Мақолаҳо

ВАҚТЕ КИ РӮБАҲОИ МУРДА ШЕРОН МЕШАВАНД… (Ҷавоб ба рэпер Дороб Доробов (Dorob –YAN,s ва «Фергана»)

Раванди чаҳони муосир собит месозад, ки ҳанӯз ҳам афроди камсаводу аз фаҳмиши дунявӣ дур нисбати сохти конститутсионии кишвари тоҷикон ҳар гуна андешаҳои ғайриаслиро баён менамоянд. Дар росто ҳакиме низ фармудааст, ки «камсавод аз бесавод хавфноктар аст». Ҳақиқатан ҳам мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки имрӯз нуфузи камсаводон дар ҷомеа афзуда, эшон ҳодисаю воқеаҳоро нодидаю носанҷида ва аз дидгоҳи фаҳмишу тафаккури худ таҳлилу баҳогузорӣ менамоянд.

Ҳоло он, ки ин нафарон тамоми пешрафту инкишоф, ободию ободонӣ, тинҷию амонӣ, сулҳу суботи кишварро, ки орзуи чандинасраи мардумон маҳсуб мешавад, нодида мегиранд. Имрӯз нафароне ҳастанд, ки дар расонаҳои иттилоотӣ аз бобати мухторият, соҳибмулкӣ, мустақилияти худкома, доштани суруди миллӣ ва парчами алоҳидаи мардуми шарафманди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳарф мезананд. Ин гуфтаҳоро метавонем бо мисраҳои Мавлоно Ҷалолиддини Румии бузургвор тақвият бидиҳем:

Оламеро як сухан вайрон кунад,

 Рӯбаҳони мурдаро шерон кунад.

Сараввал, ин нафарон бояд хуб фаҳмида дарк намоянд, ки ВМКБ як ҷузъи ҷудонашавандаи кишвари Тоҷикистон буду ҳаст ва мемонад. Баъдан ба саҳми ин нафарон мерасонем, ки Бадахшон сол аз сол рушду нумуъ карда, ба як минтақаи комилан тараққиёфта мубаддал гашта истодааст ва инро ҳар як фарди соҳибфаҳму нуқтасанҷ хуб дарк мекунад. Бинобар ин, барои ақкалият ҳам шарту зарур аст, ки ҳар ақоиди хешро дар тарозуи ақл санҷида, сипас ба ин ободию созандагӣ бо дидаи ҳақиқатбин баҳо диҳанд.

Ба наздикӣ сомонаи иғвогари «Фергана» бо як ҷавонони ноогоҳу дунёбехабар Дороб Доробов (Доробянс), зодаи ВМКБ ва шаҳрванди Ҷумҳурии Қирғизистон, ки аз худ репери нав сохтааст, мусоҳибаеро таълиф кард. Албатта ҳақиқат талх мебошад ва Доробянс низ то ҷойи кӯшиш менамояд, ки тавассути шеъру клипҳои иғвогаронааш бар афкори мардум, бахусус ҷавонони Бадахшон мусаллат гардаду ба ин васила баҳри барҳам задани суботу оромӣ, сохти конститутсионӣ мусоидат карда, умуман дар ин кор ният дорад дар тарҳи муайяни кишварҳои манфиатхоҳ шарик шавад.

Гарчанде Доробянс зимни як мусоҳиба бо «Фергана» аз худ мусичаи бегуноҳ сохта, гӯё идеяву наворҳои сохтааш бо маблағҳои осмонӣ пиёда нагаштанд ва онҳо фақат дастранҷи ӯ буда, аз ҷониби ягон сарпараст маблағгузорӣ нашуданд. Аммо аслан чунин афсонаҳо бар он боис мешаванд, ки баъзе нафарони фитнандоз аз онҳо ҳангома сохта, ҷавононро ба мубҳамиву раҳгумӣ мебаранд.

Номбурда аз ҷумла қотеъона изҳор доштааст, ки то ҳол Ҳукумати феълӣ дар ВМКБ иқдомеро роҳандозӣ накарда, аслан аксарияти бадахшониён ба ҷудоихоҳӣ майл доранд.

Хоса аз чунин ашхоси ношукуру кӯрнамак пурсише дорем, ки магар ин қадар дастоварду пешравиҳои даврони соҳибистиқлолӣ ба назаратон намерасанд? Умуман, дар суботи сартосарии Тоҷикистон ва баҳри сарҷамъии миллати тоҷик кӣ иқдом гузошт ва минҷумла Пешвои исмоилиёни ҷаҳон Шоҳзода Оғохони чаҳорумро бори аввал ба Бадахшон кӣ даъват кард? Ё он кадомест, ки ҳастии хешро ба халқу миллат бахшида, бо қиммати ҷон онро аз вартаи парокандагӣ наҷот дод?

Оре, танҳо барои шаҳрвандони соҳибнангу арзанда ва бохиради кишвар ҳамчун рӯз барин равшан аст, ки ин хизматҳои шоёни фарзанди фарзонаи миллат – Асогузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ мебошанд. 

Маҳз аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хоса бо супориши бевоситаи Пешвои миллат барои ободию рушди Бадахшон ҳар сол маблағҳои калон ҷудо мегарданд. Дар баробари ин метавон қайд намуд, ки Ҳукумат бо Шабакаҳои Оғохон дар сатҳи ҷумҳурӣ ҳам робитаҳои ногусастанӣ дорад.

Давоми солҳои Истиқлолият ба рушди самтҳои мухталифи вилоят  зиёда аз 6 миллиард сомонӣ равона шуда, дар маҷмўъ дар давоми  ду даҳсолаи охир  дар ҳудуди вилоят 25 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ бо маблағи зиёда аз 1 миллиард сомонӣ сохта гардиданд. Бо маблағи умумии 800 миллион сомони 1200 иншооти гуногун бунёд шудаанд.

Танҳо барои  соҳаи роҳсозии вилоят 5 лоиҳаи сармоягузорӣ бо маблағи зиёда аз 600 миллион сомонӣ амалӣ гардиданд. Бешак ба истифода додани  шоҳроҳи абрешими Кулоб – Қалаихумб – Хоруғ - Кулма яке аз шоҳкориҳои азими даврони навини мамалакат арзёбӣ мешавад. Сохтмони ин роҳ имконият дод, ки    яке аз ҳадафҳои стратегии муҳим барои Тоҷикистони азизамон, раҳоӣ ёфтан аз бунбасти коммуникатсионӣ ҳалли худро ёфта, ҳамзамон ба афзоиши тиҷорати давлат бо кишварҳои дуру наздик мусоидат намояд. Сокинони вилоят феълан метавонанд, дар муддати кўтоҳ ба маркази мамалакат, шаҳри Душанбе ва берун аз кишвар бе ягон мамоният сафар кунанд. Инчунин, кушода шудани ин роҳ ба ташкил шудани ҷойҳои нави корӣ, сохтмони як қатор иншоотҳои маданӣ ва маишӣ дар ҳудуди вилоят барои меҳмонон ва сайёҳони хориҷӣ  шароит фароҳам овард.

Бо мақсади минбаъд ривоҷу равнақ додани хоҷагии халқ ва беҳтар намудани сатҳи зиндагонии сокинони вилоят аз ҷониби Ҳукумати кишвар барои панҷ соли оянда татбиқи 1439 лоиҳа ба маблағи беш аз чор миллиард сомонӣ ба нақша гирифта шудааст. Танҳо соли ҷорӣ бо  дастгирии Ҳукумати мамалакат аз болои дарёи Ванҷоб дар роҳи мошингарди Душанбе – Кӯлоб - Хоруғ  ба маблағи 27 миллион сомонӣ купруки мошингузар ифтитоҳ ёфт. Иқтидори борбардории ин пул 100 тоннаро ташкил дода, дарозии он 146 метр мебошад.

Барои  фаъолияти соҳаи энергетикаи вилоят давоми ду даҳсолаи охир ба маблағи 320 миллион сомонӣ маблағ сарф шудааст. Дар ин муддат иқтидори энергетикии вилоят 31,2 мегаватт зиёд шуда, тавоноии умумии нерўгоҳҳо ба 432 мегаватт расид. Барои ду соли наздик аз ҳисоби буҷети давлат ба соҳаи энергетикаи вилоят зиёда аз 100 миллион сомонӣ ҷудо карда мешавад. Ҷиҳати суръат бахшидан ба рушди ин соҳа бо иштироки Сарвари мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Роштқала ба бунёди нерўгоҳи барқи обии «Себзор» бо иқтидори лоиҳавии 10 меговатт  асос гузошта шуд.  

Дар суханронии Президенти кишвар дар шаҳри Хоруғ инчунин масъалаи ҷалби маблағ барои бунёди корхонаҳои коркарди маъдан, сангҳои қиматбаҳо ва ороишӣ, масолеҳи сохтмонӣ, бунёди инфирасохтори соҳаи иҷтимоӣ ба вазорату идораҳои  ҷумҳуриявӣ супоришҳо дода шуд.

Барои таъмини соҳаҳои илму маориф, фарҳанг ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии вилоят зиёда аз 52 миллион сомонӣ ва таъмиру нигаҳдории роҳҳо 30 миллион сомонӣ равона карда мешавад. Аз ҳисоби маблағҳои марказонидашудаи вазорату идораҳо барои сохтмони иншоотҳои гуногун дар ҳудуди вилоят 208 миллион сомонӣ ҷудо карда мешавад. Дар давоми чор соли охир  аз ҳисоби  буҷети давлат барои рушди соҳаи тандурустӣ 142 миллион сомонӣ ҷудо гардида, кор дар ин самт идома дорад.

Дар раванди созандагӣ бо дастгирии бевостаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар  ноҳияи Ванҷ дар қишлоқи  Ғуҷоваст сехи коркарди ангат бо харҷи 167 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби маблағҳои гранти президентӣ барои занони соҳибкор бунёд шуда, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Дар ин коргоҳ 6 нафар ба таври доимӣ ва дар мавсими ҳосили ангат то 25 нафар бо ҷойи кор таъмин гардиданд. Дар деҳаи Вишхарваки ҷамоати Рованд, маҷмааи туристию истеҳсолии “Ванҷи боло” ифтитоҳ ёфт. Дар ин маҷмаа, ки аз ҷониби ҶДММ “Рухом” бо харҷи беш аз 1 миллиону 750 ҳазор сомонӣ бунёд шудааст, ошхона, толори конфронс бо 30 ҷойи нишаст, меҳмонхона бо 20 ҷойи хоб ва 1 истироҳатгоҳ мавҷуд аст.

Бо шарофати соҳибистиқлолии Тоҷикистони азиз симои шаҳру ноҳияҳои ВМКБ куллан зебову обод гашт. Бояд зикр намуд, ки маркази ноҳияи Дарвоз шаҳраки Қалаихумб бо дастгирии Ҳукумати мамлакат, талошҳо ва супоришҳои  пайвастаи Пешвои миллат рушд ёфта, танҳо солҳои охир дар ноҳия аз ҳисоби маблағҳои давлат нерўгоҳҳои барқи обии «Ширг-1» ва «Ширг-2»  бо ташаббуси  соҳибкорони маҳалливу ҷалби инвеститсияи хориҷӣ, корхонаҳои  саноатӣ ба монанди корхонаи коркарди санги “Карона - мармар”, коргоҳи замонавии «Карона – Гавҳарнигор», Маркази омӯзиши ҳунарҳо, кохи бонувон бо номи «Меҳри модар», ки барои 500 нафар пешбинӣ шудааст, мавриди истифода қарор гирифт. Зимни сафари корӣ аз тарафи Роҳбари давлат дар ноҳияи Дарвоз бинои филиали бонки Ҷамъияти Саҳҳомии Кушодаи “Тоҷиксодиротбонк”, Шуъбаи маориф ва меҳмонхонаи «Карон Палас» кушода шуд.

Дар ноҳияи Рўшон санги асоси бинои маъмурии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия гузошта шуд. Арзиши лоиҳавии сохтмон 8 миллион сомонӣ буда, дар корҳои сохтмонӣ асосан мутахассисони маҳаллӣ ҷалб гардиданд. Қасри фарҳанги ноҳия барои 460 ҷои нишаст, тўҳфаи беҳтарини Роҳбари давлат ба мардуми санъатдўсти Рўшон пазируфта шуд.

Дар ин мулоқот бо сокинони ноҳия қайд гардид, ки «Дар асоси дастуру супоришҳои  Роҳбари давлат бо мақсади рушди соҳибкории хурду миёна дар се соли охир ба соҳибкорони ноҳия 84 миллион сомонӣ   қарз дода шудааст, ки 15 миллион сомонии он ба шашмоҳаи аввали соли ҷорӣ рост меояд». Инчунин,  дар мулоқот масъалаи бунёди иншооти муҳим барои Тоҷикистон ва минтақа нерўгоҳи барқи обии Санобод баррасӣ гардид.. Рушди водии Бартанг, аз ҷумла сохтмони роҳҳо, пулу купрукҳо, роҳ ба кўлӣ Сарез аз ҷумлаи  ҳадафҳои муҳими роҳбарияти олии кишвар  ба ҳисоб мераванд.

Дар давоми се соли охир аз ҳисоби буҷети давлатӣ барои тараққиёти ноҳияи Шуғнон 130 миллион сомонӣ ҷудо карда шудааст. Сохтмони маркази ноҳия, яъне шаҳраки Вахдат идома дорад. Соли гузашта корхонаҳои саноатии ноҳия ба маблағи 20 миллион сомонӣ ва дар шаш моҳи аввали соли равон кариб 12 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол карда шуд. Сарвари давлат дар суханрониашон қайд намуд, ки «талаботи аҳолии вилоят ба орд ҳар моҳ аз 10 то 15 фоиз афзуда истода, бо ба кор оғоз кардани корхонаи коркарди ғалла  дар деҳаи Боғеви ноҳияи зикршуда бо иқтидори коркарди 60 тонна ғалла дар як шабонарўз,  талаботи аҳолии вилоятро  бо орди истеҳсоли маҳаллӣ пурра таъмин  менамояд».

Ҳоло дар ноҳия бо мақсади рушди соҳаи кишоварзӣ ва чорводорӣ корҳои зиёде роҳандозӣ шуданд. Мардуми сарбаланди Шуғнонзамин аз дастгирии  бевоситаи Президенти мамлакат изҳори сипос карда, бори дигар аз  сиёсати  пешгирифтаи давлату Ҳукумати мамлакат изҳори каноатмандӣ менамоянд.

Маҳз бештари ободкориҳои  замони соҳибистиқлолӣ  ба маркази вилоят, шаҳри Хоруғ рост меоянд. Танҳо дар давоми панҷ соли охир симои маркази вилоят куллан дигаргун гашт. Бо супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои хирадманди миллат Эмомалӣ Раҳмон дар соли 2015 дар маркази вилоят шаҳри Хоруғ ба оғози корҳои сохтмонӣ як қатор иншооти муҳими соҳаи иҷтимои, маориф ва фарҳанг асос гузошта шуд. Сохтмони Раёсати маорифи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо арзиши лоиҳавии 5 миллиону 305 ҳазор сомонӣ, сохтмонии бинои коллеҷи тиббӣ барои 240 донишҷӯ ва хобгоҳ барои 100 ҷой аз  ҷумлаи ин созандагӣ мебошанд.

Дар раванди ин сафар соли гузашта Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба оғози корҳои сохтмонии шаҳраки навбунёд дар  мавзеи  Тем асос гузошт ва бо ин мақсад 214 гектар замин барои сохтмон ҷудо гардид. Барои корхои омодасозии бунёди шаҳрак хароҷоти 130 миллион сомонӣ пешбини гардида, ин шаҳраки навбунёд бо тамоми инфрасохтораш барои 15 ҳазор нафар сокин муқаррар шудааст. Дар вохўрӣ бо сокинони вилоят Сарвари давлат изҳор намуд, ки солҳои наздик шаҳри Хоруғ ба мақоми шаҳр баробар карда мешавад ва сохтмони биноҳои баландошёна вусъат меёбанд.

Соли 2015 дар нимаи дуюми моҳи июл бо сабаби гармии пай дар пай дар ноҳияҳои Шуғнон, Рўшон, Ванҷ, Дарвоз ҳароратии ҳавоб баланд шуда,  офатҳои табии аз қабили фаромадани сел ба миён омад. Дар натиҷаи ин офати табии дар ноҳияхои дар боло зикришуда ва дигар манотиқи кишвар манзили истиқоматии 149 оила аз ҷумла 93 хона пурра ва 56 хона қисман хароб гардида, дар ноҳияи Ванҷ бошад, талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта шуд. Мувофиқи маълумот дар ҳудуди  Ҷумҳурии Тоҷикистон зарари офати табиӣ зиёда аз 600 миллион сомониро ташкил дод. 

Президенти кишвар ҷихати бартараф намудани офати табии ба Ҳукумати кишвар ва тамоми мақомотҳои ҳокимияти маҳаллии вилоят, шаҳру ноҳияҳо супориш дод, ки ҳарчи тезтар ба сокинони минтақаҳои зарардида кўмак расонида шавад.  Барои сохтмони манзилҳои истикоматии зарардидагон ҷой ҷудо гардида, дар як вақт масолеҳи сохтмони низ оварда шуд ва сохтмони манзил барои зарардидагони офати табии деҳаи Барсем оғоз ёфт. Бояд қайд намуд, ки бо дастгирии Ҳукумати кишвар ва бевосита Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мўҳлати кўтоҳтарин  зарардидагони ин деҳа соҳиби манзилҳои истиқоматии нав ва бо тамоми чизу чораи зарурӣ таъмин шуданд. Дар ноҳияи Шуғнон  боз як деҳаи замонавӣ бо  тамоми инфрасохтораш қомат афрохт.

 Ҷиҳати рушди минбаъдаи хоҷагии халқи вилоят ва таъмини яке аз ҳадафхои аввалиндараҷаи кишвар, яъне таъмини истиқлолияти энергетикӣ дар вилоят соли 2016 анҷоми корҳои лоиҳакашӣ ва оғози сохтмони нерўгоҳи «Себзор» бо тавоноии 10 мВт, «Мотравн» - и ноҳияи Ванҷ бо тавоноии 300 кВт,  «Рошорв» - и Бартанги ноҳияи Рӯшон, асосноккунии техникию иқтисодии НБО-и «Санобод»  бо тавоноии 125 мВт ва гайра идома доранд.*

Барои ба сатҳи байналмилалӣ мутобиқ гардонидани роҳи мошинагарди Душанбе – Кулоб – Қалъаихумб – Хоруғ - Кулма соли 2016 оғози таҷдиди ду кисмати рохи душвортарин ба маблағи беш аз 800 миллион сомонӣ авҷ гирифт. Корҳои  омодасозии лоиҳа барои таҷдиди роҳи мошингарди Қалаихумб -  Ванҷ ба масофаи қариб 110 км бо арзиши умумии беш аз 2 миллиард сомонӣ идома дорад.

Хуллас, феълан садҳо иншооту барномаҳои дигаре ҳастанд, ки махсус ба рушди ВМКБ нигаронида шуда, агар дар бораи ҳамаи онҳо ҳарф занем, чандин саҳифаҳо камӣ мекунанд. Аммо ногуфта намонад, ки худи Дороб Доробов ва чанд тан аз ҳаммаслаконаш, ки ҳанӯз ҳам аз даҳонаш бӯи шир меояду вақтҳои охир бар сари худ санги разолат мезананд ва дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳаргуна ахбороти бофтаю обшустаро паҳн мекунанд. Яъне бешубҳа ин тасмигирии онҳо оқибати нохуш дошта, ҳатто метавонад бар шуҳрату касбияти он зарбаи ғайричашмдошт ворид созад.

Гурӯҳи таҳлилӣ ва аналитикии

Донишгоҳи давлатии Хоруғ

ба номи Моёншо Назаршоев

 

Log in

create an account