Мақолаҳо

АФЗОИШИ НИШОНДИҲАНДАҲОИ ДЕМОГРАФӢ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Рушди тараққиёти ҷомеа доимо тағйиротҳоро дар ҳамаи соҳаҳои иқтисодиёти миллӣ ба вуҷуд меорад ва дар натиҷаи аз эътибор дурр мондани тағйиротҳои демографӣ ва талаботҳои соҳавӣ мушкилиҳои нав ба вуҷуд меоянд. Таъмини рушди тараққиёти ҷомеа пеш аз ҳама аз дуруст ҷобаҷогузории мутахассисон ва истифодаи самараноки сармояи инсонӣ, захираҳои табии, сармояҳои хориҷӣ ба шумор меравад.

Равиши тараққиёти ҷомеаро дар якҷоягӣ бо рушди равандҳои демографӣ баҳо додан лозим аст ва дар ин шароит муқарраркунии ҷабҳаҳои мусбӣ ва манфии ҳодисаҳои демографӣ осон гардида, мушкилии имрузаи демографияи муосир низ аз байн бардошта мешавад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ба гуруҳи давлатҳое дохил мешавад, ки аз нуқтаи назари захираҳои меҳнатӣ бой (60 фоиз аз шумораи умумии аҳолӣ) ва ҷавон аст. Сабаби афзоиши рушд ёфтани нишондиҳандаи номбаргардида афзоиши табии аҳолӣ мебошад, ки дар ҷумҳурӣ суръати зиёдшавиро касб кардааст.

Албатта равандҳои демографӣ ҳодисаҳои мураккаб буда, ҳисоби дурусти онҳо ва ба пуррагӣ идора намудани онҳо аз имкон беру наст, чунки новобаста аз шароит ва муҳит тағйирёбанда мебошанд. Дар ҳолати истифодабарии усулҳои иқтисодӣ - иҷтимоӣ ва тарбиявию – психологӣ, ки дар шуури  аҳолӣ моҳияти вазъияти демографиро ҷой намудаанд, майли аҳолиро дар бунёди оилаи солим, таваллуд, риояи фосилаи байни таваллуд, теъдоди фарзандон дар оила ва дигар мафҳумҳои демографӣ меафзояд.

Ба вазъи демографии солҳои 1991-2000 назар афканему муқоисаи маълумотҳоро нисбати соли 2015 дида бароем фарқият хеле назаррас  аст, чунки қабули консепсияи сиёсати давлатию демографии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва назорати бевоситаи Ҳукумат ва муассисаҳои илмӣ - татқиқотӣ тавонист шуури демографии аҳолиро тағйир дода, таъсири бевоситаи худро расонад.

Ҳамзамон дуруст ба роҳ мондани равандҳои демографӣ дар оила вазифаи аввалиндараҷаи ҳар як шахс ба шумор рафта, масъулияти басо муҳимро талаб мекунанд. Дар ҳолати ба назар нагирифтани ин масъулият метавонад таъсири манфии худро ба системаи муносибатҳои ҷамъиятӣ расонад. Табиӣ аст, ки раванди минбаъдаи афзоиши аҳолӣ ҳамеша боиси пайдоиши мушкилиҳои зиёди муносибатҳои ҳаётӣ мегардад.

Шумораи аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои 1913-2010

(аз руи баруйхатгирии аҳолӣ) ҳазор нафар дар ҷадвал

баррасӣ менамоем.

солҳо

шумораи аҳолӣ ҳазор нафар

афзоиши мутлақи аҳолӣ (ҳазор нафар)

афзоиши миёнасолонаи аҳолӣ

Суръати афзоиши аҳолӣ (%)

1913

1034.0

-

-

-

1926

1032.0

-2

-0.16

99.8

1939

1485.0

453

37.75

143.82

1959

1981.0

496

26.1

133.4

1970

2900.0

919

91.9

146.39

1979

3801.0

901.0

112.63

131.1

1989

5109.0

1307.0

145.3

134.4

2000

6127.0

1018

101.8

120.0

2010

7565.0

1438

159.7

123.46

 

Аз таҳлилҳо бар меояд, ки дар солҳои 1926-2010 афзоиши мутлақи аҳолӣ 1438 ҳазор нафар ва афзоиши миёнаи солона ва суръати афзоиш 24 фоиз зиёд шудааст. Ин онро нишон медиҳад, ки аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон сол то сол меафзояд ва мувофиқи дурнамо шумораи он то соли 2020 ба 10 миллион нафар хоҳад расид.

Инчунин тибқи татқиқоти гузаронидашуда нишондиҳандаҳои фавти модарон дар соли 2010 нисбат ба соли 2005 ба 12 фоиз паст гардида, фавти к\дакони навзод дар ин давра ду баробар кам шудааст.

Ҳамзамон дар соли 2000 беш аз 167 ҳазор нафар к\дак таваллуд шуда бошад, пас ин нишондиҳандаҳо тибқи маълумотҳои оморӣ дар соли 2012 ба 220 ҳазор нафар баробар гардидааст, ки 25 фоиз зиёд мебошад. Дар натиҷа шумораи аҳолии мамлакат аз 6.1 миллион нафари соли 2000 то ба имруз беш аз 30 фоиз афзоиш расидааст.

Бинобар ин, масъалаи муҳайё намудани ҷойҳои нави корӣ яке аз масъалаҳои муҳимтарини рушди минбаъдаи иқтисодиёти кишвар мебошад. Дар ҳолати истифодаи нодурусти захираҳои табиат, ки мехоҳанд талаботи худро қонеъ гардонанд, мушкилоти норасоии ин захираҳо ба вуҷуд меояд. Аз ин ҷо маълум мегардад, ки нуфузи аҳолӣ натанҳо ба муҳити зист, балки ба тамоми соҳаҳои ҷамъиятӣ таъсири худро мерасонад.

Шумораи аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар охири солҳои 1991 -2012 мувофиқи маълумотҳои оморӣ назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сол то сол афзоиш ёфта истодааст. Агар шумораи аҳолӣ аз 5505.6 ҳазор соли 1991 ба 7807.2 ҳазор соли 2012 расида бошад, яъне дар давоми 21 сол ба 2301.6 ҳазор нафар афзоиш ёфтааст. Дар ин давра афзоиши шумораи миёнаи солонаи аҳолӣ 112.0 ҳазор нафарро ташкил дод. Суръати афзоиши аҳолиро ҳисоб намоем ин нишондиҳанда ба 138.3 фоиз баробар мешавад. Афзоиши миёнасолонаи аҳолӣ, агар бо ин суръат рафтан гирад дар соли 2020 аз руи дурнамои баруйихатгирӣ ба 8801.0 ҳазор нафар, соли 2030 ба 10037.0 ҳазор нафар, соли 2040 ба 11273.0 ҳазор нафар ва соли 2050 ба 12056.4 ҳазор нафар мерасад.

 Ҳангоми омузиши дараҷаи нуфузи аҳолӣ диққати ҷиддиро ба афзоиши аҳолии минтақаҳои ҷумҳурӣ додан лозим аст. Дараҷаи афзоиши аҳолӣ дар минтақаҳои ҷумҳурӣ ба куллӣ фарқкунанда аст. Дар яке таваллуд зиёд ва  дигар баракс кам шудааст.

Ба мақсади пурра дарк намудани ин гуфтаҳо ба ҷадвали зерин менигарем.

 

Тағироти шумораи аҳолии минтақаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраҳои баруйхатгирии аҳолии солҳои 1989, 2000 ва 2010 (ҳазор нафар).

 

 

 

1989

бо ҳисоби фоиз

2000

бо ҳисоби фоиз

2010

бо ҳисоби фоиз

Ҷумҳурии Тоҷикистон

5093.0

100

6127.0

100

7565.0

100

ВМКБ

161.0

3.2

206.0

3.4

206.0

2.7

Вилояти Суғд

1554.0

30.5

1872.0

30.5

2237.0

29.6

Вилояти Хатлон

1700.0

33.4

2150.0

3.5

2676.0

35.4

шаҳри Душанбе

591.0

11.6

562.0

9.2

724.0

9.6

НТҶ

1087.0

21.3

1337.0

21.8

1722.0

22.7

Дар ҳар як минтақаи ҷумҳурӣ шумораи афзоиши аҳолӣ фарқи куллӣ дорад. Агар дар вилояти Суғд соли 2010 бо солҳои 1989 ва 2000 муқоиса намоем, нишондиҳандаҳои афзоиши мутлақ 683 ҳазор нафар ва 365 ҳазор нафар, суръати рушд дар ин муддат 19.5 фоиз ва 44 фоиз зиёд гардидааст, мутаносиб ин нишондиҳандаҳо дар вилояти Хатлон 976 ҳазор нафар ва 526 нафар, суръати рушд 24.4 фоиз ва 57.4 фоиз афзоиш ёфтааст. Аммо дар Вилояти Мухтори К\ҳистони Бадахшон бошад, афзоиши мутлақ (соли 2000 нисбат ба соли 1989) 46 ҳазор нафар (соли 2010 нисбат ба 2000) бетағйир мондааст. Мутаносибан суръати афзоиш 28 фоиз ва солҳои 2010 ва 2000 бетағйир мебошад.

  Дар баробари тағйир ёфтани дигар ҳодисаҳои ҷамъиятӣ, ҷараёни демографӣ, аз ҷумла таваллуднокӣ низ бо суръат тағйир ёфта истодааст.

Шумораи таваллудшудаҳои солҳои 1992-2012 (ҳазор нафар).

 

1991

2000

2002

2004

2006

2008

2010

2012

Ҷумҳурии Тоҷикистон

212.6

167.2

175.6

179.6

186.5

203.3

222.8

224.1

ВМКБ

6.0

3.6

4.3

4.2

4.5

3.8

3.9

4.1

Вилояти Суғд

56.0

47.3

49.4

48.1

50.0

55.6

65.6

65.0

Вилояти Хатлон

85.1

62.1

65.8

75.7

73.2

79.5

83.9

83.7

шаҳри Душанбе

14.1

16.2

15.3

13.0

15.6

17.6

17.3

17.8

НТҶ

51.4

38.0

40.9

38.6

43.2

46.8

51.6

53.4

Дараҷаи тағйирёбии таваллуднокӣ дар ВМКБ (танҳо соли 1991) қариб, ки ба назар намерасад. Умуман дараҷаи баланди таваллуднокиро дар вилояти Хатлон мушоҳида намудан мумкин аст.

Шумораи таваллудшудагон аз 212.6 ҳазори соли 1991 ба 222.3 ҳазори соли 2010 расидааст. Яъне дар давоми 20 сол 9.7 ҳазор шумораи миёнаи таваллуднокӣ афзоиш ёфтааст. Дар ин давра шумораи миёнаи таваллуднокӣ ба 189 ҳазор нафар баробар аст. Афзоиши миёнасолонаи аҳолӣ дар ин давра 0.8 ҳазор нафарро ташкил мекунад. Агар суръати афзоиши аҳолиро ҳисоб намоем, он гоҳ ин нишондиҳанда ба 105.4 фоиз баробар мешавад.

Дараҷаи фавтнокии аҳолиро, агар таҳлил намоем, маълум мегардад, ки дараҷаи бештари фавтнокӣ ба шумораи мардон рост меояд. Масалан, мувофиқи маълумотҳои оморӣ соли 2010 фоизи фавти мардон ба 55.6  ва занон 44.4 баробар шуд.  Бештари фавтнокӣ барои ҳар ду ҷинс дар синну соли 70-84 ба 36.4 фоиз ва дар қисми поёнии   синну соли то яксола нисбати шумораи фавтидагони 9.7 фоизро ташкил мекунад.

        Аз маълумотҳои оморӣ бар меояд, ки бештари фавтнокӣ бо сабабҳои бемориҳои саратон 7.8 фоиз, бемориҳои системаи гардиши хун 49.3 фоиз, бемориҳои сирояткунанда ва паразиторӣ 3.6 фоиз, бемориҳои узвҳои нафаскашӣ 7.3 фоиз ва фалокат, заҳролудшавӣ ва захмбардорӣ 5 фоиз рост меояд.

Маълумотҳои оморӣ нишон медиҳанд, ки аҳолии Тоҷикистон аз ҳисоби ҳаракати табии аҳолӣ афзуда истодааст. Ба ҳисоби миёна афзоиши табии аҳолӣ дар ин давра ба 155.8 ҳазор нафар баробар шуд. Дар ҳолати муқоисаи маълумоти солҳои 1998-2010 суръати афзоиш ба 107 фоиз баробар гардид. Ин маънои онро дорад, ки афзоиши табии аҳолӣ 7 фоиз ташкил намуда, суръати афзоиши миёна бошад ба 2.7 баробар гардидааст.

Маълумотҳои демографии таркибӣ ҷинси аҳолӣ барои омузиши омории демографии захираҳои меҳнатӣ, барои бақияи барномаи истеҳсоли молҳои ниёзи мардум, ом\хтани масъалаҳои оила, бозтавлиди аҳолӣ, ҳисоби дурнамоии шумораи он, давомнокии ҳаёт ва бисёр масъалаҳои дигари демографӣ заруранд.

Мувофиқи маълумотҳои баруйхатгирии аҳолӣ соли 2010 шумораи аҳолӣ ба 7565.0 ҳазор нафар расид, ки аз он 3813.0 ҳазор ё худ 50.4 фоиз мардон ва 3752.0 ҳазор ё 49.6 фоиз занҳоро ташкил мекунанд. Дар ин давра ба сари 1000 зан 1016 мард рост меояд.

Яке аз масъалаҳои таҳлили демографӣ ом\зиши дараҷаи дарозумрии шумораи мардон ва занон мебошад. Дар асоси маълумотҳои оморӣ баруйхатгирӣ ва ҳисоботҳои ҷорӣ бармеояд, ки соли 2000 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дараҷаи дарозумрии ҳар ду ҷинс 68.2 сол ташкил дода бошад, соли 2011 он ба 72.8 сол баробар шуд, ки аз он дар соли 2000 барои мардҳо  66.2 ва занон 70.3 сол , соли 2011 бошад, барои мардҳо 70.4 ва занон 75.3 сол рост меояд.

Нишондиҳандаи дигаре, ки айни замон дар биёр мамлакатҳои ҷаҳон мавриди ом\зиш қарор гирифтааст, ин зичии аҳолӣ мебошад. Зичии аҳолии ҷумҳуриамон дар солҳои охир бо суръати тез тағйир ёфта истодааст.

Агар соли 1989 зичии аҳолӣ дар ҷумҳурӣ 35.6 бошад, бо ВМКБ 2.5, вилояти Суғд 61.2, вилояти Хатлон 68.4, НТМ 38.0 ва шаҳри Душанбе 5922.0 рост меояд. Дар соли 2010 ин нишондиҳанда дар ҷумҳурӣ ба 52.6 баробар шуд, ки дар ВМКБ 3.4, вилояти Суғд 87.3, вилояти Хатлон 108.9, НТМ 58.9  ва шаҳри Душанбе 7061.0 мебошад. Тафовути нишондиҳандаҳои зичии аҳолӣ байни 20 сол бо суръати тез тағйир ёфтааст.

Хулоса аз маълумотҳои овардашуда маълум гардид, ки агар равандҳои демографӣ бо ҳамин суръат рушд ёбад, пас дар ҳазораи дигар мо бо кадом мушкилиҳо наздик хоҳем шуд. Бо мақсади ба танзимдарорӣ ва пешгирии таъсири инсон ба муҳити зист чорабиниҳои зеринро дар амал татбиқ намудан лозим аст;

- тағйир додани шуури демографии аҳолӣ, бунёди оилаи солим, риояи таваллуднокӣ, риояи фосилаи байни таваллуд, теъдоди фарзандон дар оила ;

- ташаккул ва тарбияи тафаккури экологии ҳамаи табақаҳои иҷтимоӣ ва гуруҳҳои синну соли аҳолӣ;

- риояи бечунунчарои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва татбиқи амалии онҳо;

- дастгирии давлатии соҳибкорӣ, ташкили ҷойҳои нави корӣ.

Ин маводҳо барои донишҷуён ва устодон барои маълумотҳо пешкаш гардидаанд.

Маводҳо дар асоси «Омори солонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2012», «Шумораи аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи маълумотҳои баруйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил дар соли 2010», ки соли 2012 нашр шуд, пешкаш гаштанд.

Устоди Донишгоҳи давлатии Хоруғ  ба номи

М. Назаршоев, оморшинос,  С. Холиқназаров

Log in

create an account