Мақолаҳо

ҲАР ФАРДЕ, КИ МИЛЛАТРО НАҶОТ ДОД...

Ҳар фарде, ки миллатро наҷот дод, дар назди Худованд аз азизтарин шумурда мешавад.

Аз замони пайдоиши инсоният то ба имрӯз, дар ҳар давру замон ҳадафи асосии мардум ин дар муҳити орому осоишта умр ба сар бурдан ва фаъолият кардан мебошад. Тамоми тараққиёт ва пешравии ин ё он  кишвар маҳз ба мафумҳои  «ором», «осоишта», «амну амонӣ», «тинҷӣ» ва ҳамсоли инҳо сахт пайвастагӣ дорад.

Ҳамагон хуб медонанд, ки Тоҷикистони азизу осоиштаи мо низ дар солҳои навадуми асри гузашта дар гирдоби норомӣ, ноосоиштагӣ, нотинҷию ноамонӣ қарор дошт. Гурӯҳҳои мухталифи кишвар мехостанд, ки Тоҷикистонро пора – пора сохта, ба қисматҳои алоҳида ҷудо намоянд.

Чандин ҳазор мардумон бехонумон, чандин ҳазорҳои дигар сарсону саргардон, ҳазор ва ҳазорҳои дигар беному бенишон ва чандин ҳазорҳои дигар муҳоҷир гаштаанд, ки инро ҳар як сокини кишвар мефаҳмад ва дарк менамояд. Такрор ба такрор ва пайваста бояд ба саҳми сокинони кишвар мерасонем, ки дар ин вазъи парешонҳолию сарсонӣ қудрати азалию, нияти неку поки Пешвои муаззами миллат ғалаба кард ва ин мардумони сарсону саргаштаро аз варатаи марг наҷот дод ва ба кишвар амну амонӣ овард, ки инро ҳар як фарди ҷомеа бояд бо нерӯи ақлонии худ дарк кунад ва аз болои он андеша намояд.

Вале афсӯс имрӯзҳо нафароне ва гурӯҳҳое ҳастанд, ки ин тинҷию амониро нодида мегиранд ва барои ҳадафҳои шахсии худ талош варзида истодаанд. Яке аз ин гуруҳҳо ҲНИ мебошад, ки ҳанӯз ҳам осоиштагии мардумони кишвари худро қадр накарда ба муқобили сохти констутсионии кишвар мубориза бурда истодаанд. Кас ба андеша меафтад, ки оё ин гуруҳҳо ягон бор дар бораи оромии кишвар андеша мекарда бошанд ё не? Оё ин гуруҳҳои ба ном Ислом, ки  нахуст оғози он аз сулҳу салоҳ шурӯ мегардад  ва дар ҷаҳон ҳамчун  дини сулҳу салоҳ дониста шудааст чи хидматҳое карда бошанд? Чаро ин гуруҳҳо номи Исломро дар ҷаҳон доғдор сохтаанд? Ва хуллас чаро-чароҳо бисёр аст.

Бояд такроран таъкид намуд, ки пешравии ин ё он кишвар қабл аз ҳама ба фазои тинҷу оромии он сахт алоқамандӣ дорад. Бойгарӣ ва сарватмандӣ насиби ҳама кас мешавад вале ин аз саъйю кӯшиши худи инсон вобастагии сахт дорад. Ба гуруҳҳои ҲНИ чунин арз меномем, ки имрӯз мардумони кишвари азизамон Тоҷикистон  нерӯи бузурги зеҳнию ақлонӣ доранд ва ҳеҷ гоҳ фирефтаи андешаҳои Шумо нахоҳанд гашт. Ҳадафи Шумо ин боз кишварро ба гирдоби нооромию сарсонӣ кашидан асту халос. Идеологияи Шумо имрӯз на мардумро ба умеду ояндаи нек раҳнамун месозад, балки инсониятро аз зиндагӣ маҳрум месозад.

ПАЙРАВИ ҲАҚ, Донишгоҳи давлатии

 Хоруғ ба номи М. Назаршоев

 

 

Log in

create an account