Мақолаҳо

БАҲСҲОИ БЕАСОСИ “БАРОДАРОН”-и ҲАММАРЗИ МО

Тоҷикон дар тули таърихи хеш ба марзу буми ҳеҷ як кишвар ҳамла накарда, замину хоки ягон кишварро бо оғушта кардани хун аз они худ накардаанд. Барои чи бошад, ки бархе аз шаҳрандони Ҷумҳурии Қирғизистон, ки дар деҳаҳои наздимарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон зиндаги доранд, даъвои гирифтани заминҳои бобогии моро мекунанду аз аслу насаби хеш бехабаранд.

Онҳо бо ташабусу роҳнамоиҳои душманони миллати мо кушиш мекунанд, ки фазои нооромро дар марзи ҶТ ва ҶҚ фароҳам оварда, бо ин роҳ ба вазъи кунунии Ҷумҳури ва минтақа таъсир расонанд. Шаҳрвандони бонангу номуси кишвари мо баракси ҳол амал намуда, мехоҳанд, таъсиргузори дасти касе набошанд ва бо дасисаву гуфторҳои беасоси сокинони ҳаммарзи худ гуш намедиҳанд.

Ҳар як шаҳрванди баномуси Ҷумҳурии Тоҷикистон медонад, ки мо аз кадом асрҳо дар Осиёи миёна зиндагӣ мекунему бародарони ҳаммарзи мо аз кай, ин таърихро худи шахсоне, ки ба иғвогари машғуланд, худ медонанд. Аммо беномуси пешакардани бархе аз сокинони Ҷумҳурии Қирғизистон, дар он ифода меёбад, ки онҳо таъсиргузори дасти касе ҳастанд.

Бояд сокинони ҳаммарзи мо дониста бошанд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ягон вақт бо таъсиру таҳдиди касе, аз як ваҷаб сарҳади худ даст накашида, оиди пурзур намудани он баҳри таъмини амнияти сокинони худ, тамоми кушишҳоро мекунад. Таҳдидҳои беасосу бемантиқи сокинони ҳаммарзашро намепазирад. Дар якҷояги бо шаҳрвандони худ, ки пайрави Пешвои хеш мебошанд, барзиди душманони дохили ва хориҷии худ муборизаи беамон мебаранд.

Мутаассифона, имрӯз сокинони қирғиз табори кишвари мо вобаста ба ҳаводиси байни марзии Тоҷикистону Қирғизистон ба амал омада, вокуниши манфи нишон дода дар сомонаҳои интернетӣ ба паст задани шаъну шарафи Ватани худ машғул мебошанд.

Бинобар ин моро зарур аст, ки дар маҷрои ҷаҳонишавӣ бо дарки масъулият истиқлолияти худро натанҳо бо шиору гуфтор ситоишу парастиш, балки бо меҳнати софдилона ва самимӣ дар ҳама соҳаҳо таҳким бахшем, бепарво ва бемасъулият набошем ва барои таълиму тарбияи наврасон, ҷавонон дар рӯҳияи ватандустӣ, худогоҳиву худшиносӣ, инчунин ҷалби онҳо дар корҳои созандагиву ободкорӣ, ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, таҳким бахшидани ваҳдати миллӣ ва пайрави накардани душманони дохили ва хориҷӣ саҳмгузор бошем. Таърихи навини кишвари соҳибистиқлоли мо, ки таҳти фишори қишрҳои гуногуни абарқудратҳо қарор гирифта буд, имрӯз дубора қадамҳои устувори худро ба сӯи оянда гузошта истодааст. Барои ҳар як намояндаи ин ё он миллат ягона мебошад. Яъне, шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфи назар аз мансубият ба миллату дин, нажот, мазҳаб ва забон баробарҳуқуқ  мебошанд ва дар ҳудуди кишвар тамоми намуди шароити зиндагиро соҳиб шуда метавонанд.

Сокини шаҳри Хоруғ Айдмамадов Саломатшо

Log in

create an account