Мақолаҳо

ТААССУБИ ДИНӢ ВА ТАҲДИДИ ОН БА АМНИЯТИ КИШВАР

Мо дар дунёе зиндагӣ  мекунем, ки ҳамеша дар  ҳоли тағйир ва дигаргуниҳо қарор дорад. Дар ин марҳилаи асоси раванди ҷаҳонишавӣ  бархурди тамаддунҳо ба ҳар яке аз мо лозим аст, ки барои нигоҳ доштани арзишҳои милливу ҳуввияти худшиносии миллии хеш ҳамеша бояд дар талош бошем.

Яке аз омилҳое, ки монеаи роҳи озодандешӣ ва пешрафти тараққиёти ҷомеа мебошад ин таассуби динӣ мебошад. Одатан таассуби динӣ ба фаъолияти ашхос ва гурӯҳҳое тааллуқ дорад, ки он зери таълимоти суннатии хеш ғаразҳои сиёсӣ ва анъанаҳои ба ин сунатҳо тааллуқдорро ҳамчун қонуни мутлақ пазируфта, ин гурӯҳҳо хешро фидои он менамоянин таълимотро ҳамчун эътиқодоти комил қабул карда, берун аз он чизи дигареро намепазиранд. Лозим ба ёдоварӣ аст, ки дар таърих таассуби динӣ монеъаҳои зиёдеро барои кашфиётҳои илмӣ ва ташаккули иҷтимоию иқтисодӣ ба вуҷуд оварда, сабаби низоъҳои байни мазҳабҳо ва адёнҳои дигаргардида, ҳазорон одамон аз ин зуҳурот ҷонихудро аз даст медиҳанд. Таассуби динӣ дар инсон кинаю адоват нафрату бадбиниро нисбат ба ақидаҳои дигар дучанд мегардонад. Зиёд гардидани таассуби динӣ ба экстремизм (ифротгароӣ), бунёдгароӣ (фундаментализм) ва радикализм (тундгароӣ) оварда мерасонад.

Дар якҷоягӣ инҳо муҳитҳои носолими иҷтимоию сиёсӣ ва фарҳангиро дар иҷтимоъ ба вуҷуд меоранд, ки он ахиран ба ҷангу низоъҳо ва куштору ваҳшонияти зиёде оварда хоҳад расонд. Зиёд гардидани таассуби динӣ дар ҷомеа тадриҷан характери сиёсӣ гирифта, омили пайдоиши ҳизбу ҳаракатҳои сиёсӣ дар доираҳои қабилавӣ маҳдуд буда ва сабабгори афзоиши ихтилофҳои сиёсӣ ва иҷтимоӣ хоҳад гардид. Бар замми ин аз ин зуҳуроти сиёсӣ ашхосони муайян таввасусти сӯистифода аз дину ойин ғаразҳои сиёсӣ иқтисодӣ ва ғайраи хешро амалӣ мегардонанд.

Дар таърих воқеаҳои зиёде то ба имрӯз аз ин шаҳодат медиҳанд. Дар мисоли Султон Маҳмуди Ғазнавӣ сиёсати ҷаҳонгирӣ ва лашкаркашиҳояшро зери шиори «Ғазавот» амалӣ мегардонд. Сӯистифода аз дин ба хотири пиёда сохтани ғаразҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва ғайра то ба кадом сарҳадҳо расидааст, ки тадриҷан хусусияти ҷаҳониро касб кардааст. Инро метавон дар амалҳои ба ном «Давлати исломи» - и  Ироқу Шом дар Сурия ва Ал-Қойда дар Яман ва Боко Ҳарами Нигерия мушоҳида кунем.

Тамоми иллатҳо ва падидаҳои манфури ҷомеа аз догмапарастӣ, хурофотпарастӣ ва ғайра бархестаанд. Хатари асосии таассуби динӣ ин аз байн бурдани ҳуввияти миллӣ ва худшиносию арзишҳои волои башарие мебошанд, ки он ҷавҳари асосии миллии ҳар як давлатро ташкил медиҳад.

Зарур аст, ки ҳар як фард барои наҷоти ватани хеш ва истиқлолияти миллии давлаташ ҳамешаи вақт дар талош бошад, то дар якҷоягӣ ба муқобили ин зуҳуроти манфури ҷомеа мубориза барем. Хурофот ва таассуб ҳамеша ифротгароиро ба вуҷуд меорад. Одамоне, ки ба доми онҳо гирифторанд чун шахсе манқурт мебошанд, ки барои онҳо озодӣ ва зиндагии фардӣ арзише надорад. Таассуби динӣ барои ташаккули озодандешӣ дар ҷомеа монеаҳои зиёдеро ба вуҷуд меорад.

Ин зуҳурот сади роҳи чандандешӣ ва тафаккури созанда хоҳад гашт. Мо бояд ба дин, аз ҷумла ба таърихи Ислом, аз мавқеи озодандешии миллӣ нигоҳ кунем.

Бозиҳои сиёсии абарқудратҳо бо истифода аз дини Ислом дар кишварҳои мусулмонӣ пурра инро собит намуд, ки онҳо ҳадафҳои хешро ба дастоварии захираҳои табиӣ ва манофеи сиёсию ҳукмронии иқтисоди хеш дигар ягон манфиате нахоҳанд овард.

Таҷрибаи тамаддуни ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки бидуни озодии афкор ва ақоид расидан ба сатҳи баланди тамаддун иконнопазир аст. Озодандешӣ ва озодихоҳӣ воқеан ба таърих ва миллат алоқаи ногусастанӣ дошта, ба волоияти арзишҳои умумимиллӣ вобаста мебошад.

Давлатбек МИРБАРОТОВ, сокини ВМКБ

 

 

Log in

create an account