Мақолаҳо

ШИОРПАРТОӢ ВА ҲАНГОМАҶӮӢ БАС АСТ!

Ба ҳамагон маълум аст, ки доираҳои алоҳида имрӯз кӯшиш доранд, ки ҳаёти осоишта ва мӯътадили инкишофи ҷамъиятро барои расидан ба ҳадафҳои гуруҳӣ ва ғаразнок, бо шиорпартоиву ҳангомаҷуӣ халалдор созанд. Онҳо бояд як чизро дарк кунанд, ки ҷомеасозӣ кори як рӯзу ду рӯз нест ва он заҳматталаб буда, оҳиста – оҳиста ислоҳи камбудиҳои ҷойдоштаро ба миён меорад.

Имрӯз дар гирудору манфиатҳои геополитики ҷаҳони барои мо баъд аз воқеъаҳои мудҳиши миллии солҳои 90 - ум ҳифзи амнияти кишвар,таъмини инкишофи ҷараёни конститутсионӣ, таҳкими Ваҳдати миллии бо роҳбарии Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба дастомада аз ҳама муҳимтар аст. Ба андешаи мо ба хотири мустаҳкам намудани пояҳои давлати миллӣ ҳар як гурӯҳ ва шахси солим фикр новобаста аз ақида, маҳал дар ин давраи ҳассос дар атрофи як сиёсат ва як симои сиёсӣ муттаҳид бошанд.

Ба вартаи гирдоби сиёсӣ кашидани мардум дар ин лаҳза хатари бузургеро ҳам барои кишвар ва ҳам барои ҳаёти миллат ба бор меорад. Аз ин ҷиҳат дар ин марҳила тела додани мардум ба таркиши иҷтимоӣ ва нодида гирифтани дастовардҳои кишвар баъд аз бӯҳрони шадиду ҷанги ҳам ватанӣ аз тарафи шахсони алоҳида бо шиорпартоии ҳифзи ҳуқуқи инсон, озодиҳои демокративу ватанхоҳӣ хиёнатест ба ватану миллати хеш.

Ҳама чизро сохтан, эҳё ва бунёд кардан мумкин аст, ба ғайр аз ҳаёти инсон. Бинобар ин, ба хотири – ҳаёти инсон, қурбониёни ҷанги шаҳрвандӣ ҳамаи моро зарур аст, ки дар атрофии сиёсати Вахдатгароии Роҳбарияти Олии мамлакат муттаҳид бошем. Ҳар як ватандор чи дар дохил ва чи дар  хориҷи кишвар зарур аст, ки ба ҳаёти осоишта баргардад.  Таърих мактаби сабақ аст ва дар асоси сабақгирӣ аз он мо бояд  аз манфиатҳои гуруҳӣ, сиёсӣ ва ақидаҳо даст кашем.

Юсуфи Рустам, омӯзгор

 

Log in

create an account