Мақолаҳо

Тураҷонзода сабабгори асосии ҳодисаҳои моҳи февралӣ буд

Вақте камина сӯҳбати ихтисосии собиқ Президенти кишвар Қаҳҳор Маҳкамовро дар маҳфили «Гуфтугӯйи тамаддунҳо»-и Иброҳим Усмон  тавассути ВАО пахш гардида буд, тамошо карда будам.

Он замон марҳум Қаҳҳор Маҳкамов оид ба ҳаводиси моҳи февралӣ таъкид карда буд, ки: «ҳатто ин гапҳо низ буд, ки дар намозгоҳҳо ба мардуми ибодаткунанда мегуфтанд, ки фардо ба митинг меравед, агар наравед, занатон талоқ!».

Марҳум Қ.Маҳкамов инчунин гуфта буд, ки «собиқ қозии ҷумҳурӣ ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзода шахсан овозаро дар бораи ба арманиҳо додани хонаҳо дар Душанбе паҳн карда буд».

Чӣ хеле ҳамдиёрони азиз бароятон маълум аст Тураҷонзода ва  дигар роҳбарони онвақтаи ИНОТ баробари ба даст овардани Истиқлолият пешравиҳо ва ободию озодии Тоҷикистонро нахоста, бо мақсади иғвоангезию бадномсозии давлату миллати худ бозичаи дасти дигарон гардиданд.

Дар солҳои аввали Истиқлолияти давлати тоҷикон қозии вақти ҷумҳурӣ А.Тураҷонзода бо ҳамроҳии як гуруҳ хиёнаткорони дигар мувофиқи нақшаи аз тарафи хоҷагони хориҷиашон тарҳрезӣ гардида, вазъи сиёсиро дар кишвар ноором сохта, давлатро фалаҷ намуданд. Худ ва наздиконашон ба кишварҳои мусалмонӣ рафта, панаҳ бурданд.  Пас аз истиқрори Сулҳ ва ризояти миллӣ тибқи Квотаи 30%, ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзода, ба яке аз мансабҳои калидӣ дар Ҳукумати кишвар муовини Сарвазир таин гардида, якчанд сол дар ин вазифа кор кард.

Қобили қайд аст, ки пас аз ба имзо расидани Созишномаи Сулҳ ва истиқдори миллӣ Вазорати адлияи кишвар барои озодона а дар доираи барномаи ҳизб фаъолият намудани «ҲНИ» дар қаламрави ҶТ иҷозат дод.

Баъдан маълум гардид, ки ҲНИ шохае аз «Ихвон-ул-муслимин» буда, аксари роҳбарони он дар асоси китобҳои саркардагони ихвонӣ ҳадафҳои худро барои бунёди давлати исломӣ ба роҳ мондаанд. Ихвониён чун ҳадафашон таъсиси як хилофати густурда буд, аз ин рў дар собиқ шӯравӣ барои таъсис додани ячейкаҳои худ дар минтақаҳои мусалмоннишини ин кишвар таъсиси гурӯҳҳои худро аз солҳои  70-уми қари 20 дар шакли пўшида ва пинҳонӣ таъсис дода, дар солҳои охири мавҷудияти шўравӣ, ки бозсозиву ошкорбаёнӣ ба вуҷуд омад, ба муборизаи ошкоро гузаштанд ва ҳизби наҳзати Иттиҳоди Шўравӣ ва ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро дар заминаи он расмият бахшиданд.

Роҳбарони вақти ҲНИТ чун аз хориҷи кишвар ва махсусан аз ҷониби ташкилоти «Ихвон-ул-муслимин» дастгирӣ меёфтанд, дар як муддати кўтоҳ бо роҳи пур кардани фазо аз афкори демократӣ дар байни мардуми кутоҳандеш ва камсавод нуфўз пайдо намуданд. ҲНИ ба пурраги аз методҳои ихвониҳо истифода менамуд ва дар аксар маврид аз мавқеи методи «қадам ба қадам» истифода бурда, дар саросари Тоҷикистон ячейкаҳо ва гурўҳҳои худро таъсис дода буд. Ҳамчунин тиҷоратҳои гуногун ташкил карда, барои афкори ҷомеаро дар зери нуфузи худ нигоҳ доштан воситаҳои ахбори умумро сармоягузорӣ мекард ва шахсиятҳои мазҳабиро ва зиндагонии мазҳабӣ аз ҷумла пўшиши ҳиҷоб ва амсоли инро таблиғ менамуд ва фазои иттилотии кишварро дар зери таъсири худ гузошта буд. Ин тактикаро созмону доираҳои динӣ дар Эрон низ истифода менамоянд.

Ҳамин аст, ки онҳо дар тўли фаъолияти худ гоҳ дар оғўши Эрон ва гоҳ дар оғўши Туркия ва ихвониёни мисрӣ ва дигар кишварҳо қарор доштанд. Аз ин рў, ҲНИТ низ барои расидан ба ҳадафҳои хеш дар зоҳир гўё оромона ва мисли Ихвониҳо кўшиш менамоянд, ки чунин бовариро дар зеҳни мардум ба вуҷуд оваранд, ки ягона пушту паноҳи дини Ислом ва мусалмон онҳоянд ва бояд мусалмонон ба онҳо дар ҳама маврид такя намоянд.

Камина бо овардани ин мисолҳо хостам аз наздикони ҳоҷи Акбар Тураҷонзода ёдовар шавам, ки имруз барои аъзо будан ва алоқаманди бо ташкилоти «Ихвон-ул-муслимин» дар боздоштгоҳҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар маҳбуси гардидаанд.

Дар охир ба Тураҷонзода ва дигар роҳбарони ҳизби наҳзати исломӣ гуфтаниам, ки шумоён бо вуҷуди баъди имзои созишномаи сулҳ авф гардидан ва аз имкониятҳои фаровони иштирок дар ҳаёти сиёсию иқтисодии кишвар бархурдор будан аз роҳи террору зуроварӣ ва мақсади ғасби ҳокимият, даст набардоштед, ҳатто хиёнаткорона кушиши бо роҳи табадулоти ҳарбӣ гирифтани давлатро кардед, вале тири номардонаатон хок хурд ва ба ниятҳо нопоки худ ҳеҷ гоҳ нахоҳед расид.

  Пирумшо Саодатқамов

  нафақахур, сокини ш.Хоруғ

 

Log in

create an account