Мақолаҳо

ҲИМОЯИ ВАТАН МУҚҚАДАС АСТ

Бале ҳардаме, ки мо Ватан мегӯем ва бар васфи он сухан меронем пеши назарамон диёри сарсабзу хураму обод ҷилвагар мешавад. Ва ин диёри арҷуманд Тоҷикистон ном дорад! Барои ободиву оромӣ, ҳифзи нигаҳбонии он сарбозони ватан, ҳомиёни марзубуми кишвар ҷонфидоиву хидмати бузург менамоянд. Ҳимояи Ватан яке аз нишонаҳои муҳаббат ба обу хоки он аст, аммо на ҳаркас Ватани худро содиқона ҳимоя мекунад. Ҳимояи Ватан қарзи ҳар як шаҳрванд буда, далериву ҷасурӣ ва ҷовонмардии ҳар нафари бо нангу номус мебошад. Ватанпарастӣ арзиши муққадас ва яке аз рукнҳои муҳимтарини тарбия мебошад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон марҳалаи вазнини солҳои аввали истиқлолиятро паси сар намуда, ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягонаро таъсис дод. Мавҷудияти давалат пеш аз ҳама ба дахлнопазирии марзу буми он вобастагӣ дорад. Аммо, бархе аз ташкилотҳои террористӣ-экстремистӣ ва равияҳои гуногуни тундрав кушиш намуда истодаанд, ки вазъиятро дар тамоми давлатҳои демократӣ аз ҷумла давлатҳои Осиёи Марказӣ ноором созанд. Давлатҳои Осиёи Марказиро зарур аст, ки сарҷамона барзидди чунин зуҳуротҳои номатлуб сарҷамона мубориза баранд. Аммо, баъзе аз ҳамсоягони ҳаммарзӣ мо мушкилиҳои аввалиндараҷаи глобалиро дастгири накарда, ба иғвову дасисабозӣ дар хати марз машғул ҳастанд. 

Мутаассифона, бархе аз ҳамсоягони мо, ки дар минтақаи шимоли ҷумҳури ҷойгир мебошанд, тавассути васоити ахбори омма, тарғибу ташфиқот бурда, ба паст задану шаъну шарафи миллати тоҷик ва аз худ намудани заминҳои аҷдодии тоҷикон машғул гардида истодаанд. Ҷумҳурии Қирғизистон кушиш намуда истодаанд, ки худро дар назди ҷомеаи ҷаҳони ҳамчун миллати ҷабрдида нишон дода, тамоми воқеа ва ҳодисаҳои нохуши дар хати Сарҳад давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон рӯхдодаро ба души шаҳрвандони Тоҷикистони бор намоянд. Аммо, дар асл бошад ҳамаи ин ҳодисаҳои дар хати Сарҳад ба вуқуъ омада, аз ҷониби худи шаҳрвандони қирғиз ба амал омада истодааст. Онҳо бо ҳар роҳу восита ва қатлу куштори сокинони назди марзии Ҷумҳурии Тоҷикистон кушиши пай дар пай аз худ намудани заминҳои аҷдодиамонр намуда истодаанд.  

Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон як маротиба чунин ҳодисаи нохушро аз сар гузаронид. Ба ҳеҷ ваҷ дуюмбора роҳ намедиҳем, ки мардуми тоҷик зери шиканҷаи душманони аҷнаби гардад. Барои ҳимоя Ватан сарҷамона мубориза бурда, ҳар порча замини кишварро аз душман ҳимоя хоҳем кард. Ҳамсоягони қирғизтаборро зарур аст, ки аз чунин кирдорҳои ноҷавонмардона ва ваҳшиёнаи худро яктарафа гузошта, мушкилоти ба вуқуъ омадаро бо роҳи инсони ҳалу фасл намоянд. Зеро чунин рафтори онҳо ба оқибатҳои аз ин ҳам бад оварда мерасонад.

Соидшоев М, сокини шаҳри Хоруғ        

Log in

create an account