Мақолаҳо

НА ҲАР КӢ ТАРФИ КУЛАҲ КАҶ НИҲОДУ ТУНД НИШАСТ…

На ҳар кӣ чеҳра барафрӯхт, дилбарӣ донад,

На ҳар кӣ оина созад, Сикандарӣ донад.

На ҳар кӣ тарфи кулаҳ каҷ ниҳоду тунд нишаст,

Кулаҳдориву оини сарварӣ донад.

Имрӯз башарият ба одоби баланд, ахлоқи ҳамида ва маънавиёти волою созанда чун обу ҳаво дорад. Мардуми Тоҷикистон имконоти бузурги таърихиро мувофиқи хосту иродаи худ ба манфиати ҷомеа, ба хотири ояндаи нек ва хушбахтии он, таҳкими ваҳдати миллӣ ва рушду давлати озоди худ равона намуда, имрӯз ба дастовардҳои бузурги назаррас ноил гардидааст.

Асли ҳастии инсон ҷисман вуҷуд доштан нест. Агар миллат ҷисман вуҷуд дошта бошаду маънан не, он гоҳ метавон гуфт, ки миллат ба ҳадди нестӣ расидааст. Аммо бо камоли ифтихор метавонем бигуем, ки мардуми тоҷик дар самои бесаҳоби Ватан ситораи дурахшон чун Пешвои муаззами давлату миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дорад. Ӯ тавонист мафҳуми Ваҳдатро байни ому хос маъмул гардонад ва Ваҳдати миллиро ба вуҷуд оварад. Тавассути ҷонфидоиҳои худ умеди тозае дар дилу дидаи халқи азизу ҷафокашидааш бедор намуда, умед ба фардои неку дурахшонро ҷилвагар намуд.

Имрӯзҳо аз ҷониби баъзе гурӯҳҳо, аниқтараш гурӯҳи ҲНИ ин дастовардҳои беназири кишварамон нодида мемонад. Ҳадафи асосии ин гуруҳ боз мардумро ба ҷангу ҷидол кашидан ва сарсону саргардон кардан мебошад. Ҳар як соҳибфаҳму соҳибназар ба қадри сулҳу ваҳдати миллӣ пурра сарфаҳм меравад ва идеологияи ғаразноки ин гуруҳоро ҳеҷгоҳ ва ба ҳеҷ хотир қабул нахоҳад кард.

Мардуми тоҷик сохиби сулҳу ваҳдат ҳасту буду мемонад. Аз номи кули мардуми шарифи тоҷик дуогуем, Парвардигоро! Эътибору мақоми ин миллатро дар  тамаддуни ҷаҳонӣ боз баланд, истиқлолияту ваҳдат ва сулҳу амониро садсолаҳову ҳазорсолаҳо пойдор гардон.

ФИДОИ Нур, Донишгоҳи давлатии

Хоруғ ба номи М. Назаршоев

 

 

Log in

create an account