Мақолаҳо

САҲРОНИШИН ЧӢ ДОНАД, ДАРЁ ЧӢ ҶӮШ ДОРАД?

Тафаккури озодандешӣ барои оини мо аз азал аз ниёгонамон бо андешаи «пиндори нек, кирдори нек, рафтори нек» ба мерос мондааст. Миллати тоҷик ҳамчун меросбари тафаккури озодагон-ориёӣ дар саргаҳи тамаддуни исломӣ пайвандкунандаи  ду арзиш ҷаҳонбинию тамаддуни ориёӣ ва исломӣ мебошад.

Дар раванди рушди тафаккури мутафаккирони тоҷик бо андешаи озодандешии хеш арзиши аслӣ фаҳмиши офарандагӣ ва мартабаи инсонияту, мақсуд зи офариниши инсонро дарк  карда дар ҳар давра арзиши меҳварии таълимоти дини мубини Исломро бо таровати гуногунрангӣ ба сатҳи олитару олитар бардошта ба инсоният моҳият, мазмуниҷаҳонбинии Исломро кушоданд.

Аммо мутасифона дар шароити имрўзаи ҷаҳони муосир, ҳаммиллатони мо берун аз кишвар бо ҳадафҳои шахсӣ дар зери шиори динӣ ва миллӣ мардумро бо моҷарои сиёсӣ даъват менамояд. Ҷахонбинии муқаддаси Исломиро ба ҷаҳониён ҳамчун тафаккури сиёсии ҷангҷуй муаррифӣ менамоянд, ки бо ин амалашон ба миллати хеш хизмати хирсона менамоянд. Бо шиорҳои миллатдустии «Паймони миллӣ» - мардумро ба нифоқу тариқаандозӣ даъват менамоянд. Бо ин амал кушиш доранд, ки ба табъи нозук ва муқаддаси миллат таъсир намуда, садҳо ҷавонони миллатро бо раҳгумиву саргумӣ кашанд.

Баъдан ҳамагуна мушкилоти Ватану миллатро дар дохил ҳал кардан зарур аст. Харчи шуда аз берун лухтаки манфиатҳои абарқудрат шудан зарурият надорад. Чунки барои абарқудратҳои манфиатхоҳ шиорҳои «озодӣ», «демократия» муҳим нестанд, ва дар Ватани мо чӣ мушкилот асту мардум чӣ гунна умр ба сар мебаранд. Ба онҳо муҳим он аст, ки мақсадхояшонро дар минтақа пиёда намоянд.

Роҳбарияти олии мамлакат дар давраи муҳими таърихӣ бо сарварии Президенти миллат мӯҳтрам Эмомалӣ Раҳмон сиёсати ғаразноки давлатҳои манфиатхоҳро пешгирӣ намуда, гурўҳҳои мухталифи сиёсиро бо як ҳадаф, бунёди давлати мустақили демократӣ, ҳуқуқбунёд муттаҳид намуданд.

Аз ин рӯ, ҳамватанон моро зарур аст, ки берун аз Ватан барои ободии Ватан ҳар чи шуда талош кунанд ва бозичаи дасти бегонагон нагарданд. Аздур истода муваффақиятҳои Ватанро надида аз камбудиҳо ҳарф гуфтан шаъни Ватандорӣ нест. Дар ин давраи тезу тунди зиддияти ҷаҳонӣ бо ин кирдорҳои худ ба давлатҳои манфиатхоҳ барои воридшавӣ ба дохили кишвар ва пиёда намудани мақсадҳояшон бояд роҳ надиҳем. Бо ин кирдору аъмол арзишҳои аслии Ислом ва симои онро дар доираи бархурди тамаддунҳо бадном насозем.

Ҳамватанони мо чӣ медонанд, ки ташкилотҳою давлатҳои манфиатхоҳи саҳронишин чи донанд, ки дарё чӣ ҷӯше дорад, дар минтақа чӣ ҳадафу мақсад доранд?! Минтақа ва кишварро ба ҳолати фалокатбор мисли кишварҳои шарқи мусулмонӣ тела надиҳем. Беҳтар аст, ки дар заминаи сулҳу салоҳи ба даст омада камбудиҳоро бартараф сохта, ба пешрафти кишвар ба хотири фарзандону модарон мусоидат намоем. 

Юсуфи Рустам, саромӯзгори Донишгоҳи

давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев

Log in

create an account