Мақолаҳо

Роҳҳо пайвандгари дилҳоянд

Имрўзҳо яке аз масъалаҳои муҳими рўз дар ВМКБ ин сохта шудани роҳхои алтернативӣ, бозсозии роҳи Дарвоз-Рўшон , роҳандозии нақлиётҳои мувофиқ дар масири роҳи Хоруғ-Душанбе мебошад, чаро ки маҳз тавассути ин роҳи муҳими мусофирбарӣ зиндагию шароитҳои ин мардуми кўҳистон ҳаллу фасл гардида истодааст. Дар даврони Шўравӣ махсусан дар аёми тобистон тайёра дар хатсайри Душанбе-Хоруғ қариб, ки ҳамарўза парвоз мекарду, ҳоло бошад тамоми фасли сол нақлиётҳои мусофирбар тавассути роҳи Хоруғ-Душанбе мусофирон бе ягон мамоният бурда мерасонад. Гарчанде, ки чунин иқдом ва дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои халқи Бадахшон як тўҳфаи арзандае буд, хам тайи чанд соли охир бар асари боришот, сел ва дигар офатҳои табии роҳҳо хеле вайрон шудаанд ва тавассути онҳо рафтан барои нақлиётҳо мушкилиҳои зиёдро оварда истодааст.

Хушбахтона дар ҷараёни сафари кории худ, Сарвари муаззами миллат солҳои охир дар баробари дигар минтақаҳои кишварамон барои рушду тараққиёти ВМКБ эътибори ҷиддӣ медиҳад ва ҳар сол баҳри ободии ин сарзамин аз буҷети давлат маблағҳои зиёд ҷудо мегарданд. Яке аз чунин дастгириҳое, ки аз тарафи давлат ироа гардид, ин дар доираи «Барномаи мақсадноки давлатии рушди комплекси нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2025»  сохтмони роҳи автомобилгарди Қалъаихумб-Ванҷ  сарҳади ноҳияи Рўшон, ки маблағи 226, 4 млн доллари ИМА- ро,  ташкил медиҳад ки  аз соли  2020 оғоз меёбад. Ин сохтмон акслан 93 км роҳ, 15 адад пул, 2 адад нақб ва 5 адад долони зиддитармавиро дар бар мегирад.

 Бояд гуфт, ки дар давоми солҳои Истиқлолият дар бахши роҳсозӣ, таҷдиду барқарорсозии роҳҳои мошингарди вилоят ва ҷиҳати баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ бо ҷалби лоҳиаҳои инвеститсионӣ як зумра корҳои мушаххас ба анҷом расонида шуд. Ва итминони комил аст, ки то 2025 тамоми роҳҳои ВМКБ ба нақша гирифта шуда, ҳама таъмиру азнавсозӣ хоҳанд шуд.

Шарифаи Бунёд

Log in

create an account