Мақолаҳо

ХЕШТАНШИНОСӢ - ОМИЛИ РУШДИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ

 

Давлатсозӣ ва ҷомеасозӣ, пешрафт амалӣ шудани нақшаҳои дурнамои рушд, ки барои таъмини зиндагии шоиста нигаронида шудаанд ба худогоҳию худшиносӣ вобаста мебошанд. Худогоҳию худшиносӣ омилҳои меҳварӣ ва калидии давлатсозию ҷомеасозӣ мебошанд. 

Бинобари ин, дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташаккули худшиносӣ дар доираи андешаи миллӣ бо мақсади ҳифзи истиқлолияти кишвар дар шароити бархурдҳои манфиатҳои сиёсӣ ва тамаддун чун воситаи калидӣ дар давлатсозӣ таҳлил гардидаанд. Танҳо миллати худогоҳ бо дониши сифатӣ дар ин зиддияти шадид худро аз вартаи ҳалокат наҷот дода метавонад.  Пас ба андешаи мо инҷо бояд ҷудо кард

Зикр гашт, ки кадом омилҳо ба  ташаккули худшиносӣ мусоидат менамоянд ва кадом омилҳо боиси  аз худ бегонашавии миллат мегарданд.

Аввал, дар ҷаҳони мутағайир дониши ҳарруза ба тезӣ кӯҳна мегардад ва ҷавобгуи талаботи ҳаррӯза шуда наметавонад бинобар ин ба хурду бузург донишомӯзӣ муҳим аст. Аз ин ру бо ин мақсад зинаи таҳсилот ба синни то мактабӣ, ки синни оғози ташаккули тафаккур аст фуроварда шуд.

Дуюм, ташкили инфрасохтори рушди деҳот маҳз ба фаъолшавии аҳолии деҳот мусоидат менамояд, ки бештар бошуури музофоти-маҳаллӣ ҳаёт ба сар мебарад, бо ҳамин мақсад аст.

Сеюм, яке аз воситаҳои муҳим дар бедории миллӣва худогоҳӣ ин эҳёи фарҳанги миллӣ ва хотираи таърихӣ мебошад.

Чорум,  воридшавии иттилооти бузурги ҷаҳонӣ ва ба шахси техникӣ табдил ёфтани инсон барои пешгирии он  дар алоқамандӣ инкишоф додани донишҳои гуманитарӣ ва технологӣ.

Панҷум, эҳёи арзишҳо ва меъёрҳои анъанавии миллӣбо мақсади пешгирии аз худ бегонашавӣ, тақлиди кур курона дар шакли мудерн – ҳозиразамон шудан.

Шашум, арзишҳои миллие вуҷуд доранд, кионҳо дар шаклу мазмун доимианд ва муҳофизи миллатанд. Пас зарур аст, ки ин арзишҳо чун сутуни фарҳанги ҳар як шахсу миллат ҳифз гарданд.

Ин арзишҳо дар фарҳангу ҷаҳонбинии мебошанд:

  1. Арзиши ахлоқӣ;
  2. Арзишҳои гуманистӣ-инсондустӣ,
  3. Арзиши озодандешӣ;
  4. Арзиши таҳамулгароӣ;
  5. Арзиши эҳтироми калонсолон, падару модар(мақоми падару модар);
  6. Арзиши дастгирии мӯҳтоҷон, амали хайрусаховат;
  7. Арзиши сарватғункуни валаҷомгирии он аз руи арзиши Исломӣ-ҳалолу ҳаром;

Ҳамаи ин арзишҳо аз тафаккури аҷдоди миллӣ азалии миллат пиндори нек, рафтори нек, кирдори нек сарчашма мегиранд.

Дар марҳилаи имруза дар ин гирудори шаддиди ҷаҳонӣ киштии давлатсозии тоҷикро шахсияте идора менамояд, ки андешаву маромаш аз умқи таърихӣ - фарҳангии миллат реша мегирад ва ҳар як шаҳрванди кишварро зарур аст, ки бо мақсади давлатсозӣ ва зиндагии шоиста дар атрофи ӯ муттаҳид гарданд.

Юсуф Шодмонбеков, муаллими калони

 кафедраи таърихи халқи тоҷики ДДХ

 

Log in

create an account