Мақолаҳо

ТЭТ ҲНИ оқибат надорад

 

Имрўзҳо  Ватани  моро  ҷаҳониён  мешиносанд. Магар  муаррифӣ намудани Ватан кори осон  буд?  Ё  магар  ягон  ҳизбе  кўшиш ба харҷ дод, ки  Тоҷикистони мо  тоҷикони моро  чун  мардумони соҳибтамаддуну дунявӣ  бишиносанд ва ба  давлату давлатдории мо  баҳои сазовор  диҳанд?

Барои мо аз давлати озоду  дунявӣ дида,  беҳтарин тўҳфае дар ҷаҳон  нест ва нахоҳад  буд. Мо  озодапарастони  озодаем. Наход, дар  Тоҷикистони азизи мо, ки ҳамсарҳад бо Афғонистон аст, одамон ҲНИ-ро  интихоб  намоянд? Наход онҳо  шукргузори чунин  озодиву  ободии  Истиқлолиятро  ба ҷо  наоранд? Маҳз дар  ҳамсарҳад  будан бо дигар давлатҳо  ҳисси ифтихору  шукргузорӣ  бояд  фузунтар  гардад? Ман  ба ин  фитнаангезиву  дуруғу  тўҳмат  боварӣ  надорам. Шаҳрвандони Тоҷикистон   пайваста  баҳри он кўшиш  доранд, ки Ватанро обод кунанду  суннату фарҳанги онро пос  доранд, зеро ки ин фарзи мост. Ватан-Модар  барои  ҳар  яки мо муқаддас аст. Пас аз  иғвогариҳо бояд даст кашид .Зиндагонӣ аз азал  тағрибанадўхтан буд, ки тамоми истеъдоду  таҷриба  ва  маҳорату  дониши худро  дар ободии  зиндагии худ Модар- Ватан  бояд истифода бурд, на ҳаваси  ошёне гузоштан дар Ватани ғайр. гуфтаанду  аз шукргузории мо  бехабаранд.  ---    Имрӯз барои мардуми  мо тамоми шароит муҳайёст, ки озодона зиндагӣ кунанду диниро ба ҷо оранд.

Аксарияти шаҳрвандони Тоҷикистон ба ин ҳизб эътимод надоштанду на­доранд, зеро ҷанги шаҳрвандӣ дар кишвар, ки боиси мар­ги даҳҳо ҳазор ва машаққати ҳазорон нафар сокинон гарди­да, муҷиби харобии иқтисоди ҷумҳурӣ шуд, маҳз бо сабаби тундравиҳои ҳизби мазкур ба амал омада буд. Аз ин рў, мар­дум ҳузури сиёсии ҲНИ-ро дар арсаи давлатдорӣ ҳамчун омили нооромии кишвар тасав­вур мекунанд. ҲНИ ҳамчун як ҳизби сиёсӣ буда  барои ба даст овардани ҳокимият дар ҳолати расидан ба ҳадафи сиёсии худ низ наметавонад кафили ваҳдати миллӣ ва як­порчагии Тоҷикистон бошад. ҲНИ ва гурўҳҳои дигари ифротии кишвар аз қабили чу­нин ниҳодҳои тундраве мебо­шанд, ки нооромиро дар ҷомеаи мо ба вуҷуд овардан мехоҳанд ва бо истифода аз сарпарастиву ҳимояи   ҳаммаслакони  бурунмарзиашон, ки дигар ниқоб аз чеҳра барафкандаанд, ҳанўз ҳам барои тира карда­ни фазои ороми ҷомеаи мо талошҳои беҳуда меварзанд. Тўҳмату  иғвои  балвогаронае ба чашми  ман имрўз  чунин аст, ки ҷавони содаеро  эрка карда вайро ба гуруҳҳои ҲНИ шомил  мекунанду тавассути ин ҷавон корҳои иғвогарӣ ва ақидаҳои носолими диннии худро амалӣ месозанд.

Истиқлолияти кишвари азизамон муҳимтарин дастоварди милла­ти мо буда, дар тўли ҳазор соли охир аст, ки ҳифзу таҳким бахшида­ни он қарзи ҳар як шаҳрванди Тоҷикитон мебошад. Аз ин рў, бо назардошти ҳиссияти вазъи сиёсии ҷаҳон моро лозим аст, ки нисбат ба омилҳои бад дар кишвар ва бартараф кар­дани онҳо нигоҳи ҷиддитар  дошта бо­шем.

 Халқи Тоҷик баъд аз соҳиб шудан ба истиқлолият бо такя ба фарҳанги миллӣ ва арзишҳои умумибашарӣ роҳи бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявиро пеш гирифта, муносибати оқилона ва ҳамкории судманди давлати дунявиро ба дин пазируфт, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асоси ҳуқуқии онро ташкил медиҳад. Истиқлолият шиносномаи ҳастии давлати комилҳуқуқ ва соҳибихтиёри тоҷикон дар ҷомеаи ҷаҳонист, ки низоми давлатдорӣ, сиёсати дохиливу хориҷӣ, сиёсати иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии хешро мустақилона пеш мебарад.

Сулҳу субот дар ҳама давру замон яке аз масъалаҳои муҳим ба шумор мерванд, ки онро бояд чун гавҳараки чашм муқаддас дорем ва пайваста баҳри ҳивзи он талош намоем. Пайваста бояд бар он бикўшем, ақли солим боло бошаду хандаи тифлон дар фазои ороми кишвар танинандоз бошад.

Ҳар як фарди баору номуси кишвар ба қадри ин ҳадяи бебаҳо расида шукри истиқлол намуда, бо ғайрати дучанд баҳри ободии Ватани  маҳбубамон  камари ҳиммат банданд. 

 

Маърифати Хуршед, котиби

масъули рӯзномаи «Оинаи зиндагӣ»

Log in

create an account