Мақолаҳо

ЗАМИНАҲОИ КОНСТИТУТСИОНӢ ВА ҲУҚУҚИИ РУШДИ ҶОМЕАИ ШАҲРВАНДӢ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муаллиф: Насим Саидраҳмонов, омӯзгори Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М. Назаршоев

 Қабули Конститутсия нахустини Ҷумҳурии Тоҷикистон (6-уми  ноябри соли 1994 ва дохил намудани  тағйиру  иловаҳо ба он  26-уми сентябри соли 1999, 22-юми июни  соли 2003 ва 22 –юми майи соли 2016) ҳамчун ҳуҷҷати олии ҳуқуқӣ воқеияти ҷомеаи  Тоҷикистонро ифода карда, ба инкишофи  мўътадил ва рушди  унсурҳои  ҷомеаи шаҳрвандӣ заминаҳои воқеӣ-ҳуқуқӣ фароҳам овард. Яке аз арзишҳои умумибашарии эътирофшудаи давлати демократӣ, ин дар асоси баробарӣ фаъолият намудани созмону иттиҳодияҳои гуногун, муҳаё намудани шароити мусоид барои фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ ва эътирофи гуногунандешии сиёсӣ мебошад, ки кафолати мазкур таҷассуми худро дар сатҳи Конститутсияи кишвар пайдо намудааст. Конститутсия ҳуқуқи ҳар шахсро ба озодии сухан, нашр, истифодаи воситаҳои ахбори омма, иштирок дар ҳаёти сиёсӣ ва идораи давлатӣ, муттаҳид шудан, иштирок дар ташкили ҳизбҳои сиёсӣ, иттифоқҳои касаба ва иттиҳодияҳои чамъиятӣ, ихтиёран дохил ва баромадан аз онҳо, муроҷиат намудан ба мақомоти давлатӣ ва дигар ҳуқуқҳои фитрӣ ва позитивии иисонро мустаҳкам намуда, кафолати таъмин ва амалишавии оиҳоро аз ҷониби тамоми мақомоти давлатӣ муқаррар кардааст. Дар хамин радиф, баъди ба даст овардани истиқолияти давлатӣ дар асоси Конститутсияи мамлакат барои таъсиси ниҳодҳои демокартӣ замина гузошта шуда, механизми ҳамкории мақомоти ҳокимияти давлатӣ бо ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ таъмин гардид, ки ин иқдом барои густариши ислоҳоти иқтисодиву иҷтимоӣ, ҳалли проблемаҳои ҳаётӣ ва инкишофи андешаи давлатдории миллӣ мусоидат намуд. Чунон, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат Президенти мамлакат Эмомалӣ  Рахмон зимни суханронии хеш дар ҷаласа бахшида ба 15-солагии Шўрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон 29 апрели соли 2011 иброз доштанд  «пайдоиш ва фаъолияти иттиҳодияҳои чамъиятӣ ва дигар созмонҳои ичтимоӣ яке аз шаклҳои ширкати фаъоли омма дар равандҳои ҳаёти сиёсии ҷомеа ва ба ин восита таъмин гардидани иштироки онҳо дар идораи корҳои давлатӣ мебошад. Зеро чунин иттиҳодияву созмонҳо ҳамчун нишонаи равшани ҷомеаи шаҳрвандӣ хоси ҷомеаи ҳуқуқбунёду демократӣ маҳсуб меёбанд»[1]

Ҳуқуқи  муттаҳид  шудан яке  аз муҳимтарин  ҳуқуқҳои   сиёсии шаҳрвандон  буда,  ба  воситаи он  шаҳрванд иштирокчии  муносибатҳои   сиёсӣ- ҳуқуқӣ  мегардад.  Дар ҳайати  иттиҳодияҳои  ҷамъиятӣ  шаҳрванд лаёқату  ташаббуси  эҷодӣ, фаъолияти иҷтимои ва сиёсии худро  инкишоф дода, ба воситаи онҳо  дар ҳалли  масъалаҳои  ҳаёти  ҷамъиятӣ ва давлатӣ  иштирок  менамояд.   Ҳамзамон бояд зикр намуд, ки Қонуни  Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи  иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ» дар моддаи 5–ум  мафҳуми зайли иттиҳодияҳои  ҷамъиятиро  дар бар мегирад: « таҳти мафҳуми  иттиҳодияҳои   ҷамъиятӣ- иттиҳоди ихтиёрӣ, худидора ва ғайритиҷоратии шаҳрвандон мебошад, ки дар асоси умумияти манфиатҳо барои амалӣ намудани мақсадҳое муттаҳид гардидаанд, ки дар оинномаи иттиҳодияи ҷамъиятӣ  нишон дода шудаанд[2].

Давлату Ҳукумати кишвар ҳамеша барои ташаккули  ҷомеаи  озоди шаҳрвандӣ дар асоси ғояҳои  демократӣ кўшиш намуда, барои иштироки фаъоли  он дар ҳалли масъалаҳои  муҳими давлативу ҷамъиятӣ манфиатдор мебошад.  Аз ин рў ҷомеаи шаҳрвандӣ ва давлат дар хамкории доими буда, аз ҳамдигар ҷудонашаванда мебошанд. Нақши давлати демократӣ дар он аст, ки фаъолияти сиёсии он барои мавҷудият ва ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ ва муайё намудани фазои мусоиди сиёсӣ ба онҳо равона карда шавад. Ҳамзамон ин нишондиҳандаи он аст, ки дар заминаи Конститутсия ва санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ташкилотҳои гуногун таъсис дода шуда, фаъолияти воситаҳои ахбори омма дар шароити озод ва гуногунандешӣ пеш бурда мешаванд ва мустақилияти хизбҳои сиёсӣ кафолат дода шуда, худидоракунии махаллӣ ҳамчун принсипи муҳими демократӣ эътироф карда шудааст. Дар шароити муосоир нақш ва мавқеи ҷомеаи шахрвандӣ бо дарназардошти арзишҳои миллӣ дар таҳкими ғояи давлатӣ демокративу озод чун аз ҳарвақта бештар муҳим буда, пешбурди фаъолияти онро дар ҳамбастагӣ бо пешбурди сиёсати давлатӣ тақозо дорад. Ҷомеаи шахрвандӣ бояд дар халли масъалҳои мухталифи давлативу чамъиятӣ фаъолона иштирок намуда, дар як вақт барои тарбияи насли наврас дар рўҳияи ватандустӣ хештаншиносӣ ва чавонмардиву ахлоқи ҳамида, риояи арзишҳои миллӣ ва демокративу умумибашарӣ, эҳтиром нисбат ба Конститутсия ва қонунҳо, дарк намудани ягонагии ҳуқуқ, озодӣ ва вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрванд, таъмини фаъолнокии сиёсии аҳолии ҷумҳурӣ  саҳми арзанда дошта бошад.

Барои ташаккул  ва фаъолияти озоди  ниҳодҳои  ҷомеаи шаҳрвандӣ дар асоси Конститутсия имрўз дар кишвар тамоми шароитҳои зарурӣ муҳаё буда, эътирофи  ҳуқуқҳои  шахсӣ, сиёсӣ иҷтимоиву иқтисодӣ ва диниву фарҳангии ҳар шахс ҷузъи таркибии сиёсати пешгирифтаи давлат буда онҳо пайваста такмил дода мешаванд.

Дар моддаи аввали Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сабт гардидааст: «Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона  мебошад».[3] Мафҳумҳои соҳибихтиёрӣ, ҳуқуқбунёдӣ, демократӣ, дунявӣ, ягонагӣ бояд ба таври  воқеӣ аз ҷиҳати  назарияви  дар шакли амалияви тавассути  қонунҳои амалкунанда  мазмуни аслиашро  нишон диҳанд. Ин мафҳумҳо  ба ҳамдигар  алоқамандии зичи мантиқӣ, ҳуқуқӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ дошта  баҳри рушди ҳаматарафаи  ҳаёти моддӣ ва маънавии инсон эҷод  мегарданд. Аз мазмуни  назаравию амалиявии ин мафҳумҳо бармеояд, ки  инсон дар доираи талаботҳои  меъёрҳои  таркибии  онҳо ҳуқуқу озодиҳои хусусӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангиро  соҳиб гашта, дар чаҳорчубаи  ин ҳуқуқу озодиҳо  баҳри бебуд бахшидан ба сифати  ҳаёти моддию маънавии худ, иттиҳодияҳо ва институтҳои  мухталифи  иҷтимоиро  таъсис диҳанд. Ба қатори  ин институтҳо ҷомеаи шаҳрвандӣ маҳсуб меёбад, ки онро бе  мавҷудияти  давлати соҳибихтиёри демократии ҳуқуқбунёд тасаввур кардан ғайримкон аст.

«Дар Тоҷикистон  ҳаёти ҷамъиятӣ дар асоси равияҳои  гуногуни  сиёсӣ ва мафкуравӣ инкишоф меёбад»[4]. Моддаи  мазкур  дар худ принсипи  плюрализм (чандандешӣ)-ро инъикос намуда, ба инкишофи  ҷомеаи шаҳрвандӣ ва унсурони он (иттиҳодияҳои  ҷамъиятӣ, ҳизбҳои сиёсӣ, динӣ ҳаракатҳо ва гурўҳҳо) заминаҳои  сиёсӣ ва ҳуқуқиро  фароҳам меоварад. Лекин  бояд қайд намуд, ки ҳадаф ва манфиати  онҳо набояд ба сарнагун ва ё нест кардани сохтори  давлатию ҷамъиятӣ равона шуда бошад ва амалиёту  фаъолияти онҳо бояд  дар доираи  қонунҳои амалкунандаи  давлат сурат гирад.

«Шаҳрванд  ҳақ дорад дар ҳаёти сиёсӣ ва идораи давлатӣ бевосита ё ба воситаи вакилони худ иштирок намояд»[5].  Моддаи мазкур дар таъмини  иштироки бевосита ё ба воситаи шаҳрвандон дар идоракунии корҳои давлатӣ бо роҳи ифодаи раъйи онҳо дар интихобот ва раъйпурсиҳо инчунин иштироки шахсӣ дар кори мақомоти ҳокимияти қонунбарор, иҷроия ва судӣ мебошад. Иштирок кардан дар ҳаёти сиёсӣ тавассути ҳизбҳои сиёсӣ амал мегардад. Ҳизби сиёсӣ яке аз шаклҳои иттиҳодияи ҷамъияти буда, иттиҳодҳои ҷамъияти унсури муҳимтарини ҷомеъаи шаҳрвандӣ  маҳсуб  меёбанд.

Равнақи чандандешии  сиёсӣ ва дар асоси  он  ба роҳ мондани  ҳаёти ҷамъиятӣ омили  асосии  ҳуқуқи  конститутсионии  рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ мебошад.  Ҳуқуқи муттаҳид шудан  дар  ҳизбҳои сиёсӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятиро    Конститутсияи  Чумҳурии Тоҷикистон  ба таври сарчашмавӣ дар моддаи  28-ум инъикос менамояд, ки мувофиқи он  «шаҳрвандон ҳуқуқи муттаҳид шуданро доранд». Моддаи  28-и  Конститутсияи  Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз заминаҳои ҳуқуқӣ ва сиёсӣ дар қабули қонуни конститутсиони «Дар бораи  ҳизбҳои сиёси»-и  13 ноябри соли  1998 гардид. Мувофиқи моддаи  1-уми  қонуни мазкур  ҳуқуқи шаҳрвандон ҷиҳати иттиҳод «аз ҳуқуқи  муттаҳид  шудани  шаҳрвандон  дар ҳизбҳои сиёсӣ, тавассути   таъсис  додани  ҳизби сиёсии худ, вобаста ба ҷаҳонбиниашон, худихтиёрона  даромадан ба ҳайати  он, дар суръати  эътироф гардидани   низомномаҳои   қабулшудаашон, иштирок дар фаъолити  ҳизби сиёсӣ вобаста ба низомноамҳои   муайяни  барномавии онҳо, ҳуқуқи озодона  баромадан аз ҳайати он иборат  аст. Ҳамзамон дар моддаи  2-юми  Қонуни мазкур    «зери мафҳуми ҳизби сиёсӣ чунин идтиҳодяи ҷамъиятие фаҳмида мешавад, ки вазифаи асосиаш иштирок дар ҳаёти сиёсии ҷомеа ба воситаи ташаккул додани иродаи сиёсии шаҳрвандон ва инчунин ба амал баровардани ҳокимият ба воситаи намояндагони худ мебошад»[6].

   Агар ба қонунгузори ва васеътар  аз он  танзими ҳуқуқии таъсис ва фаъолияти  ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар замони муосир  нигарем, таъсиси онҳо  ва тадбиқи  ҳуқуқи шаҳрвандон ба муттаҳидшавӣ дар иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ,  мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ»  аз 12 май соли 2007     (таҳияи  нави он  бо тағйиру иловаҳо ба  тавсиб расидааст) қабул гардидааст,  ибтидо   мегирад.  Вобаста ба қонун, ҳуқуқи  шаҳрвандон ҷиҳати иттиҳод «аз ҳуқуқи  таъсисдиҳи, иштирок кардан   дар таъсисдиҳии  ихтиёрии  иттиҳодияҳои  ҷамъиятӣ, барои ҳифзи   манфиатҳои  умумӣ, ҳуқуқи  ихтиёри   даромадан ба иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ё худдори кардан аз даромадан  ба онҳо  ва бе  ягон мамоният  баромадан  аз иттиҳодияҳои  ҷамъиятӣ иборат аст.»

Ҷомеаи шаҳрвандиро, ки худташкилшаванда ва худидорашаванда аст, бе худидораи маҳаллӣ нашояд тасаввур кард. Мувофиқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон «Мақоми худидоракунии шаҳраку деҳа ҷамоат аст» (м. 78). Мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 декабри с. 1994 «Дар бораи мақомоти худидораи шаҳрак ва деҳа»: Мафҳуми худидораи маҳаллӣ низоми ташкили фаъолияти аҳолиро барои мустақилона ва таҳти масъулияти худ мустақиман ё ба воситаи мақомоти интихобкунандаи худ дар асоси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикисгон ҳаллу фасл намудани масъалаҳои дорои аҳамияти маҳаллӣ ифода меқунад. Ҷамоати шаҳрак ва ҷамоати деҳа барои амали гардонидани ҳуқуқи шаҳрвандон ҷиҳати иштирок дар корҳои ҷамъият ва давлат ёрӣ мерасонид. Шаклӣ асосии худидораи маҳалии шаҳрвандон маҷлиси намояндагон мебошад. Ба ҷамоат ҳуқуқи қабули қарорҳо дода шудааст, ки ба ҳамаи шаҳрвандони сокини он ҳатмианд.

 Заминаҳои  иқтисодии ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳоло ташаккул ёфта истодаанд, зеро ки   асоси  иқтисодиёти Тоҷикистонро  шаклҳои  гуногуни  моликият  ташкил медиҳанд. Давлат  фаъолияти озоди иқтисодӣ, соҳибкорӣ, баробарҳуқуқӣ ва ҳифзи  ҳуқуқии ҳамаи шаклҳои моликият, аз ҷумла  моликияти хусусиро  кафолат медиҳад. Яке аз шартҳои асосии ҷомеаи шаҳрвандӣ ин рушду нумўи  бахши хусусии моликият мебошад. Зеро фақат  моликияти  шахсӣ қодир аст, ки ба инкишофи шаҳрванди  мустақил мусоидат намояд. Танҳо одамони озод, соҳибмулку соҳибихтиёр метавонанд ҷомеаеро  ташкил диҳанд, ки  онро  метавон ҷомеаи шаҳрвандӣ номид[7].   Кониститусияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мавҷудияти  шаклҳои  гуногуни  моликияти  ба андозаи  баробар  аз ҷониби давлат  ҳифзшавандаро  таҳким мебахшад. Мувофиқи  Кодекси  граждании  Ҷумҳурии Тоҷикистон «моликият дар мамлакати мо дар ду шакл – ошкоро(давлатӣ) ва хусусӣ зуҳур мекунанд. Ба моликияти хусусӣ моликияти  шаҳрвандон, ашхоси юридикии  ғайрҳукуматӣ ва иттиҳодияҳои онҳо  таалуқ доранд. Моликияти давлатӣ ба моликияти ҷумҳурияви ва коммуналӣ муаррифӣ шудааст. 

Хулоса  низоми конститутсионии  давлат  ва қонунҳои  амалкунандаи  Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди  сохторҳои  ҷомеаи шаҳрвандӣ аз ҷиҳати сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ шароити мусоид фароҳам    овардаанд.

1.Сохтори сиёсӣ яъне  моҳияти демократӣ, дунявӣ ва ҳуқуқбунёдии давлат дар  асоси принсипи чандандешии сиёсӣ барои инкишофи  институтҳои  ҷомеаи шаҳрвандӣ шарти муҳим аст.

2.Сохтори  иқтисодӣ, шаклҳои гуногуни моликият, иқтисоди  озоди  бозорӣ,  фаъолияти  сохибкорӣ дар асоси принсипи чандандешии  иқтисодӣ, гуногуншаклии  хоҷагидорӣ омили  муҳим аст барои фаъолияти  озоди институтҳои  ҷомеаи шаҳрвандӣ.

  1. Сохти иҷтимоӣ, баробарҳуқуқии ҳар як инсон таъмини имконияти баробар барои ҳар  як инсон, таъмини мавқеи фаъоли ҷамъиятӣ   дар асоси  қонунгузории  амалкунандаи ҷумҳурӣ барои  инкишофи  шахс ҳамчун аъзои  ҷомеаи шаҳрвандӣ мусоидат менамояд.

4.Моҳияти  дунявии давлат, муносибати  баробари  дину давлат, ҳамагуна ҳукмронии мафкуравиро  аз байн бурда ба рушди озодонаи фарҳангу динҳои гуногун мусоидат намуда, инкишофи  озодонаи  ҳамаи ҷамоатҳои гуногун, дар асоси  арзишҳои  фарҳангиву динӣ чун рукни  устувори  ҷомеаи шаҳрвандӣ таъмин  менмояд.

      5.Моҳияти ҳуқуқбунёдии  давлат, воқеияти  қонунҳо чун иҷрокунандаи   манфиату  хоҳиши  ҳар як  шахсу гурўҳҳои иҷтимоӣ, адолат ва  волоияти  қонун заминаи  дигари воқеи  барои   рушди  ҷомеаи шаҳрвандӣ мебошад.

  1. Қабули қонунҳо, санадҳои  зерини  Ҷумҳурии Тоҷикистон аз қабили  Қонуни ҶТ “Дар  бораи ҳизбҳои сиёсӣ” аз 13 ноябри соли 1998, Қонуни ҶТ “Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ” аз 12 май соли 2007, Қонуни ҶТ “Дар бораи  озодии  виҷдон ва иттиҳодияҳои  динӣ” аз  26 март соли 2009, Қонуни ҶТ аз 12 марти с. 1992 “Дар бораи иттифоқҳои касаба, ҳуқуқ ва кафолатҳои фаъолияти онҳо”, Қонуни ҶТ аз 1 декабри с. 1994  “Дар бораи мақомоти худидораи шаҳрак ва деҳа” ва ғайраҳо дар асоси  принсипи  меъёрҳои  байналмилалӣ ба ташаккули  инфрасохтори  ҷомеаи шаҳрвандӣ заминаи ҳуқуқӣ фароҳам  оварданд.

 

   Адабиёт:

  1. Маҳкам Маҳмудзода. Конститутсия заминаи ташаккули  низоми  ҳуқуқӣ миллӣ. –Душанбе. «ЭР-граф». 2014.

2.Конститутсияи  Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо тағйиру иловаҳои тариқи раъйпурсии умумихалқӣ аз  26 сентябри соли 1999, 22 июни соли 2003 ва 22 майи соли 2016. –Душанбе. 2016.    

  1. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ» аз 13 ноябри соли 1998.

4.Қонуни  Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ» аз 12 май соли 2007.

  1. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои  динӣ». аз  26 март соли 2009.

    6.Раҳмонов. Э.  Истиқлолияти  Тоҷикистон ва эҳёи  миллат. Қисми 5.- Душанбе. «Ирфон». 2005.

Саидраҳмонов Н.- ассистенти кафедраи таърихи халқи тоҷики  Донишгоҳи давлатии  Хоруғ ба номи  М. Назаршоев, 736000, ш. Хоруғ, кўчаи  Шотемур 28, тел (+992)915558597,    E-mail: saidrahmonov92@mail. ru

  Заминаҳои  конститутсионӣ ва ҳуқуқии  рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон.    

Дар мақола  масъалаҳои  танзими  ҳуқуқии  институтҳои  ҷомеаи шаҳрвандӣ ва таносуби  он бо идоракунии давлатӣ, мувофиқи муқарароти  Конститутсия  ва дигар санадҳои меъёрӣ ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ шудаанд.

  Важаҳои калидӣ: конститутсия, институти иҷтимоӣ, идоракунии давлатӣ, худидоракунии маҳалӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ, кумитаи маҳалӣ, хоҷагидории маҳалӣ, шўроҳои  маҳалӣ.

Саидрахмонов Н.- ассистент кафедра история и право  Хорогского государственных университета имени  М. Назаршоев, г Хорог, ул Шотемур 28, тел: (+992)915558597,  E-mail: saidrahmonov92@mail. ru

Конститутсионо правовие предпосылки развитии гражданского общество в Республике Таджикистана

В  статье рассматриваютсия правовые вопросы регулирования институтов гражданского  общество  и соотношение  гражданского общество с государственным управлением в соответствии с устанавлениями Конститутция  и другие законы Республика  Таджикистан.

  Ключевые слова: конституция, социальный институт, государственное управление, местное  самоуправление, гражданское общество, местный комитет, местное хозяйство, махалинские советы.

 

    Saidrahmonov N-  assistant chair history and law Khorog  State  University after M. Nazarshoev, 736000, Khorog, Shohtemur str. 28, phone: (+992)915558597,    E-mail: saidrahmonov92@mail. ru

Constitutional iegal precondidions for  the development of civil society in the Republic of Tajikistan.

This article discusses the  legal regulation of the  institutions of civil societ regulation of the  institutions of civil society and its relationship with  the  state government to  eatablish compliance according to  the Constitution  and othe laws of the Republiс of  Tajikistan.

Key words:  constitution, social institutions, public administration, local government, civil society, local committee, the local economy,  mahalinskogo tips.

 

 

  

 

 

 

 

[1] Маҳкам Маҳмудзода. Конститутсия заминаи  ташаккули  низоми  ҳуқуқ= милл=. –Душанбе. «ЭР-граф». 2014.С.17.

 

[2] Қонуни  Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи  иттиҳодияҳои  ҷамъиятӣ»// Ахбори  Маҷлиси  Олии  Ҷумҳурии Тоҷикистон.-Душанбе, 2008,№3.

[3] Конститутсияи   Ҷумҳурии Тоҷикистон. –Душанбе, 2016.- С.2.

[4] Конститутсияи   Ҷумҳурии Тоҷикистон. –Душанбе, 2016.- С.3.

[5] Конститутсияи   Ҷумҳурии Тоҷикистон. –Душанбе, 2016.- С.8.

[6] Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар  бораи ҳизбҳои сиёсӣ» //Ахбори  Маҷлиси  Олии  Ҷумҳурии Тоҷикистон.- Душанбе, 1998, № 22.

[7] Раҳмонов. Э.  Истиқлолияти  Тоҷикистон ва эҳёи  миллат. Қисми 5.- Душанбе. «Ирфон». 2005. С.135.

Log in

create an account