Мақолаҳо

ИЛОҲО, ХОНАИ ДУШМАН НАСЎЗАД

                                                        

 (Дар ҳошияи мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолони Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, аз 15.09 .2018 )

Ба соҳибистиқлолии Ҷумҳурии озоду амони Тоҷикистони азизамон 27 сол пур шуд. 27 соли амну амонӣ ва пешрафт. Дар ин фосила вақт кишвари азизамон Тоҷикстон, бахусус Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон дар самти иқтисодию  иҷтимоӣ ва ободонию созандагӣ қадами устуворе ба пеш гузошт. Сокинони сарбаланди Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон яқинан медонанд, ки ВМКБ доимо дар маркази диққати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати мамлакат қарор дошта, барои рушди соҳаҳои хоҷагии халқи он тамоми шароитҳо муҳайё шудааст.

Ташрифи навбатии кории Сарвари маҳбуби кишвар ба Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон як рўйдоди муҳиме буд, ки дар ин сафар  20 иншооти ҳаётан муҳим мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, ба бунёди чандин сохтмонҳои муҳими дигари самти иҷтимоию  иқтисодӣ ва маънавӣ  санги асос гузошта шуд.

 Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст аз ноҳияи Ванҷ ибтидо гирифт. Дар ин ноҳия ба фаъолияти муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 4 бо тамоми шароити замон, қасри фарҳанги дуошёна бо толори барҳавои 350 ҷои нишаст, бинои сеошёнаи маъмурии мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳия бо тарҳи зебою замонавӣ, бо 52 ҳуҷраи кушоду равшани корӣ, бинои маъмурии шуъбаи кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ноҳияи Дарвоз бинои сеошёнаи нави шуъбаи маориф, бинои сеошёнаи маъмурии мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Дарвозро кушода, дар фазои тантанавӣ сутунпояи Парчами давлатӣ ва Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтитоҳ карданд. Дар сафари корӣ ба ноҳияи Роштқалъа Сарвари маҳбуби кишвар дар вазъияти тантанавӣ бинои дуошёнаи боҳашамати беморхонаи касалии рўҳӣ дорои 129 ҳуҷра ва 84 кат дар майдони қариб 2 гектарро расман ифтитоҳ намуда, ба оғози сохтмони ду бинои истиқоматӣ дорои 25 ҳуҷрагӣ саги асос гузошт.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафар дар ноҳияи Мурғоб бинои маъмурии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, нерўгоҳи обии барқии «Тоҷикистон», корхонаи саноатии Комбинати ғанигардонии маъдани нуқра» ва бинои маъмурии шуъбаи ҳифзи муҳити зисти ноҳиро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Инчунин дар доираи сафари корӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ ба фаъолияти муназзами бинои чорошёнаи маъмурии раёсати маорифи вилоят, шуъбаи маорифи шаҳри Хоруғ ва зерсохторҳои он бо 42 ҳуҷра, Донишгоҳи бо нуфузи Осиёи Марказӣ, Маркази таълимии Қўшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хоруғ ҳусни оғоз бахшид. Дар оғози зербинои сохтмони Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ санги асос гузошт.

 То рўзи таҷлили сазовору бошукўҳи ҷашни 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳои вилоят даҳҳо иншооти самти иҷтимоию иқтисодии дигар мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд. Чунин рушду пешрафте, ки Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон дар солҳои соҳибистиқлолии кишвар ба даст овардааст, таърих ёд надорад.

 Албатта, агар фазои амну амонӣ, сулҳу субот, ҳамдигарфаҳмӣ, риояи тартиботи ҷамъиятӣ, таъмини волоияти қонун дар Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон ва аслан дар маркази маъмурии вилоят шаҳри Хоруғ мустаҳкаму побарҷо бошад, кишвари азизамон боз ободу зебо ва аз ҷиҳати иқтисоду иҷтимоӣ яке аз мамолики пешрафтаи ҷаҳон мубаддал хоҳад шуд.

Дуди ғализи ҷангу низоъҳое, ки бар асари ихтилофоти динӣ-мазҳабӣ дар Ховари Миёна бар осмон печидааст, аз он башорат медиҳад, ки дунявиат ва зиндагии озоду вазъи хуби амну амонӣ ба гурўҳи манфиатдору диндорони иртиҷопараст хушоянд нест. Онҳо бо ҳар восита мехоҳанд, мардумро ба гумроҳӣ сафарбар намуда, аз он манфиати худро ба даст биёранд. Агар имрўз мо як нафас аз таҳаввулоти нохуби ҷаҳонӣ ғофил монем, мо имконияти ба ягон хатар рў ба рў шудан дорем. Далел дар пеши чашми мост. Давлати Исломии Афғонистон дар тўли беш аз 1400 километр бо Ҷумҳурии Тоҷикистон сарҳад дорад, ки беш аз 910 километри он ба қаламрави Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон рост меояд. Дар ин масир 26 ҷамоати деҳот ва 114 деҳа қарор дорад.Чанде пеш муҳорибаҳои хунини «Толибон» дар минтақаи Бадахшони Афғонистон сар зад, ки масофаи  майдони набард бо ноҳияҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон тақрибан 10 километр, баъзан то 3-5 километр ва дар баъзе мавзеъҳо аз ин камтарро ташкил медиҳад. Албатта, ин фосилаи набард метавонад зиндагии осудаю ороми бумиёни ин тарафи дарёро низ халалдор созад. Вазъи нохуби ҷаҳон, бахусус ноамнӣ дар ин ҳамсоякишвар моро ҳушдор медиҳад, ки аз  воситаҳои зеҳнию фитрӣ, қудратманию ҳифзи сарҳад, таъмини тартиботи андарунӣ, ҳифозати амну амонии кишвар  ҳамаҷиҳата мусаллаҳ бошем.

 Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 4-уми майи соли 2018 дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд таҳти мавзўи «Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез» чунин қайд намудаанд: «Мавриди таъкид аст, ки баъди амалиётҳои зиддитеррористӣ дар Сурия ва Ироқ аъзои гурўҳҳои алоҳидаи экстремистиву террористӣ ба давлати Афғонистон кўчида, қаламрави онро ба майдони ҳарбу зарби терроризми байналмилалӣ табдил додаанд. Вусъатёбии фаъолияти чунин гурўҳҳои террористиву тундгаро, аз қабили созмони ба ном «Давлати исломӣ», «Ал-Қоида», «Толибон» ва монанди инҳо илова ба гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар ин кишвар, аз ҷумла дар минтақаҳои бо Тоҷикистон ҳаммарзи он боиси нигаронии амиқи мо гардидааст».

  Мо кунун ба ҳикмати волои «Илоҳо, хонаи душман насўзад, ки дар паҳлўи он ман хона дорам», қарор дорем. Дар вазъияти имрўза хуб мушоҳида мешавад, аз ин оташи хонумонсўзи кишвари бо мо ҳамсарҳад дуди ғализи нафасгир ба ҳар тараф паҳн шуда истодааст. Соҳибкалом дар ин ҳикмат амну амонии хонадони худро дар осудагии хонадони душман маънидод кардааст. Фалсафаи ин таманно дар он аст, ки алангаи оташ аз хонаи душман ба дари хонаам нарасад, ки носудаю бехонумон нагардам.

 Дар яке аз маъракаҳои шодиёнаи шаҳри Москва ҷавонмарди суханвари тоҷик зимни табрики шоҳу арўс ба иштирокдорони маърака арз мекунад: -  Кош, бо ҷумҳурии Украина сарҳад медоштем. Гўшти хук дар тановули мо мебуду аз афюну героин амонӣ медоштем. Албатта, хук   дар дини мубини Ислом ҳайвони ҳаром дониста мешавад ва  маводи мухаддир аз он ҳаромтару муртадтар аст. Ин мавод чи қадар одамро  ба маргу чи қадар оилаҳоро ба ранҷу кулфат мувоҷеҳ кардааст. Фикре моро домангир аст, Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон заводи яроқистеҳсолкунию  майдони кишти афюнро надорад. Ҳар ду касофат аз он тарафи дарё ба диёрамон роҳ меёбад. Зеро ҳар сол дар Афғонистон ҳазорҳо – ҳазор гектар замин зери кишти афъюн қарор дорад ва ин сарзамини балозада дар масъалаи содироти ин вабои аср дар арсаи ҷаҳон ҷойи намоёро касб кардааст. Дар саргаҳи бештари амалҳои нохуб  маводи мухаддир меистад. Яқин собит шудаст, ки 60 фисади корҳои нохушӣ, ҷангу ҷидол, хархаша, оилабезорӣ, касалиҳои сироятӣ, садамаи нақлиёт ва сўиқасд ба ҷон аз истеъмоли майю нашъа падид меояд.

Тадқиқотчиёни ҷаҳон маълум кардаанд, ки аввалин гирифторони эпидемаи ВНМО (вируси норасоии масунияти одам) оғози солҳои ҳафтодуми асри гузашта ҷараён гирифт, ки то ин вақт дар дунё 70 миллион одам мубталои ин беморӣ аст, ки 35 миллион нафар аз ин вабо ҷонашро бохтааст. Аз иттилои Раёсати тандурустии вилоят шурўъ аз солҳои навадуми қарни пеш то ба ҳол дар ҷумҳурӣ 10 ҳазор ва дар Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон 619  нафар маризони ВНМО ба қайд гирифта шудаанд, ки бештар аз 200 нафарашон ҷон додаанд. Дар вилоят 7 кўдак  аз волидайн сироят шудааст. Ба ҳисоби миёна аз касалии вируси норасоии масунияти одам, нашъамандӣ ва майзадагӣ 514 нафар бошандагони вилоят ҷон бохтаанд.

 Аз як тараф маводи мухаддиру касалии вируси норасоии масунияти одам, яроқу аслиҳаи оташфишон маргро ба бор орад, аз ҷониби дигар ба амну амонии кишвар гурўҳҳои ифротии назди сарҳад хатар эҷод кардан мехоҳанд. Ба амал омадани куштор аз тарафи «гурўҳи сарбозони хилофат» дар хоки кишварамон ин хостгори латма задан ба муносиботи Тоҷикистон бо дигар кишварҳои хориҷӣ дар соли рўшди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ маънидод мешавад.

Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ВМКБ дар 114 деҳаи назди сарҳад иловатан гурўҳҳои мобилии махсус созмон дод, ки онҳо бо қумитаҳои ҳизбии шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳо, нозирони минтақавии корҳои дохила ва кормандони амнияти давлатӣ алоқаи доимии телефонӣ доранд. Дар сурати пайдо шудани шаҳси  шубҳанок ва рух додани амали нохуб ба мақомоти амнияти давлатӣ, нозири минтақавӣ ва мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, минҷумла қумитаи иҷроияи ҳизбӣ фавран хабар медиҳанд.

Ҳамзамон тибқи лоҳиаи Кумитаи иҷроияи ҳизби вилоят дар мувофиқа бо Раёсати маорифи вилоят дар муассисаҳои таълимии деҳаҳои назди сарҳад аз ҳисоби толибилмони синфҳои болоӣ гурўҳи «Муҳофизони ҷавони марзи Ватан» таъсис дода мешавад. Бо ин гурўҳ аслан хонандагони синфҳои 9, 10, 11 ҷалб карда, бо онҳо асосан маъмурияти таълимгоҳҳо, нозирони минтақавӣ, умуман шахсони салоҳиятдор сару кор мегиранд.

Мурод аз ҳамаи ин корҳо таъмини амну амонии кишвар ва таъмини зиндагии шоистаи шаҳрвандон аст.То ҳамагон баҳри таҳкими Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ваҳдати комили миллӣ дар атрофии сиёсати хирадмандонаи Ассосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарҷамъу мустаҳкам гирд омада, ҳар порчаи хоки Ватанамонро чун гавҳараки чашм муҳофизат кунем.

 ҶОНИБЕКИ ҚОЗИБЕК,  Раиси Кумитаи  иҷроияи

 Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ВМКБ

 

 

 

 

Log in

create an account