Мақолаҳо

ЭҲСОСИ ФАХРИ МАНУ СИЛОҲИ ҲАМСОЯ

Дар бораи ин ки чӣ гуна Бодкандро ба макони тохтутоз ва табъизи миллатҳои ғайриқирғиз табдил доданд...

Сарфи назар аз мавҷудияти марзу миллатҳои мухталиф дар Осиёи Марказӣ, ки борҳо асбоби “бозӣ”-и абарқудратҳову манфиатҷӯён будаанд, ҳоло ин минтақа яке аз оромтарин гӯшаҳои дунёст. Яъне, дар ин шароити пурмоҷаро – шурӯъ аз терроризму экстремизм то офатҳои табииву ҷангҳои гӯё беохир – Осиёи Марказӣ аз ҷумлаи камтарин минтақаҳоест, ки суботи худро нигоҳ медорад.

Чанд сол қабл собиқ президенти Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод зимни як ҳамоиш оид ба амнияти минтақаӣ бо ишора ба “се мушти боқувват”-и Осиёи Марказӣ изҳор дошта буд, ки (мазмунан) “мардумони минтақа хушҳоланд, ки чун Раҳмону Назарбоеву Каримов пуштибон доранд. Кишварҳои шумоён гул мекунанд, мисле ки як боғбон барои парвариши он (гул) шабу рӯз заҳмат мекашад ва боғеро сарсабз мегардонад, то боиси зебоии атрофу оромиши табиат бошад”.

Аҳмадинажод инро дар назар дошт, ки зери роҳбарии Раҳмон дар Тоҷикистон, Назарбоев дар Қазоқистон ва Каримов дар Ӯзбекистон (ҳоло Мирзиёев) давлатҳое аз лиҳози истиқлолият ҷавон, аммо бо суръат рушдкунанда ва аз лиҳози амну субот - намуна - арзи ҳастӣ доранд. Ҳамин аст, ки ҳоло дар мисоли ин се сиёсатмадор намунаи барҷастаи давлату миллатсозӣ рақам зада мешавад. Ҳамин аст, ки ин кишварҳо таваҷҷуҳи бузургтарин ташкилотҳои молиявию тиҷоратиро ҷалб мекунанд, сиёсатмадорони ҷаҳон ин ҷо гирди ҳам меоянд, муҳимтарин масоили байналмилалиро ин ҷо баҳс мекунанд...

Аз ин ки гузаштем, ба ёд мерасад, ки набояд дар камин будани душманро фаромӯш созем. Бояд ёдамон бошад, ки неруҳои манфиатхоҳу тахрибкоре, чун ихвониву наҳзативу таҳририву доишӣ дар сангари муқобил дорем, ки ҳамеша талоши раҳнасозии ин амну суботро мекунанд. Аз ин дидгоҳ, бештар аз ҳар вақти дигар ба ҳамин “мӯштҳои зӯр” ниёз дорем, мӯштҳое, ки ин неруҳои тахрибкорро дар ҷояшон шинонад.

Мутаассифона, дар ин миён баъзан неруҳои дигаре ҳам ҳастанд, ки бо ҳадафҳои муайян осоиштагии мардумони минтақаро халалдор кардан мехоҳанд. Намунае аз ин ҳолатро дар ҷараёни муноқишаҳои сокинони наздимарзии Исфара ва Ботканд мушоҳида намудем. Аз рӯйи ахбори нашршуда, дар аксар ҳолат гуруҳе аз манфиатдорон аз он сӯйи марз даст ба иғво зада, боиси задухӯрди сокинон мешаванд. Ҳолатҳои зиёде буданд, ки ин муноқишаҳо ба марги инсонҳо анҷом ёфтанд. Аммо ба назар мерасад, ин манфиатдорон ором нишастан намехоҳанд.

Ҳатто сокинон ва иддае аз матбуоти ҳамсоякишвар эътироф мекунанд, ки ин гуна афрод ва гуруҳҳои алоҳидаи иғвоангезу манфиатҷӯ, ки ҳукуматдорон дар идораи онҳо оҷизанд, кам нестанд. Масалан, ҳоло номи чор нафар баъзан расмиву баъзан нимарасмӣ ва аксаран шифоҳӣ зикр мешавад, ки дар равғанрезӣ ба оташи муноқишаҳо даст доранд. Инҳо сардори дидбонгоҳи сарҳадии “Кӯк-Тош” Мирбек Султонбеков, собиқ губернатори вилояти Бодканд Мамад Айбалаев, собиқ депутат аз “Ота-Журт” Улуғбек Қучқоров ва як зан-депутати маҳаллӣ, ки чанд сол қабл иддао кард, гӯё дасташро сокинони Исфара шикастанд, мебошанд.

Аввалӣ ҳанӯз ҳам амалан даст ба иғво мезадааст: ҳаводиси рӯзҳои 9 ба 10 январи имсол дар Чоркуҳ бо тавтеа ва роҳбарии вай сар задааст. Марзбонони қирғиз бо фармони ӯ тирпарронӣ кардаанд ва ғайра.

Ё собиқ губернатор Айбалаеви наздик ба 80-сола, ки аз ӯ “гурги пир” ҳам ном мебаранду нафраташро нисбат ба ғайриқирғизҳо пинҳон намедорад, борҳо аз мақомоти кишвараш талаб кардааст, то сокинони наздимарзиро бар зидди сокинони Тоҷикистону Ӯзбекистон мусаллаҳ кунанд.

Айбалаев яке аз афроди маъруфи Қирғизистон ба шумор меравад. Дар миёни 100 афроди доротарини Қирғизистон ӯро дар мақоми саввум ҷо додаанд. Дар вилояти Бодканд бошад, ҳанӯз касе ба пояи ӯ нарасидааст, чунин мешуморанд расонаҳои қирғизӣ. Гуфтугуҳои зиёде ҳастанд, ки вай баъди азхудкунии 5 млн сом маблағи Комбинати сурмаи Қадамҷой ва пулшӯӣ дар замони губернаторияш ба яке аз доротарин афроди он кишвар табдил ёфт.

Дар соли 1994 Айбалаев яке аз номзадҳои асосии рақиби Аскар Акаев дар интихоботи президентӣ буд. Бино ба бархе маълумот, ӯ дар барномаи қаблазинтихоботияш зикр карда буд, ки Ворухро ба Қирғизистон ворид мекунад.

Улуғбек Қучқоров, ки низ аз афроди наздик ба Айбалаев аст, барои ҷамъоварии холи сиёсӣ дар давраи интихоботҳо маҳз баҳси марзро ба миён гузошта, ба эҳсосоти сокинони наздимарзии Ботканд нохун мезанад ва онҳоро барои обу замин ба муқобили сокинони наздимарзии Тоҷикистон ба по мехезонад (Баъди он ки собиқ муовини сарвазири Қирғизистон Марлен Маматалиев оид ба ҳузури қувваи сеюм дар муноқишаҳои мазкур суҳбат кард, бархе расонаҳо ошкоро навиштанд, ки ин ҷо дар асл, гап сари Айбалаев ва Қучқоров меравад).

Он зан-депутат бошад, борҳо буда, ки боиси моҷароҳои хунин байни ҷавонони ҳарду кишвар дар деҳоти наздисарҳадӣ шудааст. Аз ҷумла, аз муноқишаи моҳи майи соли 2014 (бо иштироки беш аз 1500 нафар аз ҳарду тараф) мисол оварда мешавад.

Аммо баръакси ин ҳолат ҳам ҳаст. Касоне ҳам ҳастанд, ки муносиботи гарму равобити дӯстонаи мардумони ҳарду кишварро муҳимтар аз ҳама медонанд, бехабар аз он ки бо ин амалашон бисёр доираҳои манфиатдорро нороҳат ва ба ҷони худ ҷабр мекунанд. Масалан, Равшан Собирови тоҷиктаборро, ки қаблан вазири ҳифзи иҷтимоии Қирғизистон буд, баъди талошҳояш барои ҳалли муноқишаҳои байни тоҷикону қирғизҳо дар Ботканд ба зудӣ аз вазифа барканор кардаву алайҳаш бо чанд иттиҳоми сохта парванда боз карданд ва ба зиндонаш андохтанд. Ё собиқ губернатори вилояти Ботканд Орзубек Бурҳонов маҳз барои он мавриди сӯиқасд қарор гирифт, ки баъди муноқиша дар Андарак (29 декабри соли 2011) байни тоҷикону қирғизҳо истода, онҳоро ба оштӣ даровард. Вай аз сӯйиқасд ҷон ба саломат бурд. Маълум гардид, ки муноқишаро қирғизҳо ташкил карда буданд ва бояд тоҷиконро “метарсониданд”. Баъдтар бархе манобеъ навиштанд, ки ин сӯиқасдро нисбат ба Бурҳонов нафарони махсуси Айбалаев омодаву роҳандозӣ кардаанд.

Бино ба маълумотҳо, дар Қирғизистон ҳудуди 50 ҳазор тоҷикон ва аксаран дар вилояти Ботканд зиндагӣ мекунанд. Борҳо буда, ки маҳз бо сабаби миллати ғайриқирғиз буданашон мавриди ҳамла қарор гирифтаанд. Ва на танҳо тоҷикон. Ба гуфтаи пажуҳишгар Субҳоналӣ Давлатов, дар Қирғизистон ва бахусус дар вилояти Ботканд, гуруҳҳои зиёди мафиозӣ мавҷуданд, ки ҳадафашон барангехтани низоъи байниқавмӣ ва муташанниҷ кардани вазъ аст ва барои амалисозии ин ҳадафҳо абзорҳои зиёд доранд. Ба ҳисоби ӯ, ҳолатҳое ҳам буд, ки танҳо дар ду моҳ се ҳодисаи муноқишаи байниқавмӣ рӯй дод: байни қирғизҳову русҳо, байни қирғизҳову тоҷикон ва байни қирғизҳову қафқозиҳо. Таҳқиқи ҳодисаҳо нишон додаанд, ки ҳамаи онҳо бо айби қирғизҳо шурӯъ ва аз сӯйи гуруҳҳои манфиатдор идора шудаанд. Ҳатто ҳодисаи хунуни моҳи июни соли 2010-ро, ки дар натиҷаи он 381 нафар ба ҳалокат расиданд, маҳз ҳамин гуруҳҳо роҳандозӣ кардаанд. Қаблан Комиссияи байналмилалии таҳқиқот (IIC) ҳам бо нашри натиҷаҳои таҳқиқоти худ гуфта буд, ки дар ин ҳаводис пешвоёни маҳаллаҳои қирғиз гунаҳкоранд.

Дар Тоҷикистон ҳам қирғизҳо кам нестанд. Барои мисол, бино ба маълумоти расмӣ, танҳо дар ноҳияи Мурғоб, ки ҳамагӣ 15715 нафар аҳолӣ дорад, 12087 нафар қирғизҳо зиндагӣ мекунанд. Дар муқоиса, тоҷикон – 3612 нафар, ӯзбекҳо – 12 нафар ва қазоқ 4 нафаранд.

Монанд ба ҳамин, дар мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Мурғоб 72 нафар фаъолият мекунанд, ки аз ин 56 нафар қирғизҳо ва 16 нафар тоҷикон мебошанд. Раиси ноҳия Мурзабай Ҷошбаев, ки узви Маҷлиси Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, миллаташ қирғиз мебошад.

Аз 14 мактаби таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияи Мурғоб 2 мактаб таҳсилоташон пурра бо забони давлатӣ (1 мактаб дар маркази ноҳия – ҷамоати деҳоти “Мурғоб”; 1 мактаби ибтидоӣ дар деҳаи Булункули ҷамоати “Аличур”) ва 1 мактаби омехта дар ҷамоати “Аличур”, боқимонда 11 мактаб пурра таҳсилоташон бо забони қирғизӣ мебошад.

Вобаста ба мавқеи ҷуғрофӣ ва иқлими ноҳия сокинони он асосан ба чорводорӣ, соҳибкорӣ ва муҳоҷирати меҳнатӣ дар хориҷи кишвар, алалхусус дар ноҳияи ҳаммарзи ноҳияи Мурғоб - шаҳри Оши Қирғизистон машғуланд.

Зикри ин рақамҳо ҳаргиз бо ҳадафи миллатгароӣ нест. Ин эҳсоси фахр аст ва ман ҳақ дорам, фахр кунам, ки ҳоло ноҳияи Мурғоб аз ҷумлаи амнтарин минтақаҳои Тоҷикистон маҳсуб мешавад. Масалан, ҳеч вақт набуд, ки дар ин ноҳия байни миллатҳои гуногун, бахусус байни тоҷикону қирғизҳо, муноқиша сар зада бошад. Мешавад бо итминон гуфт, ки ин ҷо намунаи олии ҳамзистии осоиштаи миллатҳо мавҷуд аст - чи аз лиҳози амниятӣ, чи аз дидгоҳи фаъолнокии сокинон ва чи бо далели мавқеъи ҷойгиршавию ҳудуди маъмурӣ. Гап сари он аст, ки мақомоти амнияту прокуратура ва корҳои дохиливу дигар масъулони ҳифзи ҳуқуқи ноҳия аз ҷумлаи фаъолтарин ниҳодҳои минтақаии давлатӣ маҳсуб мешаванд. Онҳо тавонистаанд, ки тавассути корҳои фаҳмондадиҳиву дуруст ба роҳ мондани раванди кор бо ҷомеа як муҳити солиму созандаро фароҳам созанд. Вагарна, бо ин ҳудуди бузургу сарҳади дурудароз, чолишҳои табиӣ – аз як тараф ва захираҳои бойю табиати нотакрор ва шикоргоҳҳои камсобиқа, ки ҳӯшу гӯши дӯстдорони табиатро бурдааст, оё таъмини суботу оромӣ кори саҳлу содда намебуд.

Баръакси ҳамин, дар ҷумҳурии ҳамсоя ҳам ин гуна афрод баъдан вомехӯранд. Чанде пеш як нафақахӯр аз Қирғизистон, ки мегуфт, аз кӯдакӣ то кунун дар вилояти Ботканд зиндагӣ мекунад, дар як навори видеоӣ оид ба муносибати мардуми тоҷик ва қирғиз нақл кард. Ин мард мегӯяд, дар рустои Чеки вилояти Ботканд қитъаи заминеро дар бари тоҷикон барои худ гирифта, якҷоя бо тоҷикон зиндагӣ мекунад:

“Мо боре ҳам ҳамдигарро ҷудо намекардем: ту тоҷик ё ту қирғиз. Дар як мактаб мехондем, маросиму тӯйҳоро якҷо мегузаронидем. Миёни мо душманӣ набуд”, - нақл мекунад мӯйсафед.

Вале ана ҳамин “душмани ҳам набудан”-ҳо ба гуруҳҳое сахт маъқул нест. Ба назар мерасад, манфиатдороне, ки зикри бархеяшон болотар рафт, ҳанӯз ҳам аз дидгоҳи қаблазинқилобӣ раҳо нашудаанд ва худро мехи замин ҳисобидаву Бодкандро ба макони тохтутоз ва табъизи миллатҳои ғайриқирғиз табдил додаанд.

Ба фарқ аз ин, Мурғоб – ин дурдасттарин минтақаи Тоҷикистон, бомаром рушд мекунад, рӯз ба рӯз ободу шукуфон мегардад. Бахусус, эълон шудани “Соли рушди сайёҳӣ” ва “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” баҳонаи хубе барои роҳандозии иқдомҳои бузург шуд. Мардумони гуногунзабону гуногунмиллат паҳлӯи ҳам сарбаландона зиндагӣ мекунанд ва Мурғобро, ки ҳамакнун ба минтақаи транзитӣ табдил ёфтааст, ба гавҳаре андар болои қуллаҳои осмонбӯси Помир табдил медиҳанд. Ин дигар рисолати инсонии онҳост.

Аҳлиддин Мирзода, таҳлилгари масоили сиёсӣ

Log in

create an account