Мақолаҳо

ҲНИ ИФРОТГАРО БУД ВА МЕМОНАД

Дар шароити имрӯзаи таърихи башарият зуҳури фаъолияти ташкилотҳои экстремистӣ  ва террористии байналмиллалӣ боиси нигаронӣ ва изтироби аҳли ҷомеаи ҷаҳонӣ гардидааст. Ин таҳаввулоти фоҷиабарангез баҳри аз байн бурдани истиқлолияти комили даҳҳо мамолик ва сабаби оғоз гардидани ҷангҳои шаҳрвандиву ҷанҷолҳои мазҳабӣ гардидаанд.

Имрӯз Тоҷикистони озоду соҳибистиқлол баҳри татбиқи ҳадафҳои неки миллати озодандеши хеш ба сӯи фардо гомҳои устувореро бо роҳбарии Сарвари наҷиби худ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ниҳода истодааст.

Мусаллам аст, ки Тоҷикистон дар тӯли таърихи худ 9- сентябри соли 1991 Истиқлолияти худро ба даст овард, ин фазои ободу озод бо саъю кӯшиш ва талошҳои Пешвои миллат ба халқи тоҷик муяссар гардид. Маҳз истиқлолият буд, ки Тоҷикистон дар як муддати кӯтоҳ дар арсаи ҷаҳонӣ мавқеи худро пайдо намуда, дар раванди ҷаҳонишавӣ қарор гирифт.

Дар баробари ҳамаи ин ақалиятҳое низ ба мисли аъзоёну роҳбарони ташкилоти террористӣ-экстремистии Ҳизби наҳзати ислом вучуд доранд, ки низоми давлатдории дунявӣ - демократиро монеаи асосии пешрафти дину мазҳаб медонанд, ин ақида хатои бузург ба шумор меравад.

ТЭТ ҲНИ 26 октябри соли 1991 ташкил ёфт. Роҳбарону аъзоёни ҳизби мазкур дар гузашта дузду ҷинояткор ва нашъамандӣ будаанд. Имрӯзҳо дар шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ маводҳои ташвиқотию тарғиботии зиддидавлатиро чоп карда ҷавононро гумроҳ карда истодаанд. Қисми зиёди ҷавонони ноогоҳ ба фиребу найранги наҳзатиҳо афтода, аз зиндагии мустакилонаи худ маҳрум шудаанд. Аъзоёни ТЭТ ҲНИ барои ноил шудан ба нақшахои худ аз дин моҳирона истифода мебаранд ва номи муқаддаси Исломро бадном карда истодаанд.

ТЭТ Ҳизби наҳзати ислом барои барангехтани иғво дар солҳои 1992-1997 мавқеи асосиро ишғол менамояд. Маҳз наҳзатиён дар замони ҷанги шаҳрвандӣ боиси пароканда шудани халқи тоҷик ва бозичаи дасти дигарон шудан, гардид. Тоҷикистони соҳибистиқлол бо табиати биҳиштосояш имрӯз новобаста аз найрангҳои бамиёномада дар ҷаҳон мавқеи асосӣ дорад. Ба ҳамагон маълум аст, ки баҳри нигоҳдории якпорчагии Тоҷикистони азизамон замоне буд, ки ТЭТ ҲНИ худро пуштибон меҳисобид ва зери парда таносуби сиёсат ба динро нишон медод. Ин ташкилоти террористӣ манфиатҳояшро зери ниқоби дин ҷо карда онҳоро амалӣ карданӣ аст. Лекин ҳизби наҳзат динро ба таври руякӣ, маҳдуд ва танг фаҳмида, ба ҳамин фаҳмиши худ амал карда, аз дигарон низ чунин тарзи амалро талаб менамояд. Ақидаҳои ҲНИ аз сатҳи тафаккур баромада ба сатҳи таблиғот, ба сатҳи талаботи қатъӣ аз дигарон ва ба сатҳи амалҳои тунд мегузарад. Дар ин ҳолат аъзоёни ҳизби наҳзати ислом тарзи зиндагонии дигаронро ошкоро танқид карда, нисбати онҳо дар амал оштинопазирӣ нишон медиҳад ва ҳамфикрони худро ба муборизаи амалӣ ба муқобили фаҳмиш ва тарзи зиндагии дигарон даъват мекунад.

Қурбониёни ҲНИ асосан ҷавонон мебошанд. Аз ин рў, ҷавононро мебояд, ки зиракиро аз даст надода, кўшиш намоянд, то сулҳ, ваҳдат ва амнияти кишвар ҳифз гардад. Зеро дар бисёр мавридҳо ба назар мерасад, ки роҳбарони ҲНИ дар зери шиорҳои динӣ баромад намуда, аз номи дин ҳарф мезананд ва фармонҳои худро аҳкоми динӣ меноманд. Ин, пеш аз ҳама, ба хотири сўистифода аз шуури динии мардум равона гардида, ҳеҷ рабте ба арзишҳои динӣ ва аҳкоми он надорад. Пас, ин амалкарди ифротгароён  аз бединию хоинии онҳо дарак медиҳад.

Ҳамаи намудҳои фаъолияти ҲНИ-ро ба назар гирифта 29 сентябри соли 2015 фаъолияти он дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда шуда, он ҳамчун ташкилоти террористӣ ва экстремистӣ дониста шуд.

Яке аз самтҳои сиёсати пешгирифтаи Сарвари давлат ва Ҳукумат дастгирии насли наврас ва ҷавонон буда, баҳри донишомӯзӣ ва касбомӯзии онҳо қувваи худро дареғ намедорад, то он ки ҷавонони мо соҳибилму соҳибистеъдод гардида баҳри ободии халқу ватани худ хизматҳои беназирро анҷом диҳанд. Ҷавонон ояндаи генофонди миллати тоҷик буда, ҳамеша аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгирӣ карда мешаванд.

Аз ин рӯ, аз ҷавонон хоҳиш карда мешавад, ки ҳидоятҳои Сарвари давлатро пайравӣ намуда, аз падидаҳои манфие, ки ҷомеаи имрӯзаро зери хатар мондааст, худро эмин нигоҳ доранд.

Муборакшо НОЁБШОЕВ,

сокини шаҳри Хоруғ

Log in

create an account