Мақолаҳо

ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ТАШАББУСКОРИ МАСОИЛИ ГЛОБАЛӢ

Муаллиф: Суҳайло ДАВЛАТБЕКОВА, муовини декани факултети биологияи Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М. Назаршоев

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар байни мамлакатҳои Осиё аз ҷиҳати фаровонии захираҳои обӣ аз қабили пиряхҳо, дарёҳо, кўлҳо, обҳои зеризаминию маъданӣ мақоми шоиста дорад. Дар ҷумҳури қариб 1000 дарё ва дарёҳои хурд мавҷуданд. Тоҷикистон аз кӯлҳою обҳои зеризаминӣ низ бой мебошад. Аз ин ҷост, ки захираи обии Тоҷикистон дар шароити ҳозира на танҳо барои таҳкими иқтисодиёти ҷумҳурӣ, балки тамоми Осиёи Марказӣ аҳамияти бузург дорад. Бинобар ин, амиқан омӯхтани дарёҳои кишвармон барои мо бисёр зарур аст. Захираҳои обии Тоҷикистон аз пирях, дарё, кӯл ва обҳои зеризаминӣ сарчашма мегиранд.

Олимон муайян карданд, ки масоҳати пиряххои кӯҳӣ дар натиҷаи гармшавӣ, ки баъди яхбандии чорумин ба вучуд омада буд, кам гардид. Тамоюли дигари кам гардидани масоҳати пиряхҳои Помир ва Осиёи Миёна ба проблемаи баҳри Арал алокаманд аст. Чуноне, ки маълум аст, аз сатҳи баҳри Арал хар сол зиёда аз 1миллион тонна намак ба ҳавои атмосфера дохил мешавад. Ин яке аз нишонаҳои проблемаи минтақавии Арал мебошад, ки таъсири он ба пиряхҳои Помир мушоҳида мегардад.

Мутаассифона, дар кишвари мо захираи пирях то 20 километри мукааб коҳиш ёфтааст. Бузургтарин пиряхи кӯҳӣ Федченко 1 км дарозӣ, 11км² масоҳат ва 2 км-и мукааб хаҷми худро гум кардааст. Ин аломатҳо хусусияти ба бӯҳрони захираҳои обӣ дучор шудани манотиқи Осиёи Миёнаро инъикос менамояд.

Мувофиқи маълумоти навин дар минтақаи кӯҳҳои Помир 1085 пиряҳои калон ба ҳисоб гирифта шудааст, ки 54 % - и онҳо аз 2 то 6 км дарозӣ доранд. Дар ин ҷо аз ҳама калонтарин пиряхи Федченко мебошад, ки яке аз пиряхи калонтарини ҷаҳог ба хисоб меравад. Пиряхи Федченко шохдор буда, 156 км ² масоҳат дорад ва дарозиаш 71-78км-ро ташкил медихад.

Бо вуҷуди мушкилоти солҳои охир, Тоҷикистон таҳти сарварии Пешвои муаззами миллат Эмомали Раҳмон дар ҳаллу баррасии як қатор проблемаҳои глобалӣ иқдом намуд. Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ дар яке аз суханрониҳояш перомуни масъалаи об таъкид карданд: “Мамлакати мо дар сарчашмаи асосии захоири оби тоза қарор дошта, зиёда аз 60 фоизи захоири обии Осиёи Миёнаро дарбар мегирад ва аз проблемаи глобалии норасоии оби ошомидани дар канор намемонад. Имрӯз, ки зиёда аз миллиардҳо нафар одамон дар тамоми ҷахон аз оби ошомидании безарар маҳруманд, мо наметавонем аз ин бехавотир монем. Барои ин яке аз вазифаҳое, ки Тоҷикистон дар назди худ гузоштааст - чалб намудани диққати Ҳукумат, созмонҳои байналхалқию ғайридавлатӣ ба зарурати ҷудо намудани диққати аввалиндараҷа ба проблемаи оби тоза ва ҳифзи муҳити атроф, идоракунӣ ва истифодаи оқилонаи онҳо мебошад”.

20 - уми декабри соли 2000 - ум дар сесияи 55 - уми Асанбелияи Генералии Созмони Милали Муттаҳид бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон соли 2003 – “Соли оби тоза” эълон гардида буд. Ташаббуси Тоҷикистон ба он равона гардид, ки диққати ҷомеаи ҷаҳонӣ ба роҳи ҳал намудани проблемаи об дар ҷаҳон зиёдтар гардонад. Тавре маълум аст, об ва хусусан оби тоза - асоси рушди ҳамаи мавҷудоти зиндаи рӯи замин мебошад, аз ҳолати миқдорию сифатии он пойдории экосистема, саломатии одамон ва пешрафти иктосодиёт вобаста аст. Харчанде ки мо обро эҳтиёт ва оқилона истифода  намоему дурусттар идора намудани онро омӯзем, аз он некуҳаволии мо вобаста аст.

- Об чун дастоварди умумӣ фаҳмида мешавад, - зикр намуд Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромади хеш аз минбари Созмони Милали Муттаҳид. Ва онро бояд ба манфиати насли оянда муҳофизат намоем.

Дар ҷамъбасти сессияи 55 - ум бо эълон гаштани соли 2003 – “Соли байналмилалии оби тоза” ва аз тарафи 148 давлати чаҳон дастгири ёфтани он воқен ташаббусӣ олӣ буд. Инчунин қарор қабул шуд, ки Форуми байналмилалии оби тоза дар шаҳри Душанбе баргузор гардад.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи августи соли 2002 оид ба гузаронидани Форуми байналхалқии оби тоза, ки аз 29 август то 1 сентябри соли 2003 дар шаҳри Душанбе, қарорро қабул намуд. Бо ин хадаф Кумитаи ташкилотӣ оид ба гузаронидани фурӯш таҳти роҳбарии собиқ Сарвазири кишвар Оқил Оқилов таъсис дода шуд, ки онро собиқ муовини сарвазир Қ. Коимдодов сарварӣ менамуд.

 Соли 2003 бо дастгирии СММ дар Душанбе Форуми байналхалқии оби тоза барпо гардид. Кушодашавиии Форум, қисми тантанавӣ ва ҷамъбасти он бо намояндагони Президенти кишварамон гузашт. Аъзоёни Форум ҳайати вакилони расмии 53 давлат ва анқариб 100 созмони байналхалқию ғайридавлатӣ буданд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон диққати ҳозиринро ба он ҷалб менамуд, ки проблемаи оби тоза дар сайёра дар оянда низ муҳиммияти худро гум намекунад ва дар алоқамандӣ бо ин ӯ пешниҳод намуд, ки давраи аз соли 2005 то соли 2015 Даҳсолаи байналхалқии оби тоза эълон карда шавад.

 ”Ин иқдом бо ҳадафи амалӣ намудани Баёнияи рушди ҳазорсола оид ба об нигаронида шудааст, ки тибқи он то соли 2015 коҳиш додани теъдоди одамони ба оби тозаи ошомиданӣ дастрасӣ надошта дар назар дошта шудааст”, - зикр намуданд, Эмомалӣ Раҳмон.

Ҳамчунин дар Форуми 111-и байналхалкии захоири обе, ки дар Киото барпо шуд, Президенти кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  Сарвари Фонди байналмилалии наҷотдиҳии Арал (МФСА) интихоб гардид.

22 марти соли 2005 дар Рӯзи умумиҷаҳонии об ва захираҳои оби дар штаб - квартираи СММ бахшида ба Даҳсолаи байналхалқии амалиёти «Об барои ҳаёт» чорабинии тантанавӣ баргузор гашт.  Дар мавзӯи парблемаҳои баҳри Арал ва ҳифзи рахнашавии кӯли Сарез як қатор чорабиниҳо ва ҷаласаҳо баргузор гардиданд.

Сарвари Фонди байналмилалии наҷотдиҳии Арал мехост, ки аз нав ҷомеаи байналхалқиро ба кӯмаки амалии давлатҳои Осиёи Марказӣ дар паст гардонидани ин фалокати экологии глобалӣ даъват намуд.

Инчунин коркарди барноми амалиёти аниқ дар беҳтаргардонии ҳолатҳои экологӣ ва иҷтимоию иктисодӣ дар ҳавзаи Арал, ки мӯҳлаташ то соли 2010 таъин шуд, дида баромад. Аз соли 2000 - ум бо дастгирии бонки умумиҷахонӣ дар Тоҷикистон лоиҳаи паст гардонидани хавфи рахнашавии кӯли Сарез амал менамояд. Масъулияти гузаронидани ин аз тарафи Тоҷикистон ба уҳдаи «Агенти Сарез» гузошта шуд.

Захоири гидроэнергетикии Тоҷикистон дар робитаи иқтисоди диққати бисёр давлатҳоро ба худ ҷалб намуд. Тоҷикистон ягона ҷумҳурии ИДМ мебошад, ки дар сохтори сузишвори энергетикиаш захираҳои гидроэнергетикӣ роли ҳалкунанда доранд ва қариб 8,5% захираҳои гидроэенергетикии ИДМ-ро ташкил медиҳанд.

Дарёи Вахш ва Панҷ аз лиҳози захираи гидроэнергетикӣ аз дигар дарёхо бойтар мебошанд. Ба дарёи Вахш 30% захоири гидроэнергетикӣ рост меояд. Аз рӯи лоиҳа истифодабарии дарёи Вахш, дар ҳудуди аз якҷошавии дарёи Суҳроб ва Хингоб то баромадан ба ҳамвории соҳили Ому 10 неругоҳи обию барқӣ таъин шудааст. Дар давраи ҳозира дар ин ҳудуд 5 НОБ сохта шуда, яъне дар дутои дигар Роғун ва Сангдуда корҳои сохтмонӣ идома доранд.

Мавриди истифода қарор додани Роғун ва Сангтуда дар шароити хозира барои Точикистон ахмияти калони иқтисодию сиёсӣ дорад. Барои ин, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Федератсияи Руссия ва Ҷумҳурии Исломии Покистон барои зудтар ба анҷом расонидани сохтмони НОБ - и мазкур шартнома баста шуд. Сохтмони НОБ - и Сангтуда аз тарафи Руссия дастгирӣ ёфта, ҳоло иншооти он дар арафаи бунёдёбӣ қарор дорад.

Захираи гидроэнергетикии Тоҷикистон инчунин диққати давлатҳои аъзои Созмони ҳамкориҳои Шанхай ва иттиҳодияҳои иқтисодии Евро Осиёро ҷалб намуда, дар мадди назари онҳо аст. Аз ҷумла дар саммити Созмони ҳамкориҳои Шанхай, ки дар Душанбе баргузор гардида буд, ин мавзӯъ мавриди муҳокима қарор гирифт. Хитой дар тараққиёти гидроэнергетикаи тоҷик рағбати калон зоир намуд. Соли 2006-ум ширкати калонтарини Хитой, ки ба сохтмони даргот неругоҳҳои обию барқӣ махсусгардонидашуда амалӣ намудани як қатор лоиҳаҳоро дар Тоҷикистон дида баромад. Хусусан, кормандони ин ширкат ба омузиши лоиҳаи давраи Шуравӣ, сохтмони НОБ - и Оббурдон дар дарёи Зарафшон шуруъ намуда, сохтмони якчанд неругоҳи обию барқиро дар дарёхои Зарафшону Сурхоб дида баромаданд.

Ноҳияҳои ғарбии Хитой, хоса пастии Тарим ба об ва энергия ниҳоят ниёз доранд. Ҳамкории Хитой бо Тоҷикистону Кирғизистон имкон медиҳад, ки ин проблема ҳал гардад. Қобили зикр аст, ки рушди гидроэнергетикаи Тоҷикистон ба манфиати ҷонибхо равон хоҳад шуд ва аз ин лиҳоз бояд аз тарафи ин кишварҳо хуб дастгирӣ ёбад.

Таҳлили нисбии ҷойгиршавӣ ва аҳамияти захоири обӣ дар ҳудуди Тоҷикистон бараъло нишон медиҳад, ки масъалаи мазкур дар солиёни наздик як маҳаки асосии рушд ва пешрафти Тоҷикистон шуда метавонад ва ба дараҷаи инкишофи соҳаҳои муҳимтарини он таъсири ҷиддӣ мерасонад. Ин масъала мумкин аст, ки дар солҳои минбаъда ба масъалаи муҳимтарини сиёсӣ низ табдил ёбад, зеро ғонеъ гардонидани талаботи заминҳои беканори ҷамоҳири Узбекистон ва Туркманистон аз дараҷаи истифодабарии об дар минатақаи болоб, бахусус дар Тоҷикистон ва Кирғизистон вобастагӣ дорад.

Хамин тарик, аз гуфтаҳои боло бармеояд, ки дуруст ба роҳ мондани масъалаи истифодабари захоири обии Бадахшон ва дар умум Тоҷикистон дар оянда аҳамияти калони амалӣ дошта, он манбаи бузургтарини даромади пулӣ шуда метавонад. Ҳамин тавр, самаранокии он аз дараҷаи дуруст баҳо додан ба захоири мавҷуда ва дуруст мавриди истифода қарор додани онҳо вобастагии зич дорад. Яъне истифодабарии захоири мавҷуда бояд як стратегияи амалии давлати ҷавони соҳибихтиёри мо гардад ва камбудии захираҳои дигари энергетикии онро бояд пурра рупуш намояду бо он рушд ва пешрафти сазоворро таъмин созад.

 

Log in

create an account