Мақолаҳо

ҲИМОЯИ МАРЗУ БУМИ КИШВАР ВАЗИФАИ ШАҲРВАНДӢ

Бояд қайд, ки  имрӯз халқи точики мо бо қадамҳои устувор барои хуррамгардонии сарзамини  биҳиштосо, рушду равнақи мамлакат саҳмгузоранд. Таъмин намудани рушди босуботи иқтисодӣ ва ба ин васила баланд бардоштани сатҳу  сифати зиндагии мардум аз оғози даврони истиқлолият то ба имрӯз аз ҳадафҳои асосии давлат ва ҳукумат ба ҳисоб  мераванд. Таъмини сулҳу субот, ваҳдати миллӣ имконият ва шароити  фароҳам  овард, ки дар зарфи ду даҳ соли охир кишвари мо иқтисодиёт ва иьтимоашро   барқарор созад, балки онро  рушд намояд.

Таъмини сулҳу субот, ваҳдати миллӣ имконият ва  шароити  фароҳам  овард, ки дар зарфи  27  соли охир  кишвари мо иқтисодиёт ва иьтимоашро барқарор созад, балки онро  рушд намояд. Амалӣ намудани ҳадафҳои стратегӣ аз кабили  баровардани мамлакат аз бунбасти коммуникатсионӣ, ба даст овардани истиқлолияти  энергетики ва таъмини амнияти озуқавории мамлакат яке аз вазифаҳои аввалин дараҷаи Ҳукумати кишвар баҳисоб меравад.

Дар сиёсати хориҷӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон тарафдори рушди муносибатҳои дўстона бо мамлакатҳои ҳамсоя, минтақа ва ҷахон мебошад. Дар раванди таъғироти геополитикии ҷаҳони муосир бахусус дар ҳалли маъсалахои глобалӣ, таъмини  амнияту суботи минтақа, мушкилоти  Афғонистон, мубориза ба муқобили терроризму экстремизм Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъол мебошад.

Дар шароити таҳаввулоти фазои сиёсии ҷаҳон ва раванди босуръати ҷаҳоншавӣ  кишварҳои олам ба мушкилот ва хатарҳои зиёде дучор омадаистодаанд. Солҳои охир башарият шоҳиди амалҳои нопоки  ҳарактҳои ба ном исломӣ буд, ки ба дину мубини поки ислом ягон алоқа надоранд, дар  минтақаҳои Осиёи Ҷануби Шарқӣ ва Марказӣ бахусус Покистон, Афғонистон, Ҳиндустон, Хитой. Сурия, Ироқ, Миср ба даҳшатафтонӣ ба куштору ғоратгарӣ  машғул  шуда, ба муқобилӣ шахсони  бароионҳо номақбул ва афроди ғайри ислом «ҷиҳод» эълон  мекунанд.

Баъзе аз кишварҳои абаркудрат барои  амалӣ намудани  манфиатҳои ғаразнокашон бо ном «ҷорӣ намудани демократия», «таъмини ҳуқуқу  озодии шаҳрвандон» дар  ҳудуди мамлакатҳое, ки дорои захираҳои бойи табиианд аз ин гурўҳо ва созмонҳои  ифротгаро истифода ва дастгирӣ низ мекунанд. Натиҷаи  бо ном «демократия» - и ғарбро имрўз  дар мисоли нооромиҳои Сурия, Ироқ. Тунис, Миср, Афғонистон, Фаластин. Украина, Либия, кишварҳои Африқо эҳсос менамоем.  

Авҷ гирифтани фаъолияти гурўҳои тундгарои исломӣ  дар минтақа,  баромадани нерўҳои нигаҳдори  сулҳи ИМА ва иттифоқчиёни онҳо аз хоки Афғонистон, омилҳои навбатианд, ки  тақдири  минбаъдаи Осиёи Тоҷикистон бо истифода аз имкониятҳои ҳарбӣ-техникӣ имрўз сарҳади ҷанубии кишварҳои ИДМ-ро аз ҳар гуна қувваҳои беруна, ки метавонанд вазъи кишварҳоро ноором созанд, ҳифз карда истодааст.  Кишвари мо  дар  таъмин ва амнияти минтақаи Осиёи Марказӣ, бахусус таҳкими сулҳу субот  дар Афғонистон, мубориза ба муқобили  қочоқи маводи мухаддир ва дигар таҳдидҳои глобалии муосир  дар баробари субектҳои дигари ҷомеъаи ҷахонӣ нақши босазо дорад.

Ҳимоя намудани марзу буми  кишвар  дар замони таҳаввулоти ҷахони муосир вазифаи  муқаддаси ҳар як шаҳрванд мебошад. Танҳо  ақли солим, дурандешӣ ва зиракии сиёсӣ,  масъулияти шахсӣ дар назди давлату миллат, ватандўстӣ, номуси ҷавонмардӣ метавонад ҳар як шахсро аз гирдоби равияҳои иртиҷоӣ наҷот диҳад.

Давлатҳои дунё  имрўз ба он манфиатдор  аст, ки дар таъмин намудани амнияти миллӣ, нигоҳ доштани истиқлолияти комили сиёси, таъмини шароити арзанда ва инкишофи озодонаро дар кишварашон роҳандозӣ намоянд.

Пас ин омилҳои таҳдидкунанда  ба ҷомеаи  башарӣ бояд дар доираи  ҳамкориҳои судманди  сиёсӣ, иқтисодӣ ва  ҳарбӣ дар  самти мубориза ба муқобили терорризм, ҳамагуна гурўҳои ифротгаро ва ғайраҳо  вусъат ёбанд.

Яке аз вазифаҳои  муҳими  ин  давра ҳифзи муққадасот, бахусус сарҳади давлатӣ аз ҳар гуна қувваҳои ифротӣ, гурўҳои гайриқонунӣ ва  маводи мухаддир, ки ба амнияти  мамалакат таҳдид менамоянд.

Солҳои охир  фаъолияти  ин гуна гурўҳои  муташаккил дар марзи кишвари мо фаъол гардидааст. Дар ин маврид вазифаи ҳар як шаҳрванди  Тоҷикистон, бахусус сокинони деҳот, ки ҳамсарҳад бо Ҷумҳурии Афғонистон мебошанд бояд зиракии сиёсиро аз даст надода, ҳамеша дар  муҳофизати сарҳад бо  мақомотҳои амниятӣ ҳамкор бошанд.

Сулҳу субот дар   мамлакат ба рушди кишвар, беҳтар гардидани  некуҳаволии сокинони  вобастагии зич дошта, ояндаи ҳар яки мо аз он вобастагӣ дорад.

 

Алимшоев Мамадризо Мамадасанович,

номзади илмҳои таърих, дотсент

 

Log in

create an account