Мақолаҳо

ҲИФЗИ МАРЗ МУҚАДДАС АСТ

Мафҳуми “Ватан” ва бузургдошти он аз қадим дар ананаҳои миллиамон мавқеъи муҳим дорад. Ин мафҳум дар худ ҷойи таваллуд, маҳалли зист, одамон, шаҳру вилоят ва мамлакатро ифода мекунад. Соҳиби манзилу макон, сарпаноҳ, оила, ва фарзандон будан низ ба тарзи хос мафҳуми “Ватан”-ро ифода мекунад. Мардуми Тоҷикистон марҳалаи вазнини солҳои аввали истиқлолиятро паси сар намуда, баҳри бунёди ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона пайваста талош меварзанд. Асоси мустаҳкамии амали намудани тадбирҳои созандаву бунёдкориҳо, ҳукумфармо будани сулҳу салоҳ дар ҷомеа, якдигарфаҳмӣ ва якдилии мардум ҳамзистии ҳамаи сокинон ба шумор меравад. Таърихи навини кишвари соҳибистиқлоли мо, ки таҳти фишори қишрҳои гуногуни абарқудратҳо қарор гирифта буд, имрӯз дубора қадамҳои устувори худро ба сӯи оянда гузошта истодааст.

Ба ҳамагон маълум аст, ки аз давраҳои қадим мардуми тоҷик баҳри ҳимояи “Ватан” барзидди душманони аҷнабӣ мубориза бурда, ҷони худро баҳри ҳифзи марзу буми хеш фидо намудаанд.   Мавҷудияти давалат пеш аз ҳама ба дахлнопазирии марзу буми он вобастагии зиҷ дорад. Мутаассифона, бархе аз ҳамсоягони мо, ки тули асрҳо бо мо дар ҳамсоягӣ қарор доранд, имрӯзҳо давои марзи “Ватанамон”-ро доранд. Шаҳрвандони Ҷумҳурии Қирғизистон тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ, тарғибу ташфиқот бурда, заминҳои қадимии мардуми тоҷикро, ки тули асрҳо дар онҷо зиндагонӣ мекарданд азони худ намуда истодаанд. Онҳо дар ҳаряк баромадҳояшон ба паст задани шаъну шарафи миллати тоҷик ва пешниҳоди маводҳои сохтакорона дар шабакаҳои интернетӣ оид ба ҳолатҳои муноқиша дар сарҳад, ки гуё дар ин муноқишаҳо шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгоранд, машғуланд. Аммо, дар асл бошад ҳамаи ин мушкилотҳои дар сарҳад ба вуқуъ омада, аз ҷониби худи шаҳрвандони қирғиз ба амал омада истодааст.

Сокинон қирғизтабор, ки дар марзи Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқомат мекунанд ба таъсири дасти сеюм ба иғвогарӣ ва маҳаллгароӣ даст зада, вазъятро дар минтақаҳои осебпазири Сарҳади давлатӣ вайрон менамоянд. Бо ҳар роҳу восита ва қатлу куштори сокинони назди марзии Ҷумҳурии Тоҷикистон сокинони қирғизтабори марзӣ, пай дар пай кушиши аз худ намудани заминҳои аҷдодии мардуми тоҷикро карда истодаанд.

Аз ин ҳолат, баъзе аз сокинони қирғизтабори кишвари мо фазои кишварамонро вобаста ба ҳаводиси байни марзии Тоҷикистону Қирғизистон нодида гирифта, вокуниши манфӣ нишон дода истодаанд. Ҳоло он, ки онҳо шаҳрванди ҶТ буда, Ватани онҳо низ Тоҷикистон мебошад ва онҳоро дар кивари ҳаммарзи мо ба мисли дигар сокинони ҷумҳурӣ чашми дидан надоранд. Онҳо намедонанд, ки аз ҷониби қирғизҳои ҳамхуни худ барои манфияти онҳо муваққатан истифода бурда мешаванд.

Ба боварии комил гуфта метавонем, ки ҳаряк фарзанди баномуси тоҷик баҳри ҳар порча замини кишвар ҷони худро даренадошта, то нафаси охирин барзиди душманони аҷнабӣ мубориза мебаранд.

Қурбоншоев А, сокини шаҳри Хоруғ

Log in

create an account