Мақолаҳо

ТАЪМИНИ СУЛҲУ СУБОТ ВАЗИФАИ ШАҲРВАНДИИ МОСТ

Мавриди зикр аст, ки имрӯз  халқи точики мо бо қадамҳои устувор барои хуррамгардонии сарзамини биҳиштосо, рушду равнақи мамлакат саҳмгузоранд.Таъмин намудани рушди босуботи иқтисодӣ ва ба ин  васила баланд  бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум аз  оғози даврони истиқлолият то ба имрӯз аз ҳадафҳои асосии давлат ва ҳукумат ба ҳисоб мераванд. Таъмини сулҳу субот, ваҳдати миллӣ имконият ва шароити фароҳам овард, ки дар зарфи ду даҳ соли охир кишвари мо иқтисодиёт ва иҷтимоашро барқарор созад, балки онро рушд намояд.

Амалӣ намудани ҳадафҳои стратегӣ аз кабили баровардани мамлакат аз бунбасти коммуникатсионӣ, ба даст овардани истиқлолияти  энергетикӣ ва таъмини амнияти озуқавории мамлакат яке аз вазифаҳои аввалиндараҷаи Ҳукумати кишвар ба ҳисоб меравад.

Дар сиёсати хориҷӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон тарафдори рушди муносибатҳои дўстона бо мамлакатҳои ҳамсоя, минтақа ва ҷахон мебошад. Кишвари мо  дар таъмин ва амнияти минтақаи Осиёи Марказӣ, бахусус таҳкими сулҳу субот  дар Афғонистон, мубориза ба муқобили қочоқи маводи мухаддир ва дигар таҳдидҳои глобалии муосир  дар баробари субектҳои дигари ҷомеъаи ҷахонӣ нақши босазо дорад. Дар сиёсати хориҷӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон тарафдори рушди муносибатҳои дўстона бо мамлакатҳои ҳамсоя, минтақа ва ҷахон мебошад. Кишвари мо дар таъмин ва амнияти минтақаи Осиёи Марказӣ, бахусус таҳкими сулҳу субот  дар Афғонистон, мубориза ба муқобили қочоқи маводи мухаддир ва дигар таҳдидҳои глобалии муосир  дар баробари субектҳои дигари ҷомеъаи ҷахонӣ нақши босазо дорад. 

Маҷлиси навбатии Шўрои сарони давлатҳои аъзои ИДМ, ки 28 сентябри соли 2018 дар Душанбе баргузор гардид, дар баробари дигар масъалаҳо таъмини амният, мубориза ба муқобили терроризм, паҳншавии ғайриқонунии силоҳ ва ҳамсоли инҳо мавриди муҳокима қарор гирифта шуд.

Солҳои охир башарият шоҳиди амалҳои нопоки ҳарактҳои ба ном исломӣ буд, ки ба дину мубини поки ислом ягон алоқа надоранд, дар минтақаҳои Осиёи Ҷануби Шарқӣ ва Марказӣ бахусус Покистон, Афғонистон, Ҳиндустон, Хитой, Сурия, Ироқ, Миср ба даҳшатафтонӣ ба куштору ғоратгарӣ машғул шуда, ба муқобилӣ шахсони барои онҳо номақбул ва афроди ғайриислом «ҷиҳод» эълон мекунанд. Шикасти гуруҳҳои ифротии ДОИШ дар Сурия ва Ироқ, фирор гаштани онҳо ба Афғонистон давлатҳои минтақаро водор менамояд, ки минтақаро аз ин вабои аср эмин нигоҳ доранд. Тоҷикистон, ки ҳаммарзи Афғонистон аст, бештар манфиатдор аст, ки амнияташ таъмин гардад. Омили дигаре, ки метавонад фазои ороми кишварро халалдор намояд ин дасисаҳои  як гурўҳи намояндагони Ҳизби наҳзати ислом ва бо ном «равшанфикрон» - у «озодандешон», ки бо дастгирии хоҷагони хориҷиашон дар сомонаҳои интернет туҳмату бӯҳтонҳои беасосро нисбати ватанашон раво мебинанд. Онҳо худро дар зоҳир масъулиятшинос ва хайрихоҳу ғамхори мардуми кишвари хеш муаррифӣ менамоянд, вале дар асл онҳо бо ин амалашон ба халқу миллатамон хиёнат мекунанд. Баъзе аз кишварҳои абарқудрат барои амалӣ намудани манфиатҳои ғаразнокашон бо ном «ҷорӣ намудани демократия», «таъмини ҳуқуқу озодии шаҳрвандон» дар  ҳудуди мамлакатҳое, ки дорои захираҳои бойи табиианд аз ин гурўҳо ва созмонҳои ифротгаро истифода ва дастгирӣ низ мекунанд. Натиҷаи бо ном «демократия» - и ғарбро имрўз  дар мисоли нооромиҳои Сурия, Ироқ, Тунис, Миср, Афғонистон, Фаластин. Украина, Либия, кишварҳои Африқо эҳсос менамоем. Ҳимоя намудани марзу буми кишвар  дар замони таҳаввулоти ҷахони муосир вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванд мебошад. Танҳо ақли солим, дурандешӣ ва зиракии сиёсӣ,  масъулияти шахсӣ дар назди давлату миллат, ватандўстӣ, номуси ҷавонмардӣ метавонад ҳар як шахсро аз гирдоби равияҳои иртиҷоӣ наҷот диҳад. Давлатҳои дунёи имрўз ба он манфиатдор аст, ки дар таъмин намудани амнияти миллӣ, нигоҳ доштани истиқлолияти комили сиёсӣ, таъмини шароити арзанда ва инкишофи озодонаро дар кишварашон роҳандозӣ намоянд. Пас ин омилҳои таҳдидкунанда ба ҷомеаи башарӣ бояд дар доираи ҳамкориҳои судманди сиёсӣ, иқтисодӣ ва ҳарбӣ дар  самти мубориза ба муқобили терорризм, ҳама гунна гурўҳои ифротгаро ва ғайраҳо вусъат ёбанд. Яке аз вазифаҳои муҳими  ин  давра ҳифзи муққадасот, бахусус сарҳади давлатӣ аз ҳаргуна қувваҳои ифротӣ, гурўҳҳои ғайриқонунӣ ва маводи мухаддир, ки ба амнияти мамалакат таҳдид менамоянд. Солҳои охир фаъолияти  ин гунна гурўҳои муташаккил дар марзи кишвари мо фаъол гардидааст. Дар ин маврид вазифаи ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон, бахусус сокинони деҳот, ки ҳамсарҳад бо Ҷумҳурии Афғонистон мебошанд бояд зиракии сиёсиро аз даст надода, ҳамеша дар  муҳофизати сарҳад бо мақомотҳои амниятӣ ҳамкор бошанд. Сулҳу субот дар   мамлакат ба рушди кишвар, беҳтар гардидани некуҳаволии сокинон вобастагии зич дошта, ояндаи ҳар яки мо ба он рабт дорад.

Мамаризои Алимшо, устоди

Донишгоҳи давлатии Хоруғ

 

 

Log in

create an account