фарҳанги бегона сурат мегирад. Ҳамин таҳоҷуми бегона аст, ки хонаи вуҷуди ормонҳо, арзишҳо ва боварҳоро ҳамчун сели бунёдкан вайрон мекунад.
Аммо шукр, ки бо ақлу иродаи миллати сарбаланди тоҷик мо аз ин бегонапарастон наҷот ёфтем. Ваҳдат ва ҳамдилии миллати тоҷик буд, ки мо дар муқобили таҳоҷуми фарҳанги бегонагон ҳамчун девори Чин устувор мондем, зеро ҷони ҳар миллат аз фарҳанг  сабз мешавад. Аммо, имрӯз чуноне мебинем, фазои иттилоотии кишвар - васоити ахбори омма, расонаҳои хабарӣ, рӯзномаҳо, сомонаҳои интернетӣ хулас ҳама ҷо пур аз вожаи “босмачӣ” шудааст.
Ҳар нафаре дар ин маврид  мехоҳад андешаи худро то андозаи даркаш маънидод намояд. Душманон имрӯз аз ин вожа истифода бурда, байни мардуми тоҷик фитна меандозанд. Бубинед, онҳое, ки мехоҳанд “босмачиён” сафед карда шаванд ё ба онҳо унвони қаҳрамонӣ дода шавад, киҳо ҳастанд? Албатта, набераҳои онҳо, яъне босмачиёни навин, ки аз насли онҳо боқӣ мондаанд, як тӯдаи овораву хиёнаткору гумроҳ, ки дур аз Ватан дар ғурбат умр ба сар мебаранд. Тарафдорони онҳо мегӯянд, “босмачиён” барои нангу номуси миллат, барои ҳифзи хоки Ватан, барои ҳифзи дин меҷангиданд. Аммо, мантиқ куҷост, вақте мебинем, ки саркардаҳои “босмачиҳо” аз кадом табаа буданд? Анварпошо турк буд, Амир  Олимхон манғит, Иброҳимбек лақай! Кадоми инҳо тоҷик буду барои нангу номус ва шарафи Ватан ҷангидааст, баръакс кори онҳо саросар тоҷиккушӣ буду мехостанд миллати тоҷикро аз байн баранд.
Дар саросари кишвар зулму истибдод ҳукмфармо буд, қатлу куштор, ғорат кардани амволи мардум, тарсу ваҳшат, дигар кирдорҳои пасти инсонӣ  ва ғайриисломӣ дар онҳо дида мешуд. Агар мақсади онҳо ислом мебуд на вобаста аз миллат, пас чаро то охир натавонистанд якҷо бошанд, маълум мешавад, ки ҳар яке ғаразҳои шахсӣ ва қавмӣ дар худ доштанд. Кӯри Саидюнус яке аз аъзои фаъоли ташкилоти террористӣ дар мақолааш чунин овардааст:
«Оё азизон медонанд, ки даҳҳо китоб ба дасти муҳоҷирони тоҷику ӯзбек, ки дар нимаи аввали қарни ХХ, яъне пас аз шикасти “босмачиҳо” ба кишварҳои дигар муҳоҷират карда буданд – навишта шуда ва ин китобҳо имрӯз ҳаст?! Бахусус, китоби “Таърихи Туркистон” (ба забони туркӣ-ӯзбекӣ ва хати арабӣ) яке аз беҳтарин манбаъҳо дар ин замина ба шумор меравад, ки ҳақоиқи бисёре дар бораи падидаи “босмачигарӣ” ва ин ки онҳо чӣ касоне буданд ва ин ки болшевикҳо чӣ зулму ситамҳо ва қатли оммҳое дар сарзамини мо ба роҳ андохтаанд, бо санаду мадрак, баён гардидааст. Албатта, китобҳои дигаре ҳам ба арабӣ ва туркӣ ҳаст дар ҳамин мавзӯъ, аммо “Таърихи Туркистон” ҷомеътарини онҳост».
Дар ин робита, суоле пайдо мешавад, чаро «Таърихи Туркистон»? Мо тоҷикон дар мисоли асари безаволи Бобоҷон Ғафуров – «Тоҷикон» таърихи худро дорем ва  метавонем гузаштаи худро,  таърихи худро аз он биомӯзем.
Мутаассифона, таблиғи фарҳанги бегона ва бегонапарастӣ дар ниҳоди ин тоифа ҳанӯз боқист ва аз бегонагон дифоъ мекунанд. Дар чунин вазъияти зудтағйирёбандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳар яки моро зарур аст, ки аз асли худ бохабар бошему ба фиребу дасисаҳои  иғвоангезонаи чунин гурӯҳҳои террористӣ дода нашавем ва ҳамагӣ неруи худро танҳо ва танҳо баҳри таҳкимбахшии пояҳои Истиқлолияти давлатӣ равона намоем.
Ҳамин тавр, душманони миллати тоҷик мехоҳанд бо ин фитнаҳояшон мардумро бесаранҷом намоянд. Онҳо даъво доранд, ки бобои ман, ё аҷдодони ман «босмачӣ» буданд. Аммо, чаро то имрӯз хомӯш буданд, дар солҳои шӯравӣ чаро аз гузаштагони худ ёдовар намешуданд ва ё дар тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ хомӯш нишаставу акнун аз аҷдодони худ ёд мекунанд. Бале, чуноне гуфтем ин фитнае беш нест ва мақсади душманон боз ҳам зарба задан ба зеҳни мардум аст, ки кӯшишҳояшон дар баробари ҳақиқати таърих бесамар хоҳанд буд.

Маҳваши ЯЪҚУБЗОД

Манбаъ: jumhuriyat.tj

Log in

create an account