Мақолаҳо

Интихобот ва манофеи он дар ҷомеа

Интихобот яке аз маъракаҳои муҳими сиёсӣ аст, ки тавассути он шахс ҳамчун манбаи ҳокимият имконият пайдо мекунад, ки мустақилона ба воситаи овоздиҳӣ мавқеашро муайян намояд. Дар интихобот ҳар як шаҳрванд ҳуқук дорад, ки озодона ва ба шахсони маъқул ба ў овоз диҳад. Ҳар як шахси масъул бояд барои интихоботи дар пешистода омода бошад.

Имрўзҳо дар саросари ВМКБ дар заминаи омодагӣ ба маъракаи муҳими сиёсӣ – интихоботи дар пешистода бо иштироки масъулони шаҳру навоӣ ва инчунин вакилони интихобшуда сўҳбату вохўриҳо доир шуда истодааст. Мардуми шарафманду сулҳпарвари Тоҷикистон ба маъракаи муҳими сиёсӣ- интихоботи парлумониро бо як ифтихори баланд омодагӣ дида истодаанд ва бо мақсади дар сатҳи баланд, шаффоф ва демократӣ баргузор намудани ин чорабинӣ ҳамагуна корҳои омодагӣ оѓоз ёфта, гуруҳҳои ҳукуматӣ таъсис дода шуданд.

Дар вохўриҳо гурўҳҳои корӣ аз соҳибистиқлолии давлат сухан намуда, аз сокинону бошандагон талаб намуданд, ки дар шароити кунунӣ, ноустувории вазъи сиёсии ҷаҳон лозим меояд, ки аз вақтҳои пеш дида, мо бояд ҳушёртару кордонтар  бошем ва зиракии сиёсиро аз даст дар ягон маврид надиҳем. Моҳияти баргузории интихоботро ба  ҳамаи табақаҳо ва махсусан ба ҷавонон фаҳмонда дода, дар дили ҳар як ҷавонм меҳри Ватану ватандориро боз зиёдтар бедор намуданд. Аз ҷумла дар ҳар як вохўрӣ оиди дуруст дарк кардани интихобот, иштироки фаъолона дар раванди баргузории ин чорабинӣ ва роҳ надодан ба ягон хатогӣ баррасӣ мегардад.

Итминонамон комил аст, ки имрўз ҳар як шаҳрванд нозукиҳои баргузории маъракаи интихоботро хуб дарк намуда, ба гузаштани он омодагии ҳамаҷониба дида истодаанд.

Шарифаи Бунёд

Log in

create an account