Мақолаҳо

САБАҚЕ АЗ ВОҚЕАҲОИ ФЕВРАЛӢ

Буҳрони иқтисодӣ ва сиёсии давлати Шуравӣ дар охири соли 1989 таомим ҷумҳуриҳоро фаро гирифта буд. Дар фазои ин буҳрон ва бо истифода аз норозигии мардум, дар мамлакат ҳизбу ҳаракатҳои гуногун ба фаъолият оғоз намуданд. Дар соли 1989 дар Тоҷикистон созмони сиёсии «Растохез» а чандин созмонҳои сиёсии дорои характери махаллӣ ба қайд гирифта шуданд. Ҳамчунин фаъолияти сиёсии уламои дин авҷ гирифт. Парокандагии сиёсӣ махсусан вазъияти шаҳри Душанберо муташанниҷ гардонид. Дар шаҳр бо ҳар баҳона  намоишу гирдиҳамоиҳои мухталиф ба вуҷуд меомаданд. Он вақт ҷанги байни Озорбойҷону Арманистон ҳам идома дошт. Дар чунин ҳолат якбора дар маҳаллаҳои гуногуни шаҳри Душанбе тавассути масчидҳо овоза паҳн шуд, ки гўё «гурезаҳои арманиро дар шаҳри Душанбе қабул карда, ба онҳо хона – сексия медодаанд».

Ҳамон вақт қисми мардуми шаҳр, дар ташкилотҳои гуногун, дар рўйхати навбати хона истода, 10-15 сол интизори хона-сексия буданд. Бинобар ин, овозаи бардурўғ оид ба гурезаҳои арманӣ 12 – 14 феврали он сол якбора мардуми зиёдро ба майдони Қасри Президентӣ баровард. Бояд гуфт, ки дар ин давра дар Душанбе – маҳфили сиёсии «Рў ба рў» амал мекард, ки бунёдгузораш З.Саидов, ҳамон вақт яке аз фаъолони иттифоқи ҷавонон (комсомол), баъд шореҳи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, директори гинералии «Ховар» ба ҳисоб мерафт. Дар ин маҳфил, ки ба мисли «микрофони озод», дар имрўза қасри «Ваҳдат» гузошта шуда буд ва шаҳрвандони ҷумҳурӣ, ҳатто аз ноҳияҳои дурдаст ҳам омада андешаҳои худро озодона баён намуда, ин ё он амалдори ҳизбӣ ё давлатиро ба зери танқид мегирифтанд.

 Инчунин форуми озоди профессор Иброҳим Усмон (Гуфтугӯи тамаддунҳо) барои муҳокимаи озод ва оромонаи  вазъият шароити мусоид фароҳам намуданд, аммо гуруҳҳои ба ном «демократӣ» ва уламои дин мехостанд бо ҳамин баҳона мардумро ба кучаҳо бароврда вазъияти мамлакатро ноором созанд. Талаби асосии гирдиҳамомадагон роҳ надодани гурезаҳои арманӣ буд, аммо қисме аз гуруҳҳои ҷинояткор ва миллатгароён ин ҳаракатро ба фоидаи худ истифода намуданд. Дар ин рўзҳо таъқиби намояндагони миллати рус ва дигар миллатҳо авҷ гирифт ва чандин тан аз онҳо бегуноҳ кушта шуданд. Ин воқеа минбаъд вазъи сиёсии ҷумҳуриро боз ҳам мураккабтар намуд. Воқеаҳои феврали соли 1990 исбот намуданд, ки миллатгароӣ дар кишвари сермиллат  ба бархурди дохилӣ  оварда мерасонад ва аз ҳамин лиҳоз  ҷавонони имрўза бояд аз ин саҳифаҳои таърихи  мо хулосаҳои дуруст бароранд, то ки фирефтаи идеяҳои бардуруғи  гурўҳҳои радикалӣ нагарданд.

Сайдасанов Юсуф, устоди ДДХ

 

Log in

create an account