Мақолаҳо

НООРОМИҲО АЗ ҲНИТ САРЧАШМА МЕГИРАНД

Имрӯзҳо дар баъзе расонаҳои иттилоотӣ ва хабарӣ аз ҷониби ҳизби маҳкумшудаи ҲНИТ ҳанӯз ҳам ҳар гуна андешаҳои иғвоангезона ташвиқ карда мешаванд. Ҳамагон хуб медонанд, ки фаъолияти ин ҳизб дар Тоҷикистон ба таври пурра қатъ гардид.  Вале ба ин ҳам нигоҳ накарда ин гуруҳ гӯё баҳри волояти дини мубини Ислом хидамте кардааст. Дар асл бошад фаъолияти он бар зидди арзишҳои дини мубини ислом буда, ғасби ҳокимият, аз байн бурдани сулҳу салоҳ ва доғдор кардани миллат равона шуданд.

Бо ибораи дигар ҳадафи бунёдии ин гуруҳ пеш ҳаз ҳама барҳам додани сохтори конститутсионии кишвари азизамон Тоҷикистон мебошад. Фаъолияти ҳамин гуруҳҳо ба ном «Ислом»  нишон дод, ки чандин ҳазор мардумро фирефтаи идеологияи худ намуда, онҳоро гумроҳ ва  хонавайрон намудаанд. Ҳазорҳо ва ҳазорҳо мардум тавассути идеология онҳо ҷонашонро аз даст додаанд.

Ин гуруҳҳо худро зоҳиран пайравони асили дини Ислом нишон дода, вале амалашон бошад ба ин дин тамоман рабте надорад. Ҳар як фард имрӯз хуб дарк менамояд, ки дини мубини Ислом амалҳои аз қабили  куштор, фиребу найранг, рехтани хуни бегуноҳ ва дигар амлҳои номатлубро маҳкум менамояд. Аммо аламовараш он аст, ки имрӯз ин амалҳо аз ҷониби гуруҳои ба ном ҲНИТ сар зада истодааст. Ҳамагон хуб дарк менамоянд, ки Тоҷикистони азизамон ин гунна амлҳои номатлубро аз сар гузаронида буд ва ируз фирефтаи ягон идеалогия нахоҳад шуд. Барои мардуми  Тоҷикистон пеш аз ҳама дар фазои орому осоишта  зиндагӣ кардан орзуи ягона асту халос. Имрӯз ҳеҷ як тоҷикистонӣ намехоҳад, ки аз нав пойбанди ин гунна идеология шуда, боз сарсону саргардон шавад. Тоҷикистониён имрӯзҳо зери сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат дар фазои орому осоишта зиндагӣ карда истодаанд ва намегузоранд, ки ба ҳаёти осоиштаи онҳо халае ворид гардад.

Бояд як андешаи дигарро зимни ин гуруҳҳо баён намуд, ки онҳо имрӯз аз хориҷи кишвар дар мулки бегона нисбати кишвари худ, нисбати халқи худ, нисбати хешу таборони худ ҳар гуна андешаи аз мантиқ дурро баён намудаанд, ки ин дар маҷмӯъ нобахшиданист. Эшон хуб дар назар доранд, ки онҳоро ҳеҷ гоҳ халқ ва миллат намебахшад. Ҳадафи онҳо ин ноором сохтани вазъи сиёсии ҷомеа асту халос. Вале бо боварии комил метавонем, бигӯем ки халқи тоҷик ба ҳеҷ хотир фирефтаи идеологияи ин гурӯҳҳо нахоҳад гашт.

Гуруҳи аналитикӣ ва таҳлилии ДДХ

 

Log in

create an account