Мақолаҳо

МАНФИАТИ МИЛЛӢ Ё ҒАРАЗҲОИ ШАХСӢ

Мафҳуми миллат фаротар аз мафҳумҳои дину мазҳаб буда, бо он ба анҷом намерасад. Дин метавонад, танҳо як унсури фарҳангӣ дар ташаккули миллат бошад ва тобеяти як миллат аз эътиқодҳои гуногун иборат бошад. Яъне як миллат, ки умумияти ягонаи забонӣ, фарҳангӣ ва решаҳои пайвасти таърихӣ дорад, дар пайравӣ аз эътиқодҳои гуногуни диниву мазҳабӣ озод мебошад. Лекин ин маъною мазмуни онро надорад, ки вобаста ба эътиқоди динӣ аз ҷиҳати мансубияти миллӣ онҳо гуногунанд.

Манфиати миллӣ  аз маҷмуи мақсадҳои ягонаи иқтисодӣ, сиёсӣ, ҳуқуқӣ иборат аст. Аз ин хотир як ҷаҳонбинии динӣ ё идеологияи ҳизби сиёсие,  ки дар асоси ҷаҳонбинии динӣ ташуккул ёфтааст, наметавонад мароми  як миллатро ифода кунад ва инкишофи мӯҳтадили ҷомеъаро таъмин намояд.

Бинобар ин, сиёсикунонии ҷаҳонбинии динӣ аз он ҷумла дини мубини Ислом дар марҳилаи бархурди тамаддунҳо ва манфиатҳои геополитикӣ теша ба решаи ҳамарзишҳои исломӣ ва ҳамарзишҳои фарҳангии миллӣ мебошад.

Таҷрибаи талхи таърихии давлатҳои ҳамсояи шарқи мусулмонӣ нишон медиҳад, ки сиёсикунонии мазҳаб ва барангехтани ихтилофҳои мазҳабиву динӣ,  такя ба андешаҳои мутаасиби догматикӣ, ҳаракати навъҳои бо шиорҳои динӣ раванди инкишофи ҷомеаро  то кадом дараҷа ба вартаи ҳалокатбор равона сохта садҳо ҳазор ҷони инсонро қурбон намуд. Ин таҷрибаи талх нишон дод, ки давлатҳои абарқудрат ва манфиатҷуй чи гунна бо усулҳо ва шаклҳои гуногун торҳои нозуки динӣ, мазҳабии ин миллатҳоро барои ҳадафҳои дурнамои хеш истифода мебаранду ҷаҳонбинии Исломӣ ва тамаддуни шарқро муқобили арзишҳои умуми башарӣ гузошта шаъну эътибори дини муқаддаси Исломро паст менамоянд. Аз ин ҷиҳат дар ҳар ҷомеае, ки ҳизбҳои сиёсии динӣ, арзи вуҷуд мекунанд ба таври ҳатмӣ ба унсур ва лухтаки хориҷиён бо мақсади амалӣ намудани мақсадҳояшон табдил меёбанд.

 Дар ҳар давлате, ки низоми сиёсии динӣ ҳукмрон аст дар он ҷо аз озодию демократия  таъмини ҳуқуқҳои инсон ҳарф задан ғайримкон аст. Дар чунин ҷомеа принсипи чандандешӣ ва озодандешӣ, ки ҳамватанони мо дар зери доираи хоҷагони хориҷӣ аз он ҳарф мезананд комилан вуҷуд дошта наметавонад. Аз ин рӯ, пайравони ҳизби наҳзати исломӣ, ки бо шакли нав  вале бо мақсадҳои кӯҳнаву тундгароӣ бо номи «Паймони миллии Тоҷикистон»  бо шиорҳои демократия, ҳуқуқи башар, адолати иҷтимоӣ ҳамватанони моро дар хориҷи кишвар гирд меоранд, ғарази гуруҳӣ ва шахсӣ мебошад. 

Дар марҳилаи шадиди зиддиятҳои ҷаҳонӣ ҳар яки моро ба хотири садҳоҳазор қурбоншудагони роҳи истиқлолият ва пешрафти оянда зарур аст, ки  аз мақсадҳои ғаразноки хеш даст кашида мардумро дар атрофии сиёсати ягонаи миллӣ муттаҳид намоем. Мухолиф будан бо сиёсатии доракунӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии давлат ин қобили қабул аст, вале ин мухолифат бояд дар доираи гуфтугӯ, созиш ва таҳаммулпазирӣ бо мақсади пешрафт, ҳифзи мароми миллӣ сурат гирад ва аз меҳвариситеза, бартариятгузорӣ, таасуб, ифрот, бадномкунӣ берун бошад. Хушунат, бадномкунӣ дар зери шиори Ватандӯстӣ, пешрафт, озодӣ ва ормонҳои миллӣ аз беруни кишвар бо нодида гирифтани дастовардҳо ба зиддияти шадиди шаҳрвандӣ оварда мерасонад. Ин ба амният ва арзи вуҷуд доштани миллату давлат хатари бузург ба вуҷуд оварда ба пиёда шудани ҳадафҳои тақсимбандӣ сиёсати мустамликавии давлатҳои манфиатҷуй замина ба вуҷуд меорад.

Юсуфбек Шодмонбеков, омӯзгор, гурӯҳи таҳлилии ДДХ

 

Log in

create an account