Мақолаҳо

Мо тарафдори сулҳу амният ва ҳамдигарфаҳмӣ

Имрӯз  тамоми аҳолии  Ҷумҳуурии Тоҷикистон  мушкилоти марзии Ҷумҳурии Тоҷикистону  Қирғизистон  дар таҳлука  андохтааст. Ин мушкилотро  доғи рӯз  гуфта мнтавонем. Аз як тараф марзу буми  ин ду кишвар, ки бошад аз тарафи  дигар  муноқишаҳои мусаллаҳонаи   қирғиз ва задухурдҳои  сокинони  наздимарзӣ  аҳолиро дар ҳайрат мондааст .

   Ин мушкилот сулҳу суббот ва амнияти кишвари маҳбубамонро  халалдор мекунад. Ин масъалаҳои баҳси марзии байни ин ду ҳамсоякишвар солҳои зиёд тул кашида буд. Ин боиси нооромии мардуми сулҳхоҳу меҳнатпараст гардидааст. Ин масъала рӯз то рӯз муташаниҷ гардида вазъият дар марзи Қирғизистону Тоҷикистон рӯз то рӯз бадтар шуд.

  Барои ҳамаи мо маълум аст, Ворух бо Оқсойи Ҷумҳурии Қирғизистон ҳаммарз буда, вақтҳои охир зуз - зуд байни ҳам нофаҳмиҳо медиҳанд, ки ба муноқишаҳо ва ҷангу ҷидолҳои беҳуда оварда мерасонад. Дар минтақаҳои баҳсии ин марз алалхусус дар марзи ноҳияҳои  Исфараву Бодканд байни сокинон ва марзбонҳои ду тараф муноқишаҳо рух медиҳанд. Дар нофаҳмии рӯзи 16- декабр сокинони ду деҳаи марзии Исфара  ва Бодканд  ба суйи  ҳам сангандозӣ  кардаанд. Ба гуфти  сокинони  деҳаи Сомониёни шаҳри Исфараи вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон бастани роҳ аз суйи қирғизҳо, боиси таниши лафзӣ ва мунҷар ба сангандозӣ миёни сокинони ин ду деҳаи марзӣ  шуд. Бори сеюм аст, ки  байни ин ду кишвар  сангандозиву роҳбандӣ ба вуқӯъ омадааст. Ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон кӯшиш кунад, ки  ҳама вақт  бояд посбони сарҳади кишвари азизи худ бошад. Ва шаҳрвандоне, ки дар минтақаҳои сарҳадӣ  зиндагонӣ  мекунанд бо ҳамсоякишварҳо тинҷу осуда  ва якдигарфаҳм  бошанд. Ҳифзи марзу бум нигоҳдошти  озодиву  истиқлол  вазифаи ҳар як шаҳрванд аст. Роҳбарони давлатҳо  ба ин масъалаи  ҷиддӣ диққат  дода  рӯзи 14- январи соли ҷорӣ, ки дар шаҳри Исфара баргузор гардида буд  ба мувофиқа расонданд, 114 км марзеро, ки  гурӯҳҳои типографии ду ҷониб  муайян кардаанд  дар давоми ду моҳ баҳои ҳуқуқӣ дода  хатти марзро муайян кунанд. То  санаи 1- март қисматҳои марзие, ки берун аз имкони аломатгузорӣ   ҳастанд, дар мавриди  иваз кардани  он қисматҳо  пешниҳодоти худро  ироа кунанд. Ин ғамхории бевоситаи Пешвои миллатамон буд, ки имрӯз  ин ду кишвари дӯсту ҳамсоя  аз як  гиребон сар бароварда  кору фаъолияти сиёсиву иқтисодии худро  пеш бурда истодаанд, байни ду кишвар сулҳу суббот  танинандоз  бошад. Ин халқиятҳо  аз қадимулайём  бо ҳам дӯсту бародар  буданд. Ин дӯстии  онҳо бояд якумра бошад. Мо ҳам  сиёсати  хирадмандонаи  Пешвои миллатро ҳамаҷониба  дастгири  намуда барои  гул-гулшкуфоии ин ду кишвар саъю талош менамоем. Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон  ҷонибдори  сулҳу ваҳдат, амният  ва  пешрафти  кишвари худ буда,  намегузорем,   ки ба хоки  муқаддаси мо пойи нохалаф гузошта шавад.

Омӯзгори МТМУ №6-и шаҳри Хоруғ, Фаромузова Азизмо

Log in

create an account