Мақолаҳо

ТАҲСИЛОТ ҲАМЧУН ОМИЛИ ПЕШГИРИИ ИФРОТГАРОӢ

Хадаф аз баррасӣ намудани мавзӯи мазкур, ин бори дигар ба саҳми ҷомеа расонидани оқибатҳои хатарноки ифротгароӣ ва омилҳои ба вуҷуд омадани он мебошад. Чуноне ки бузургон таъкид намуданд агар хоҳи, ки аз хатар эмин бошӣ пешакӣ оид ба он дониш ва маълумоти мукаммал бояд гирифт.

Ҳар яки мо инсонҳо дар зиндагӣ ниёз ба бехатарӣ  дорем ва мехоҳем дар фазои  сулҳу осоишта ҳаёт ба сар барем. Ифротгароӣ ба озодию ҳаёти  осоиштаи мо, ба ҳуқуқҳои конститусионӣва ваҳдату ягонагии мо таҳдид менамояд. Яке аз сабабҳои ба ифротгароӣ гаравидани ҷавонон пайравӣ ба арзишҳои бегона мебошад. Раванди иҷтимоишавии инсон, ки тавассути он ҷавонон бештар арзишҳоро қабул менамоянд ба воситаи таҳсилот дар мактабу донишгоҳ сурат мегирад. Маҳз ин вазифаи муҳимро соҳаи маориф ба уҳда дорад. Аз ин хотир, таҳсилот ба сифатиомили муҳими иҷтимоӣ -фарҳангии ба вуҷуд омадани арзишҳои миллии ҷавонон баромад мекунад.. Суръати баланди ҷаҳонишавӣ дар шароити муосир хатари ба ҷомеа омехташавии унсурҳои(аломатҳои) ифротгароӣ ба вуҷуд овардааст.

 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба ин масъала, ки доғи рӯз мебошад чунин иброз менамояд:” Имрӯз  тероризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар як сокини сайёра таҳдид карда, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст”. Бинобар ин, пеш аз ҳама бояд сабабҳои ба ин вабои аср гирифтор шудани ҷавононро таҳлил намоем. 

Пешгирии ҳамроҳшавии ҷавонон ба ҳаргуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро масъалаи муҳимтарини давлат ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ҳисоб меравад. Яке аз сифатҳои муҳими иҷтимоии инсон қобилияти таҳлил намудани ҳодисаҳои иҷтимоӣ ё ба ибораи дигар тафаккури таҳлилӣ доштан мебошад. Рафтор ва самти фаъолияти инсон ба тафаккури таҳлилии ў алоқамандии зич дорад. Натиҷаҳои тадқиқотҳои сотсиологӣсобит намудаанд, ки яке аз сабабҳои ҳамроҳшавии ҷавонон ба ҳизбу гуруҳҳои ифротӣ ва каҷрафтории онҳо ин надоштани қобилияти таҳлил намудани ҳодисоту воқеоти дар атроф бавуҷудоянда мебошад. Тадқиқотҳо нишон медиҳад, ки гуруҳҳои ҷиноятпеша бо далелу бурҳони рўякӣ, аммо боваркунанда, ба тафаккури ҷавонон таъсир гузошта,ба онҳо имконияти дуруст таҳлил кардани ҳодисаҳоро намедиҳанд. Сатҳи донишҳои ҳуқуқию сиёсии баъзе аз ҷавонон паст аст. Онҳо бо ин сатҳи донишҳои худ ҳодисаҳои мураккабу печрадпечи замони ҳозираро дуруст таҳлил карда наметавонанд.

Тарбияи нодурусти фарзандон дар оила ва муҳити носозгор аз омилҳоест, ки ҷавононро ба роҳи нодуруст раҳнамун сохта, онҳоро дар кўчаи сарбастаи рўзгор ба мушкилот гирифтор месозанд. Махсусан, дар оилаҳои номуваффақ ҷавонон зудбовар ва руҳан ноустувор буда, афкори шахсии худро надоранд ва ҳеҷ кори дурустеро мустақилона анҷом дода наметавонанд. Ин гуруҳи ҷавонон таҳмилпазир буда, онҳоро фирефтан ва ба дастае шомил намудан кори осон аст. Маҳз ҳамин гуна ҷавонони сустирода ба гуруҳои тундрав пайваста, ҷонихудродархатармегузоранд.Ин гуруҳҳо барои ба доми худ фирефтани баъзе аз ҷавонони ноогоҳ мақсадҳои нопоки худро ҷомаи динию мазҳабӣ пўшонида, аз роҳу усулҳои ниҳоят гуногун истифода мебаранд. Тадқиқотҳоисотсиологӣ нишон медиҳанд, ки мақсади ниҳоии ҳизбу ҳаракатҳо ва гуруҳҳои ифротӣ ин халалдор намудани ваҳдат ва ягонагии миллат, ба даст овардани мансабу вазифаҳои давлатӣ, ба сари ҳокимият овардани шахсони ба мақсадҳояшон мувофиқ, соҳиб шудан ба захираҳои моддию маънавии миллӣ мебошад. Албатта, ҳар гунаҳаракат ва гуруҳи ифротие, ки пайдо мешавад, аз тарафаи гуруҳоихориҷӣ аз ҷиҳати моддию маънавӣ дастгирӣ карда мешаванд. Онҳо ба сафи худ шахсони қобилиятнок ва боистеъдодро ҷалб намуда, аз ҷиҳати захираҳои зеҳнӣ худро нерўманд мегардонанд.

 Аз таҳлили тадқиқотҳои сотсиологӣ бармеояд, ки гурўҳҳои ифротгаро асосан, ҷавонони дорои саводи пасти динӣ, зудбовару камирода ва ҷавонони пешорўи мушкилӣ таваҷҷўҳ менамоянд. Бо тарғиботчиёни худ тавассути сомонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ ба ҷавонони гумроҳ ваъдаҳои дурўғ аз қабили, соҳиб шудани ба сарвати калон ва ҷиҳод роҳи ворид шудан ба биҳиштро дода, ҳар хел овозаҳои бардуруғи мазҳабию дунявиро паҳн мекунанд. Бадбинӣ ва низоъҳои мазҳабиро заминагузорӣ намуда, ба эҳсосоти динии ҷавонон таъсир мерасонанд.

Мутаасcифона, баъзе аз ҷавонони беназорат ва кучагарду каҷрафтор зуд ба доми ҳаракату гурўҳҳои ифротӣ меафтанд. Махсусан, фарзандони оилаҳои носолим ва низоъдор тўъмаи асосии ин гуна гуруҳҳо мегарданд. Маҳз беназоратии волидон ва муҳити иҷтимоӣ барои рушди ҳаракатҳои ифротӣ шароити заруриро муҳайё менамоянд.Махсусан, эъҷоди маҳдудиятҳо барои таҳсил ва шуғл барои ҷавондухтарон хеле ташвишовар мебошад. Дар шароити имрўз низ дар баъзе аз манотиқи кишвар ҳодисаҳои монеъ шудан ба таҳсил, ҳунаромўзи ва машғулияти духтарон зиёд ба мушоҳида мерасад. Волидон ва хешовандонашон духтаронро намегузоранд, ки таҳсил намуда соҳибкасб шаванд. Ҳамин аст, ки то пурра ба синни балоғат нарасида, онҳоро зуд бидуни майлу хоҳишашон ба шавҳар медиҳанд. Ҷавондухтарони имруза - модарони ҷавонони ояндаанд.  Арзишхои аввалини кудакро  низ модар дар оила тарбия менамояд ва аз сатҳи донииши модарон тамоюли фарзандонамон вобастагии зич дорад.  Тадқиқотҳои сотсиологӣ нишон медиҳанд, ки мушкилотибештари халқҳо аз бесаводии занон (қариб90%) вобаста аст.  Аз ин ру мо пешниҳод менамоем, ки шумораи квотаҳо барои идома додани таҳсилот дар донишгоҳ барои духтарони ин манотиқҳо зиёдтар шаванд.

Бархе аз ҷавонон бо сабаби паст будани сатҳи дониш, ҷаҳонбинӣ ва носолим будани муҳити иҷтимоӣ ба қадри миллат ва сулҳу ваҳдат намерасанд. Пас сарчашмаи ин зуҳуроти манфӣ ба ҷаҳонбинии маҳдуд, муҳити носолими тарбия ва таҳсилоти пасти онҳо вобастагӣ дорад.

Яке аз сабабҳои паст рафтани сатҳи худшиносии миллӣ ва ҳисси ватандўстии ҷавонон ин таъсири фарҳанги бегона ва тақлид ба арзишҳои бегона мебошад.

Доштан қобилияти баҳодиҳӣ ба воқеоти гирду атроф мунтазам аз ҳар яки мо зиракии сиёсиро тақозо мекунад.Арзишҳои ҷавонони наслҳои пеш, ки аз санҷиши вақт гузаштанд ва то давраи мо расиданд бояд чун гавҳараки чашм ҳифз карда шаванд. Ин арзишҳо бояд ҳамчун қолаби рафтор ва муносибат барои ҷавонони имрўза дар такмили ҳуввият, худогоҳӣ ва худшиносии миллӣ баромад намоянд.

Бояд қайд намуд, ки мо бояд муҳимтарин арзишҳои ахлоқии аҷдодонамон - пиндору кирдору рафтори нек, меҳнатдустӣ, меҳнати ҳалолу софдилона, доништалабию илмомӯзӣ, муносибати меҳрубонона, ҳурмату эҳтироми падару модар ва садоқат ба ватанро дар вуҷуди фарзандонамон тарбия намоем.

Бо роҳи таҳмил намудани арзишҳои ниёгон дар муассисаҳои таҳсилот воситаи оқилона пешгирӣ намудани ҷавонон аз ифродгароӣ ба ҳисоб меравад.Вазифаи ҳар як волидайн ва устодони  мактабу донишкадаҳо иннизоми арзишҳои муккамалро  дар ҷавонон тарбия намудан мебошад.

Роҳи дигари пешгирии ифротгароӣ ин ба роҳ мондани робитаи доимии донишкадаҳо бо сохторҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҷиҳати гузаронидани семинарҳо ва чорабиниҳоитарғиботиву ташвиқотӣ мебошад.Бештари ҷавонон бо сабаби паст будани сатҳи донишҳои сиёсиву ҳуқуқӣ худро дар муносибатҳои иҷтимоӣ ноҳинҷор ва заиф эҳсос мекунанд. Барои ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои худ рўҳия ва нерўимубориза бурданро надоранд. Бархе аз ҷавонон барои фаъолияти мустақил омода нестанд, манфиатҳои худро пурра дарк намекунанд ва тарзу усулҳои қонеъ намудани онҳоро низ намедонанд. Аз ин вазъият шахсон ва гуруҳҳои алоҳида ба манфиати худ моҳирона истифода мебаранд. Махсусан, ҳамроҳшавии ҷавонон бо гуруҳҳои ифротгаро низ бо сабаби паст будани сатҳи шуур ва маданияти сиёсию ҳуқуқӣ сурат мегирад.

Қабл аз ҳама се ниҳоди асосӣ-оила, мактаб ва ҷомеа бояд дар ин замина фаъолияти босамар ва натиҷабахшро роҳандозӣ кунанд. Маҳз бо ҳамкории ин се ниҳод метавон ба муваффақият комёб шуд. Бори дигар бояд таъкид кард, ки  сатҳи худшиносии миллӣ ва ватандўстии ҷавонон ба воситаи курсу семинарҳои маърифатӣ бо намояндагони мақомоти масъул ва ҷомеаи шаҳрвандӣ боло бардошта шавад.  Ҷавонон бояд аз хурдӣ дар рўҳияи ватандўстӣ ва худшиносии миллӣ тарбия карда шаванд.

 Аҷдодони мо бофарҳанг, зирак, доно ва дурандеш будаанд ва мо низ бояд ба онҳо пайравӣ намоем. Насли наврасро дар рўҳияи ватандўстӣ, хештаншиносӣ, худогоҳӣ ва инсонмеҳрварӣ тарбия намудан лозим аст. Мақсади ҳар як ҷомеа, ҳар як давлат ва роҳбарияти сиёсии он ташкилу таъмини ҳаёти хушу хуррам ва осудаву ороми халқу диёраш, сарсабзӣ ва сарбаландии миллаташ дар арсаи байналмилалӣ мебошад. Барои ба ин ҳадафҳо ноил гардидан ғайриихтиёр монеаҳои зиёде пеш меоянд, ки барои рафъи онҳо кўшишҳои дастаҷамъона ва вақти муайян лозим аст.

Мудири кафедраи фалсафа ва сиёсатшиносии

ДДХ, номзади илми фалсафа Тавакалова М. К

 

 

 

Log in

create an account