Мақолаҳо

«СХОДКА» - И ТЕРРОРИСТОНИ ҲНИ ВА ТАРАФДОРОНАШ

Фазои сиёсии ҷаҳони имрӯзро зуҳуроти номатлубе аз қабили терроризму экстремизм фаро гирифта, инсонҳоро ба таҳлука андохтааст. Албатта, ин зуҳурот барои мардуми мо ношиносу ҷадид нест. Ҳанӯз охирњои қарни гузашта мардуми мо ба чунин бархўрдҳо, ки аз мансабталошиву тафриқаандозӣ миёни як миллату як сарзамин маншаъ мегирифт, мувоҷеҳ гардида буд. Ва  ин бешак сабақи таърихие барои ҳар як фарди соҳибватану бохирад ва комиландеша гардидааст.

Дар он замон гурўҳҳои манфтиатҷӯю бадкинае пайдо шуданд, ки њаёти давлату миллати мардуми тољикро зери хатар гузошта буданд. Бо васвасаи хољагони хориљї ва баъзе аз соҳибмулкони намакношинос кулбаҳои бобоии худро оташ заданду рў ба мулкҳои бегона оварданд. Бехабар аз он, ки ин теша ба решаи худ задан буду халос. Ҳамагон медонем, ки ҳар як оилаи тоҷик ҳанӯз ҳам аз он рўзгор захмҳои шифонаёфтае рӯйи қалбҳо доранд.

Баъди ба даст овардани истиқлолият дар ҷумҳурӣ ба хотири гуногунандешӣ дар ҷомеа њар гуна ҳизбу ҳаракатҳои динӣ ва мазҳабӣ расман ба қайд гирифта шуданд, ки яке аз онҳо ҲНИ буд. Мутаассифона, ин ташкилоти террористӣ-экстремистӣ санаи 04.09.2015 сол парда аз руи нақшаҳои худ кушода мехост бо роҳбарии генерали хиёнаткор ҳоҷи Ҳалим ба таври зуровари сохти конститутсионии давлати моро дигаргун созад.

Аммо зиракии сиёсӣ ва ватандустии мардуми куҳанбунёди тоҷик пеши роҳи инро гирифта, дар муддати кутоҳ ҳамаи ошубгарон несту нобуд карда шуданд ва санаи 29.09.2015 сол ҲНИ ҳамчун ташкилоти террористӣ-экстремистӣ эътироф карда шуда, фаъолияти он дар ҳудуди кишвар аз тарафи Суди Олии ҶТ мамнӯъ эълон карда шуд. Пас аз ин душманони халқи тоҷик фаъолияти худро дар хориҷи кишвар оғоз намуданд.

Рузи 12.02.2019 сол дар шаҳри Вилнюси пойтахти Латвия  роҳбари хиёнаткори собиқ ҲНИ Муҳиддин Кабирӣ, ки бо тарки наҳзат акнун роҳбари Паймони миллиро бар душ гирифтааст, маросими ёдбуде барои Файзиниссо Воҳидова аз суи Асоссиатсияи муҳоҷирони Осиёи Маркази дар Иттиҳодияи Аврупо ва ҳузури ҷамъе аз тоҷикони муқими аврупо, намояндагони ҳуқуқи башар доир намуд.   

Инро сходкаи навбатии террористони ҲНИ ва тарафдоронаш бояд номид. Чунки дар онҷо танҳо террористони ҲНИ ва хиёнаткорони кишвар ҳузур дошта, марҳум Воҳидова Ф.-ро ҳамчун зани мубориз ва ҷасур, адолатҷӯ ва нотарс ёдовари намуданд. Ин ҳама бозиҳои пасипардагии ҷаноби Кабирӣ ва хоҷагони хориҷиаш мебошад, боқӣ ҳама ҳеҷ.

 Аз таърих барои ҳар яки мо аён аст, ки халқи тоҷик ҳаргиз ҷонибдори ноадолативу харобкориҳо ва қатлу хунрезиҳо набуд ва нест. Ва бетарафию беорӣ низ хоси мардуми фарҳангсолори мо набуд. Касе низ наметавонад дигар аз ӯ манқурт бисозад. Имрӯз низ ҳар як фарди баору номуси Вилояти Мухтори Куњистони Бадахшон аз созандагиву ободкориҳои рӯзафзуни кишвар бо сарварии Пешвои миллат, Президенти кишвар, муњтарам Эмомалӣ Раҳмон меболаду ҳаргиз намегузорад, ки воқеаҳои нангини солҳои навадум ба сари миллати тољик дубора сарозер шаванд.

Рузибеков Р, нафақахур, сокини Бадахшон

Log in

create an account