Мақолаҳо

ИСЛОМ АЛАЙҲИ ҲАР ГУНА ХУРОФОТИ ДИНӢ ВА ҲИЗБҲОИ ТАФРИҚАНДОЗ

Имрӯз ҳар як шаҳрванди солим фикр бояд худшиносии милли ва ҳувияти миллро хуб дарк намояд ва дар пешгирӣ кардани зуҳороти экстремизм ва таассуби динӣ  истодагари намоянд. Фирефта шудан ба ваъдаҳои пуч ва дурӯғи  хоҷаҳои манфиятҷу  ,ки аз номи дини мубини ислом ҳарф мезананд бояд насли ҷавон  ба кулли худдори намоянд.

 Ин гуфтаҳоро дар Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 апрели соли 2013 бо  чунин  суханон  баён  намуданд: «Мутаассифона, дар олами ислом равияҳое низ арзи вуҷуд кардаанд, ки баъзе амалҳояшон ба фитнакориву тафриқаандозӣ равона гардидаанд. Ин ба моҳиятидинимубиниисломмухолифаства ба он иснодмеорад».

 Аз ин лиҳоз, гаштаву баргашт  Пешвои миллат мафҳуми “зиракии сиёсӣ”  истифода мекунад, зеро ҷавонон дар доми фиреби “гургҳои дар либоси меш” наафтанд. Дар тафсиру таҳлили  мафҳуми “терроризм“ фикру андешаҳои гунонун   вуҷуд доранд, ки натиҷагирии ҳамаи муфасиррон фақат бо  як калима “ даҳшатафканӣ”  иброз мегардад.

 Се асли муҳим, ки  пайваста тамоми бузургон ба он  таъкид намудаанд,  имрӯз дар ҳидояти Пешвои муаззами тоҷикон низ ҳувайдо мебошад, ки ин: пиндори нек, гуфтори нек, кирдори нек мебошанд. Тибқи таҳлилҳо бармеояд, ки  омилҳои  оғози ҷанги шаҳрвандии ногоҳна будани баъзе чавонон ва ашхоси алоҳида аз  таърих, фарҳангу тамаддун, аз бузургию шаъни гузаштагони аст.  Имрӯз низ ин омилҳои зикришуда дар тинати нафароне, ки хизматгори хоҷаҳои бегона шуда  аз дуриҳо бо нидои ватандорӣ лоф мезананд.  Ба қавл С. Табрезӣ “Бо устухон дил худ шод мекунанд”. Имрӯз саҳифаҳои рангин ва рӯзгори равшан  бо ташаббусҳои хастанопазирӣ Пешвои миллат дар таърихи тоҷикон кушода шуданд. Дигар ҳизбу ҳаракатҳо барои мардуми шарафманд тоҷик лозим нест, фақат як ҳизб, ки онро он нафаре, ки дар рӯзҳои даҳштовар аз ҷон дареғ надошт, савганди шири модар хурд ва ба майдони сиёсат даромад. 

Миллати  тоҷик зи нести ёфт амон,

Парчами тоҷик бодо парфишон!

 

Log in

create an account