Мақолаҳо

То кай муноқишаҳои сарҳадӣ давом меёбанд?

Ин суол маро ором намегузорад, зеро агар сарҳад ноором бошад, миллат ҳам ноором мешавад. Ин суол рафта-рафта  имрўз ба як масъалаи ҷҷиддӣ табдил ёфтааст. Оромии Ватани азизамон аз сарҳад вобастагии калон  дорад. Муноқишаҳои мусаллаҳонаи ду марз имрўз ҳамаро нигарон намудааст.

     Кӣ ин муноқишаҳоро ба вуҷуд меовард ва кист он шахсе, ки ба ин муноқишаҳо даст мезанад?  Нагузорад, ки дар сарҳадамон оромӣ  бошад  ва  Ватани азизамон, ки тинҷу осуда ҳаст афродоне пайдо мешаванд, ки мехоҳанд тавассути иғвову, ифротгароиҳои худ  Ватанамонро ноором созанд. Аммо чунин шахсиятҳо ҳеҷ гоҳ ба мақсаду муроди хеш  намерасанд.Кор ба ин ҷо кашид, ки дар ҳаводиси ним моҳи охири соли равон сангандозӣ ва тирпаронӣ дар ин марз афзоиш ёфт.

Ин муноқишаҳои пай дар пайе, ки вақтҳои охир дар марзҳои Қирғизистону Тоҷикистон рух медиҳанд, аз он шаҳодат медиҳад, ки як гуруҳ одамон тарафдори сулҳу суббот набуда, тавасути чунин муноқишаҳои худ кўшиш менамоянд, ки байни ин ду кишвар сулҳу суббот набошад ва  доимо байни ин ду кишвар нооромӣ  бошад. Муташанниҷ  гардидани  вазъият роҳбарони  давлатро ба он водор  намуд, ки ҳар чӣ зудтар  сари ин масъала чораҷуӣ намоянд ва ҳар ду тараф ҷонибдори онанд , ки ҳар чӣ зудтар  ин масъаларо ҳал намоянд.Бояд корҳои фаҳмондадиҳӣ  баргузор кунанд, то низоъҳо пешгирӣ карда шаванд.Ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон ҳамчунин ба ин тавофуқ расиданд, ки дар навбати аввал аз 467 километри марзи баҳсӣ 114 километри онро таъйин ва аломатгузорӣ кунанд. Дар баробари ин дар ояндаи наздик дар минтақаҳои баҳсӣ чароғаки раҳнамо ва камераҳои назоратӣ  насб карда мешаванд.Гуруҳхои кории ҳуқуқӣ муваззаф шуданд то 15 феврали 2020 мавқеи мувофиқшудаи худро  дар бораи тавири гузариши хати лоиҳавӣ дар қисмати 114 километри марз ироа диҳанд. Гуруҳои кори топографӣ  муваззаф шуданд, ки то авали моҳи марти 2020 гузинаҳои тавофуқшудаи мубодилаи замини  мусовӣ ба тўлу арз дар ноҳияи Бодканд ва шаҳри Исфараро  дар бахшҳои Самарқандак ва Кўктош анҷом диҳанд.

Мо ҳам шод аз онем , ки  ин   масъала ҳали худро ёфт, зеро мо дар чунин кишваре зиндагӣ мекунем, ки осудаву ором, зебову биҳиштосо ва дар огўши наздикони худ ҳастем.Фарзандони худро  дар рўҳия ватандўстӣ,  хештаншиносӣ, меҳанпарастӣ , пос доштани тинҷиву суббот тарбия намоем.

Log in

create an account