Мақолаҳо

МО ҶАВОНОН МУҲТОҶИ ҲНИ НЕСТЕМ ВА НАМЕШАВЕМ !!!

 Боиси ифтихор аст, ки имрӯз дар Тоҷикистон адлу адолат  ҳукмфармо буда , беҳбудиву пешрафти иқтисодию сиёсии  кишвар рӯз аз рӯз пешрафтааст. Воқеан ҳам,  адолат то ба  имрӯз яке аз пояҳои пойдории дилхоҳ ҷомеа ва давлат  ба шумор меравад. Бинобар ин ,  Ҳусайн  Воизи Кошифӣ дар асари машҳур худ “ Футувватномаи султонӣ”  оид ба тарзи давлвту давлатдорӣ, ягонагии ҳокимияти динию дунявӣ, шахсони соҳибмансабу соҳибмақом ва шахсони тавонгар андешаҳои арзишманд баён намудааст. Ӯ аз ҷумла қайд кардааст, ки “ адлу инсоф, усули солимии давлатдорӣ , халқпарастии  воқеии  роҳбар, пояи устувор ва ҳаёти ҷамъиятро хуш медорад “.  Ва имрӯз ҳамаи ин нишонаҳои зикригардида дар кору пайкори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон  ҳувайдо мебошанд. Ва боиси ифтихор аст, ки тоҷикем ва Тоҷикистон   ватани модарии мо ва гаҳвораи зиндагии мо мебошад.

Ҷонибдори сулҳу осудагии Ватани маҳбубамон бошем, барои амалгарди мақсадҳои ягон ҳизб набошем, зеро имрӯз тарафдорони ҲНИ бо ниятҳои бади худ мехоҳанд баъзе ҷавононро бар зидди  давлату ҳукумат ба по хезонанд. Боиси нигаронӣ аст, ки баъзе ҷавонон ҳанӯз худшиносии миллӣ , ҳисси ватандорӣ ва саводи кофӣ надоранд ва аз овардани номи муқаддасӣ дини Ислом ва ҷой доштани он, дар номгузори ин ҳизб  ифтихор доранд  ва  ақидаи пуч доранд,  ки ҲНИ муаррифгари дини мубини Ислом аст. Таърих гувоҳ аст, ки бадхоҳону аҳли ғараз исломро монеаи аслӣ дар пирӯз шудан манфиатҳои  шахсӣ талқин мекунанд. Дар ҳоле, ки хуб медонем дини Ислом ба ягон ҳизбу ҳаракат ниёз надорад, мисли давлате, ки соҳибистиқлол аст,   фақат ҳизби хоси худ дорад, ки он вазифаҳои тасдиқшудаи худро иҷро мекунаду халос. Ҳамаи мо шоҳиди воқеаҳои даҳштбори солҳои  1992 – юм  мебошем, ки барои мардуми шарафманди Тоҷикистон ба ҷуз хонахаробӣ, беватанӣ, афзоиши камбизоатӣ, хисороти молию ҷонӣ,  чизи дигар ба бор наовард. Бояд ба таври махсус қайд кард, ки агар таърихро варақ гардон кунем, дар ягон давру замон озодии сухан, озодии динӣ,  мисли имрӯз дида намешавад. Мутаассифона, баъзе шаҳрвондон чӣ дар берун ва чӣ дар дохили ватан,  ҳанӯз аз  он амалҳои бад ва ғаразноки шахсони алоҳида пайгирӣ менамоянд. Бояд таъкид дошт, ки ифроту тафрит дар дини мубини Ислом маҳкум гардидааст, вале Ҳизби наҳзати Ислом аз қабили он ҳизбҳо аст, ки ин дастури  Иллоҳиро қабул намекунад ва алайҳи он иқдом менамояд. Аз таъсисёбии Ҳизби наҳзати Ислом солҳо сипарӣ мешавад ва таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки чандин нафарон бо найрангҳои ин ташкилот шомили гуруҳҳои экстремистӣ – террористӣ шуданд, нисфи дигари тарафдорони ин ҳизб бо пулҳои сиёҳ ваъадашудаи саркардагон,  умр дар паси панҷара мегузаронанд.  Нафарони манфиатҷуй берун аз ватан  бо ниятҳои бади худ ҳанӯз пофишорӣ мекунанд, то аз нав дар мамлакат низоъ андозанд.  Аъзо ва ҷонибдорони ҳизб, феълан дур аз ватан қарордошта бо ташвиқу тарғиботе, ки ба ғарази шахсиаш тавъам аст мехоҳанд кишварро нотинҷ кунанд.  Сабаби парокандагии мардум дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ аз ҳамин гуна ҳизбҳо сар мезад.  Имрӯз ҳам аз рӯи фазои иттилоотӣ метавон ба хулоса омад, ки дуруғҳои маҳз намояндагони  ин ҳизб сирфан  дорои характери ифротӣ ва тундгароёна буда, бо сару садоҳои бемантиқу бемаънӣ, ки дар шабакаи интернет пахш мешаванд  ва  ҳадафаш  дар байни мардуми осоишта иғво ангехтан чизи  дигаре нест .

 Асосан ҷавонон бояд зиракии сиёсӣ дошта бошанд ва шомили гуруҳи онҳо нашванд, ки онҳо фақат як ҳадаф доранд, ноором сохтани вазъи сиёсии  давлат  ва роҳҳои  асосии  ба ҳадаф расидани аъзоёни ин ҳизб сиёҳ намудани шахсони сиёсӣ, таблиғоти беасос ва гириди худ ҷамъ намудани  шахсони камсавод мебошад .

Пӯшида нест, имрӯз дар Варшава аъзоёни ҲНИ бо сарапарстони манфиатҷӯ,  моҷаруҷӯӣ намуда,  такрори ҳодисаҳои солҳои  90 - уми асри гузаштаро  интизоранд .

 Ҳар фарзанди солеҳ, бидуни шак, муҳаббати сузоне дар нисбати ватани маҳбуби худ Тоҷикистон нишон медиҳад  ва ин шоҳбайти Фирдавсӣ аз ҷон гузаштанро дар роҳи наҷоти кишвар аз юриши бегонагон авлотар аз зиндагӣ медонад, пайваста дар ёд бояд дошта бошад:   

Ҳама сар ба сар тан ба куштан диҳем

Аз он беҳ , кикишварбадушмандиҳем.

Д. Насридинов, мудири  Шуъбаи кор бо ҷавонони ДДХ

 

Log in

create an account