Мақолаҳо

ТАҲКУРСИИ ИНКИШОФИ СОҲАҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ КИШВАР. Дар ҳошияи мақолаи «Паёми Пешвои миллат ва масъалаҳои рушди давлат»

Аз давраҳои пеши таърих ба мо маълум аст, ки рушду нумуи давлат ва тараққиёти он ба соҳаҳои муҳимтарин маориф, илм ва фарҳанг вобастагӣ ва пайвастагии ногусастанӣ дорад. Чунки соҳаи маориф барои ҷомеа мутахассис тайёрменамояд, соҳаи илм дар натиҷаи тадқиқоти илмӣ ва таҳқиқот ба пешрафти давлат мусоидат намуда, соҳаи фарҳанг ҳамаи паҳлуҳои ҳастии миллат ва давлатро дар кору фаъолияташ инъикос менамоянд.

26 декабри соли 2018 аз тарафи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои муаззами миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ Паём пешниҳод гардида дар он фаъолияти соҳаҳои маориф, илм ва фарҳанг баррасӣ, таҳлил ва муҳокима гардид. Дар муҳокима оид ба таҳким бахшидани иқтидори илмии кишвар, ҷорӣ кардани ихтироот дар истеҳсолот, устувор гардидани пояҳои моддиву техники муассисаҳои таълимӣ, баланд бардоштанисифати таълим дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот, ҷалби боз ҳам васеи истеъдодҳои ҷавон бо омӯзиши техналогияҳои муосир ва корҳои эҷодиву техникӣ вазифаи илму маориф арзёбӣ намуд.

Дар мақолаи узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон доктори илмҳои сиёсатшиносӣ, профессор Саймумин Ятимов қайд гардидааст, ки мо ба соҳаҳои илму маориф эътибори аввалиндараҷа дода, ислохотро дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот бомаром идома медиҳем ва мушкилоти мавҷударо давра ба давра бартараф менамоем. Иброз гардид, ки  пеш аз ҳама ба инкишофи зинаи таҳсилоти томактабӣ аҳамият дода, шумораи онхоро бамаротиб зиёд намоем ва барои рушди қобилияти зеҳнии кудакон шароити мусоид фароҳам созем. Дар доираи барномаҳои давлатӣ ва бо иштироки аҳолӣ дар се соли оянда беш аз 1050 муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва умумӣ бунёд карда мешавад, ки қисми зиёди онҳо дар деҳоти кишвар пешбинӣ гардидааст. Бовуҷуди ин,  ба хукмати мамлакат Вазорати маориф ва илм, раисони вилояту шаҳр ва ноҳияҳо супориш дода шуд, ки рушди муассисаҳои таълимӣ,  аз ҷумла муассисаҳои томактабӣ ва то соли  2021 – ум ба 30% расонидани фарогирии кудаконро ба зинаи таҳсилоти то мактабӣ таъмин намоянд.

Танхо соли 2018 дар кишвар аз ҳисоби сарчашмаҳо 151 муассисаи таҳсилоти умумӣ бо зиёда аз 73000 ҷойи нишаст сохта ба истифода дода шуд ва ин раванд  дар оянда низ идома хоҳад ёфт. Қайд гардид, ки ислоҳоти низоми ҳамсаи зинаҳои таҳсилотро минбад  низ  давом дода, усулҳои фаъоли таълимро ҷорӣ намуда ба сатҳу сифати таълим эътибори аввалин дараҷа дода шавад. Дар робита бо ин  Вазорати маориф ва илм, Хадамоти назорат дар соҳаи маориф вазифадор карда шуд, ки дар ҳамкорӣ бораисонивилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва дигар ниҳодҳои ҷамъиятӣ назоратро ҷиҳати баланд бардоштани сатҳу сифати дониш дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот пурзур намоянд. Ҳамзамон бо ин, Вазорати маориф ва илм якҷо бо Вазорати рушди иқтисод ва савдо ва дигар сохтору мақомоти даҳлдор  то соли 20 - ум  масъалаҳои норасоии кадрҳои омӯзгориро пурра ҳаллу фасл намоянд. Инчунини дигар қайд гардид, ки  дар соҳаи маориф ду проблемаи асосии ҳалталаб вуҷуд доранд.

Якум, норасоии кадрҳои соҳибкасби омузгорӣ, дуюм баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти кишвар.

Бузургон муносибати сабаби  «шавад тира аз бехирад рӯзгор» - ро  дар шарти « агар дар ҷаҳон набувад омӯзгор» дидаанд. Айнан ҳамин нуқта  аз лиҳози мантиқӣ дар Паём таъкид шудааст. Дар ифодаи кадрҳои соҳибкасби омӯзгорӣ албатта дараҷаи баланди дониш, тахассусмандии воло, тавони маърифатнок кардан ва санъати ниҳоят мушкил ва пурмасъулияти  аз одам «инсон» шахсият соз аст. Маҳсули кори мактаб он аст, ки парвардаи ӯ омода бошад манфиати рушд ва амнияти Ватанро  дар қавлу амал ҳимоят кунад.

Дар баробари ин,  қайд гардид, ки заҳмати усдодону омӯзгоронро ҳамеша баланд арзёбӣ мекунем ва ғамхориро дар ҳаққи онҳое, ки дар ин соҳа хизматҳои шоиста карданд, идома медиҳем, вале  пешрафти ҷомеа тарақиёти илму техника  ва технология  тақозо мекунад, ки онҳо низ барои баланд бардоштани сатҳи касбияти худ мунтазам кушиш кунанд.

Муаллиф таъкид мекунад, ки агар омӯзгор сатҳи баланди касбият надошта бошад мо ҳеҷ гоҳ ва бо ягон восита сифати таълиму тарбияро беҳтар карда наметавонем. Аз ин рӯ, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистонро зарур аст, ки барои баланд бардоштаи касбияти омӯзгорон курсҳои такмили ихтисосро боз ҳам тақвият бахшанд. Илова бар ин, дастур дода шуд, ки ҳамаи кормандони соҳаи маориф  аз дастгоҳи вазорат ва сохторҳои маҳаллии он  то устодону омузгорони муассисаҳои таълимӣ, сарфи назар аз шакли моликият, дар тамоми қаламрави кишвар ҳар се сол як маротиба аз аттестатсия гузаронида шаванд. Хотирнишон гардид, ки  соли 2003 - юм  фармони Президенти кишвар дар бораи такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русию англисӣ қабул гардид. Вале таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар натиҷа  ин масъала чандон қонеъкунанда нестанд ва пишорашуд: «Агар мохоҳем. Ки баҷомеаипешрафтибашарбаробар қадам гузорем бояд ба ин масъала эътибори ҷиддӣ диҳем.  Ба Ҳукумати мамлакат, Вазоратҳои маориф ва илм, рушди иқтисод ва савдо, Академияи илмҳо супориш дода шуд, ки дар нимсолаи аввали соли 2019 барномаи нави такмили таълими забони русӣ ва англисиро барои давраи то соли 2030 - юм  таҳия ва пешниҳод намоянд. Хотир нишон гардид, ки ин корҳо роҳҳои ташаббускорӣ барои халқи мо миллати тоҷикбуда  ба хотири баланд бардоштани сатҳи маърифат ва тавсеаи ҷаҳонбинии наврасону ҷавонони кишвар роҳандозӣ мегардад.

Фарҳанг рукни асосии сохтори давлати тоҷикон ба шумор рафта дорои ташкилот корхона ва муассисахои фарҳангӣ мебошад. Ҳукумати кишвар дар соҳаи фарҳанг корҳои зайлро анҷом дода истодааст:

- сиёсати давлатро дар соҳаи фарҳанг муайян ва амалӣ менамояд;

- кафолати қонеъ гардонидани эҳтиёҷоти фарҳангии шаҳрвандон, ҳимояи ҳукуқи онҳоро  дар соҳаи фаъолияти фарҳангӣ таъмин менамояд.

- тадбиқи сиёсати давлат дар соҳаи фарҳанг;

- эҳё, ҳифз, инкишоф, интишори сарватҳои фарҳанги миллӣ;

- дастраси умум гардондани мероси фарҳанги миллӣ ва умуми башарӣ;

- ташкили ҳамкории фарҳанги байналмилалӣ;

- ташкили таълиму тарбияи мутахассисон, такмили ихтисоси онҳо, ташкили тадқиқоти илмӣ дар соҳаи фарҳанг.

Қ. Кадамов, декани факултаи педагогии ДДХ

Log in

create an account