Мақолаҳо

НАҲЗАТИҲО АЗ КИРДОРҲОИ МАНФУРАШОН ДАСТ НАМЕКАШАНД

Таърих собит месозад, ки аз замони мавҷудияти худ наҳзатихо то ба имрӯз тавассути идеолгияи ғаразноки хеш мардумро ба ҳаргуна андешаҳои аз асли воқеа дурр бовар мекунонанд.

Имрузҳо боз наҳзатиҳо  ниятҳо доранд, ки дар Берлин гирдиҳамоиҳоро бо мақсади аз маҳбас озод намудани зиндониён роҳандозӣ намоянд. Феълан ҳар як фарди соҳибфаҳм ва сохибназари ҷомеа мақсаду ҳадафи ниҳоии ин ҳизби террористиро пурра дарк менамояд. Нахзатихо ҳанӯаз рӯзҳои аввали фаъолияташон то ба имрӯз фақат як ҳадаф доштанду халос. Мақсади нихоии онҳо ин боз аз нав ба коми оташ кашидани ватану мардуми тоҷик асту халос. Фаъолияти наҳзатиҳо аз рузи оғозашон ин мардумфиребӣ, иғвоандозӣ, андешаҳои аз мантиқ дур, ноором сохтани вазъи сиёсӣ ва мубориза бо сохтори кунунии ҷомеа мебошад. Кас аз кору ндешаҳои ин афрод дар хайрат мемонад, ки аз хориҷи кишвар тавассути расонаҳои хабарӣ мардумро пайваста ба доми фиреби худ мекашанд. Ҳоло он ки ҳалқи сулҳофари мо кайҳо боз мақсаду мароми онҳоро хуб ва пурра дарк мекунад ва ба ҳеҷ ваҷҳ ба доми фиреби онҳо намеафтад.

Маълум аст, ки нафароне, ки кирдору аъмолашон бо ҳукми суд эълон шудааст ва дар маҳбас қарор доранд, ба ҳифзи ҳуқуқашон ҳақ доранд, аммо ба ин чиз бояд мақомотҳои дахлдору ҳифзи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон дар робита бо ташкилотҳои байналмилалии ҳифзи ҳуқуқи инсон машғул бошанд. На ин ки як гурӯҳи ҳангомаҷӯ дар хоричи кишвар бо мақсади расидан ба ҳадафхои хеш дар атрофи он шиорпартоӣ намуда, барои ноором сохтани ҷомеа онро мавриди истифода қарор медиханд. Албатта омӯзиш ва таҳлилу баҳодиҳии воқеаҳои маҳбаси Хуҷанд 3, низ аз тарафи созмонҳои хифзи ҳуқуқи инсон дар доираи талаботи конунҳои байналмилалӣ в амиллӣ бояд сурат гирад. Аз ин рӯ, дар як кишвари хориҷӣ ташкил намудани эътирозу тазоҳурот аз тарафи гурӯҳҳои ифротӣ лозим шуморида намешавад. Ба фикри мо ба нафароне, ки ҷавонони зиёдро гумроҳ карда ба майдонҳои ифротиву террористӣ кашидаанд ва модарони зиёдро ҷигарсӯз намудаанд, аз худ ҳомии ҳифзи ҳуқуқи инсонт арошидаанд ва ин аз рӯи виҷдони ватандорӣ нест.

Дар кишвар ба ҳамагон маълумаст, ки чӣ қадар ҷавононро ин гурӯҳи «ҳомии ҳифзи ҳуқуқ» ба майдонҳои набарди хунрезӣ ҳам дар дохил ва майдонҳои кишвари Сурияву дигар мамлакатҳо кашидаанд. Вобаста ба он модарони ин ҷавонон ба ин гуруҳҳои наҳзатӣ нафрин мехонанд.

Бинобар ин, қазовати ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандони дар маҳбасбуда вазифаи ин гурӯҳи ҳангомаҷуй набуда, вобаста ба он дар як кишвари хориҷӣ ташкил кардану бадномкунии миллати хеш боз як хиёнатест ба ватан ва шаъну шарафи миллат.

Юсуфбек ШОДМОНБЕКОВ, омӯзгори

Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба

номи Моёншо Нзаршоев

Tweet

 

 

 

Log in

create an account