Мақолаҳо

Паём – дурнамои рушд

Ҳақиқатан дар тақдири ҳар миллат теъдоди ками роҳбароне ҳастанд, ки ҳаёти худро пурра барои рушду ободии Ватан бахшида, баҳри содиқу самимӣ будан бо халқ аз ягон мушкилоти сарнавишт бим надоранд. Яке аз чунин абармардон ва нобиғаи замон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд, ки дар таҳкими соҳибистиқлолии Тоҷикистон ва Ваҳдати комили миллӣ нақши беназир дошта, дар ин росто талошҳои бемислу монанд кашид ва шоҳкориҳои азиме нишон дода буд. Маҳз ҷасорату матонат, ватандӯстиву инсонпарварӣ, садоқат ба миллат ва истодагарии воқеии ин марди нотакрор дар таърихи навини тоҷикон ҳаст, ки ҳанӯз мушкилоти чандинасраи халқамон ҳалли худро ёфта, давлатсозии муосир таҳти роҳбариву сиёсати хирадмандонаи ӯ бомаром ҷараён дорад.

Чанде қабл дар шумораи № 21 – 22 (23 887) – и нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Ҷумҳурият” мақолаи “Паёми Пешвои миллат ва масъалаҳои рушди маърифат” бо қалами Саймумин Ятимов, доктори илмҳои сиёсӣ, узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба табъ расид, ки ин маводи пурмӯҳтаво бо далелҳои воқеӣ навишта шуда, худ гувоҳи гуфтаҳои болозикр мебошад. Яъне дар баробари нишон додани ташаббус ва ҳадафҳои олии Сарвари давлат, муаллиф бо назокати том ва таҳқиқу пажуҳиши кулл ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ назар андохта, воқеъбинона исбот намудааст, ки дар асл Паём раҳнамост.

Аз ҷумла, муаллиф дар муқаддимаи мавод ба муҳимтарин иқдому хислати ҷавонмардонаи Пешвои миллат, яъне наздик будан бо мардум аҳамияти хосса дода, бо ин ишора аз дигар роҳбарону масъулини сохторҳои давлатӣ даъват ба амал овардааст, то аз муколамаи озоду самимӣ бо халқ наҳаросида, баръакс бо мардуму ҳамеша барои мардум бошанд.

Чуноне ки Пешвои миллат дар ҳар ҷамъомаду вохӯриҳояш аз мансабдорону намояндагони мақомотҳои маҳаллӣ пайваста наздик будан бо мардумро талаб мекунад.

Ҳамасрони мо гувоҳи онанд, ки Сарвари давлат, новобаста аз мавқеи ҷуғрофиёӣ, хатарнокии масир ва шароити ниҳоят сахту номусоиди иқлим, борҳо ба дурдасттарин деҳа, ҷамоат, ноҳия – манзили сокинони мамлакат ташриф оварда, бо зиндагӣ, ҳолу аҳвол, кору бори мардумони касбу ҳунари гуногун шинос шудааст. Бо онҳо вохӯрӣ ва суҳбату мулоқотҳо доир намудааст.

Ҳар як муколамаи Пешвои миллат, тавре ҷомеа шоҳиди он аст, озод, бо салоҳият ва масъулияти бузурги давлатдорӣ, бо таҳлил, далелнокӣ, муқоиса, арҷгузорӣ ба меҳнати деҳқонон, коргарон, соҳибкорон, зиёиён, серталабӣ нисбат ба мақомоти иҷроияи ҳокимият ва дигар сохторҳои давлатӣ сурат мегирад”, - омадааст дар мақолаи С. Ятимов.

Яъне муаллиф муколамаи судманд бо мардумро беҳтарин василаи шиносоӣ бо зисту зиндагии халқ ва ҳаёти рӯзмарраи онҳо арзёбӣ намуда, феълан ин ташаббуси наҷиб комилан ба Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хос аст.

Дар баробари ин паёмҳои Пешвои миллат яке аз муҳимтарин шаклҳои муколама бо ҳалқ буда, нишонгари онанд, ки дар ҳуҷҷатҳои зикргардида вазъияти давлат таҳлилу арзёбӣ мешаваду самтҳои асосии сиёсати дохилӣ, берунии кишвар на танҳо муддати як сол, балки барои даҳсолаҳои минбаъда коркарду эълон мегарданд:

Паёмҳои Пешвои миллат хусусияти моҳиятӣ доранд. Дараҷаи алоқамандии диалектикии тамоми бахшҳои низоми сиёсиро бо субъекти марказии ҳокимияти давлатӣ муайян мекунанд. Самаранокии онро тафсир ва баҳогузорӣ менамоянд. Камбудиҳоро ошкор месозанд. Роҳҳои ислоҳи он ва уфуқҳои рушди миллиро дар ояндаи наздику дур нишон медиҳанд.

Омӯхтани ин ҳуҷҷати тақдирсоз ба хотири  дарки воқеии таърихи миллат, дастовард, мушкилоти умумӣ, роҳ, усул ва шеваҳои ҳаллу фасли он тавассути имконоти тамоми ҷанбаҳои давлатдорӣ зарур мебошад.

Паёми навбатии Пешвои миллат, ки рӯзи 26-уми декабри соли 2019 ба парламенти кишвар ироа гардид, аз ҷумлаи санадҳои сарнавиштсози ҷомеаи имрӯзаи мост– омадааст дар мақола.

Хуллас, муаллиф дар маводаш нуктаҳои муҳими Паём, аз қабили масъалаҳои иқтисодӣ, мавқеи илму маориф, талабот нисбат ба тарбия ва таълим, аз худ кардани илмҳои бунёдӣ, эҳтиром ба забони тоҷикӣ ва муқаддас донистани он, хондани китоб, арҷгузорӣ ба тарихи миллат ва дигар паҳлӯҳои асосии онро мавриди таҳлил қарор дода, барои исботи авлавияти он назарҳои гуногуни воқеӣ пешниҳод намудааст.

Бо ибораи дигар мақолаи “Паёми Пешвои миллат ва масъалаҳои рушди маърифат” натанҳо масоили рушди фарҳангу маърифатро дар бар мегирад, балки он тамоми самтҳои пешрафти мамлакат, баланд бардоштани маънавиёту ҷаҳонбинии ҳамаи табақаҳои аҳолии кишварро инъикос намуда, иқтибосҳои файласуфон, бузургону олимони гуногунсоҳа ва дигар назарҳои дар он дарҷгашта, маводро барои ҳар хонанда боз ҳам пурмазмунтару ҷолибтар менамоянд.

М. Имомназаров,

сармуҳаррири маҷаллаи “Фурӯғи маърифат”-и

ДДХ ба номи М.Назаршоев

Log in

create an account